Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№12 (4595) 12.01.2023

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Раҳматзода, Насиба Содиқӣ, Ҷамшед Муртазозода ва Файзулло Наҷмидиниён дар шаҳраки Нуъмон Розиқ ва ҷамоатҳои деҳоти Абдулло Абдулвосиев, Бозорбой Бурунов, Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, «Баҳор», «Гулистон», «Чорсӯ», «Симиганҷ», «Чӯянгарон», «Ромит» ва дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарони идораву ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳои шаҳри Ваҳдат бо интихобкунандагон мулоқот карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот оид ба муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз ҷумла раванди амалишавии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таваҷҷуҳ ва маблағгузориҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон, пешбинӣ гардидани зиёдшавии маоши хизматчиёни ҳарбӣ, соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, стипендия ва нафақа суҳбат оростанд.

Зимни вохӯриҳо, инчунин, нуктаҳои дигари муҳими Паёми Роҳбари давлат оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзу таҳкимбахшии пояҳои истиқлолияти давлатӣ, оромию осудагии кишвар, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, даъват ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла ғалла, картошка, маҳсулоти гӯштӣ, тухм ва равған, вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, шудгори саривақтии замин ва оғоз бахшидан ба кишти барвақтӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ба самъи сокинону интихобкунандагон  расонида шуд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон мақсаднок истифода бурдани неруи барқ, пешгирии талафот ва сари вақт пардохт кардани маблағи онро низ таъкид карданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»