Нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди қонунгузорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон

№110 (3904) 08.09.2018

НасридинзодаВожа ё иборае, ки охирҳои садаи гузашта ва оғози садаи навин барои ҷомеаи Тоҷикистон муқаддас ва муҳим ба ҳисоб меравад, Истиқлолияти давлатӣ мебошад, зеро баъд аз ҳазор соли таназзули давлати тоҷикон – Сомониён миллати тоҷик тавонист бори дигар соҳиби давлати миллӣ гардад ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд. Аз ин рӯ, падидаҳое чун истиқлолият, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, давлати миллӣ ва ғайра барои миллати тоҷик азизу муътабар ва пурарзиш ба ҳисоб мераванд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Кишвар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нобасомонӣ ва носозгориҳо рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, хиради азалии мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик боис гашт, ки дар муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шавад. Дар хомӯш намудани оташи ҷанг ва пойдориву устувории ваҳдату муттаҳидии миллати тоҷик ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ хеле бузург аст. Бо қатъият иброз медорем, ки агар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти сулҳовару сулҳдӯст ва сулҳофар, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба миллати тоҷик армуғон намеовард, барқарории Истиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, ободии Ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинон имрӯз дар гумон буд. Бидуни шакку шубҳа, гуфтан мумкин аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишвар ба Истиқлолияти давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевосита дорад.

Яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикис­тон ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад. Бо шарофати ин сиёсат Тоҷикистон марҳила ба марҳила дар арсаи ҷаҳон мавқеи шоиста пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунро бо кишварҳои дунё ба роҳ монда тавонист.

Истиқлолияти давлатӣ боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва беш аз 50 созмони дигари байналмилалию минтақавӣ пазируфта шавад.

Дар 27 соли соҳибдавлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо хеле равшану возеҳ мебошанд, ки асосан, туфайли иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Замони соҳибихтиёриро чун давраи пешравиҳо, ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама бахши ҳаёти ҷомеа унвон кардан мумкин аст. Аз ҷумла, бахши қонунгузорӣ низ дар ин давра рушду нумӯ ёфт. Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти нави қонунгузорӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар ҷумҳурӣ парламенти касбӣ ба вуҷуд омад. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои душвори мамлакат тамоми масъулиятро бар дӯш гирифта, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро амиқ муайян ва минбаъд роҳандозӣ мекард, аввалин таҷрибаи сиёсӣ дар бахши ташкили мақоми тозабунёди қонунгузор маҳсуб мешуд.

Дар солҳои ба эътидол омадани вазъи ҷумҳурӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми касбии қонунгузор табдил ёфта, теъдоди зиёди қонун ва кодексҳоро қабул намуд, ки барои рушди минбаъдаи ҷомеа нақши муҳим доранд. Бо афзун гардидани таҷриба фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олӣ, бо дарназардошти тағйироти ҷомеа, давра ба давра такмил ёфт ва сифати қонунҳо беҳтар шуд.

Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву осоиштагӣ парлумони кишвар ҳамчун инъикоскунандаи таърих ва анъанаҳои миллӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ бо роҳи маслиҳату машварат фаъолиятро амалӣ карда истодааст.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти қонунгузории парламенти Тоҷикистон идомаи сиёсати ҳуқуқии давлат оид ба рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бештар нигаронида шуда буданд (ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Чунин ҳолат замина ва сабабҳои муайяни таърихӣ дошт, ки яке аз онҳо но­оромӣ дар кишвар буд. Айни замон қонунҳо бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра нигаронида шудаанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, ҳамчун арзишмандтарин ва бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Он нахустин Конститутсияи кишвар дар даврони соҳибихтиёрӣ аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул шудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳрвандон тавонистанд, ки се маротиба бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид созанд ва чандин маротиба дар интихоботи Президенти мамлакат ва вакилон иштирок карда, Роҳбари давлат ва вакилонро дар асоси принсипҳои интихоботии умумӣ, баробар, мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб намоянд. Яъне, Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки дар тафаккури мардум фарҳанги ҳуқуқи интихоботӣ ташаккул ёбад.

Лозим ба таъкид аст, ки рушди қонунгузорӣ ба фаъолияти созандаи парлумони касбӣ пайванд аст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият тавонист ҳамкориро бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монад. Аз ҷумла, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар сатҳи хеле олӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ қонунҳои моделӣ қабул карда мешаванд, ки барои такмили қонунгузории кишварҳои аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун намуна хизмат мекунанд.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ истилоҳи қонуни миллӣ ба вуҷуд омад, ки ифодагари анъана ва табиати миллати тоҷик аст. Аз ҷумла, дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардиданд, ки сирф хусусияти миллӣ доранд ва мансуб ба миллати тоҷиканд. Имрӯз таҷрибаи қонунофарии миллати тоҷикро дар ин самт дигар давлатҳои дунё истифода бурда истодаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими дигар, ки барои рушди қонунгузорӣ заминаи боэътимод гузошт, банақшагирии рушди қонунгузорӣ аст, ки дар асоси консепсия, стратегия ва барномаҳо ба роҳ монда мешавад. То кунун даҳҳо санад қабул шудааст, ки аз миёни онҳо «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»-ро махсус қайд намудан зарур аст. Он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми феврали соли 2018 таҳти №1005 қабул гардид.

Мувофиқи консепсияи зикргардида, меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.

Ба масъалаи забони қонун ва истилоҳоти ҳуқуқӣ низ беш аз пеш диққат дода мешавад, зеро забони қонун яке аз пояҳои асосии баланд бардош­тани сифат ва мазмуни он мебошад. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ истифодаи калимаю истилоҳоти дурусти ҳуқуқии тоҷикӣ дар қонунгузорӣ мебошад, ки ин масъала низ рӯз то рӯз ҳалли худро ёфта истодааст. Ба ибораи дигар, дар даврони истиқлолият низоми ҳуқуқии миллӣ ташаккул ёфт. Кодификатсия ва мураттабсозии қонунгузорӣ низ сатҳу сифати навро касб намуд. Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, андоз, гумрук, меҳнат, тандурустӣ, манзил, об, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ ва ғайра маҳсули даврони истиқлолиятанд.

Даврони истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқии инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид. Теъдоди зиёди санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Яъне, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дастоварди замони истиқлолият аст. Дар ин раванд мавқеи асосиро санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ишғол мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро тасдиқ намудааст. Ҳангоми тасдиқи санадҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳувияти миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардум ба эътибор гирифта мешаванд.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ боиси ташаккули низоми қонунгузорие гардид, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ мавқеи марказӣ доранд. Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат кард. Масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон низ аз ҳамон ҷумла аст.

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон