31-уми январи соли 2024 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода дар Литсейи техникӣ, Донишкадаи омӯзгорӣ ва Коллеҷи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас доданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалиятҳои рушди кишварро муайян намуда, тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод мекунад.
Парвиз Шодизода, ҳамчунин, вобаста ба ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумат ва давлат, татбиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се — чор ҳосил аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода кардани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, инчунин, таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.
Сипас, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 иброз намуд, ки мақсади пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад, он гоҳ маърифати ҳуқуқӣ ба миён меояд.
31-уми январ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар шаҳри Хуҷанд зимни мулоқотҳо бо интихобкунандагон таъкид дошт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Дар Паём дар баробари дигар соҳаҳо, масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус тандурустӣ, мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардида, умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш пайдо кардааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд, ки дар он рӯз 35 нафар шаҳрвандон вобаста ба масоили кумаки муолиҷавӣ, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, баҳси замин, ободии маҳал, таъмин бо ҷойи кор ва ғайра муроҷиат намуданд. Ба масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимни мулоқоти навбатӣ вакили Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он — хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.
Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум ба андозаи 62 фоиз дар соли 2023 паст карда шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ карда шуданд.
Инчунин, ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ амалисозии нақшаю барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.
- Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат машғул шавем. — таъкид намуд вакил.
Мавсума Муинӣ дар фарҷом ба саволҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон