Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№129 (4549) 19.10.2022

 17 октябри соли 2022 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Кӯлоб-37 Шарифҷон Ҳакимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

вохури кулоб 2Шарифҷон Ҳакимзода оид ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ барои фасли сармо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи дурусти насли наврас ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуда, сипас ба саволҳои интихобкунандагон посух гуфт.

 17 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён низ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Кӯшониён -27  Шодиён Муҳаммад бо фаъолони ноҳия доир гардид.

кушониён вохуриДар он иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самаранок истифодабарии замин, ҷамъоварии ҳосили пахта, омодагиҳо ба кишти тирамоҳӣ, иҷрои босифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода, Гавҳарбону Шарофзода, Сумангул Тағойзода ва Гулбаҳор Ашӯрзода низ ҳамин гуна вохӯриҳо баргузор шуданд.

Инчунин, 17-уми октябри соли ҷорӣ дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суҳбату вохӯриҳои судманд миёни сокинону интихобкунандагони маҳаллаи Шафақ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Меликзод иштирок намуда, доир ба ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар шароити мураккаби ҳозираи ҷаҳон, рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас андешаронӣ карданд.

Сипас, интихобкунандагон бо дархосту саволҳо ба вакилон муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Санаи 17-уми октябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил ва Шамсиддинзода Мавзуна низ дар шаҳри Исфара бо кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва фаъолони соҳаҳои дигар дар Маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мулоқот доир намуданд.

вохури исфараВакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуданд, ки соҳаи илм ва маориф таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор дошта, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шудааст, чунки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба низоми тарбияи насли наврас ва сатҳи касбияти мутахассисон вобастагии амиқ дорад.

Муҳамадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон