Муҳокимаи парламентӣ

Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи миллии рушд

№152 -153 (3789 - 3790) 23.12.2017

DSC_087315 декабри соли равон дар мавзӯи «Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар амалисозии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ раванди демократикунии ҷомеа ва давлатдории миллии нав хуб ҷараён дорад. Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими низоми демократӣ, дар баробари ниҳодҳои давлатӣ, саҳми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ хеле калон аст.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустами Шоҳмурод зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ алҳол 2500 ташкилоти ғайридавлатӣ ба қайд гирифта, барои иҷрои мақсадҳои оинномавиашон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

- Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ аксарияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкории зич бо Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини сулҳу ризояти миллӣ дар кишвар, тавсеаи арзишҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд фаъолияти худро оғоз намуданд, — гуфт узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаб­батшо Рӯзадор. — Дар шароити демократия татбиқи ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бе ширкати фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз имкон берун аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳанӯз мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шуури сиёсии қишрҳои гуногуни ҷомеа мақоми зарурӣ пайдо накардааст. Гузашта аз ин, масъалаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои милливу этникӣ ва омилҳои дигари мусоидаткунанда барои густариши фаъолияти он пурра омӯхта нашудааст. Аз ин рӯ, мутахассисону коршиносон бояд роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо намоянд.

Муҳаббатшо Рӯзадор зикр намуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ, иштироки ниҳодҳои он дар омӯзишу амалӣ сохтани барнома ва лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад.

Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкориҳои судманду созандаи сохторҳои давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқи талаботи замон ҳадафмандона буда, ба таҳкими ҳамаҷонибаи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули шуури худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони кишвар равона гардидааст.

Раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикис­тон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Шамсиддин Каримов гуфт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои ҳаллу фасли босамари масъалаҳо, мушкилоти ҷомеаи кишвар ва боз ҳам баландтар бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон аст.

- Фароҳам сохтани шароити мусоид барои шаҳрвандон ҷиҳати ширкат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии солим, ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ, баррасӣ ва арзёбии муҳимтарин барномаҳои давлатии инкишоф дар ҷараёни таҳия ва татбиқи онҳо, иштироки бевосита дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа нигаронида шудаанд, аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо буда метавонанд, — гуфт Шамсиддин Каримов. — Имрӯз соҳае нест, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат наварзанд. Ҳиссаи онҳо, махсусан дар бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони мамлакат, назаррас аст.

Аввалин марказҳои бозомӯзии замонавӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани кумакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат бо истифода аз васоити муосир барои кормандону хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо, мусоидат ба истифодаи комил аз манбаъҳои алтернативии неруи барқ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар номгӯйи нопурраест, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 25 соли охир бо онҳо сарукор доранд, — афзуд Шамсиддин Каримов.

Сипас, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Ёдгор Файзов, Бахтиёр Абдуҷабборов, Санавбар Раҳимова, Шаҳло Акобирова, Бӯрибек Бӯрибеков ва дигарон дар бораи роҳҳои беҳтар намудани нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар рушди устувори кишвар пешниҳодоти ҷолиб баён намуданд. Ҳамчунин, дар бораи монеаҳои рушди фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ сухан ронда, таъкид карданд, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз хусусияти ғайритиҷоратӣ доштан, ҳанӯз ҳам маҷбуранд, ки барои аз қайди давлатӣ гузаштан маблағи ­муайянеро пардохт намоянд ва то як моҳ интизорӣ кашанд, дар ҳоле ки сабти номи сохторҳои тиҷоратӣ ройгон аст ва дар давоми 3 рӯз масъалаи аз қайди давлатӣ гузаштани онҳо ҳал мешавад. Тибқи тағйирот ба Кодекси андози ҷумҳурӣ то 10 фоизи даромади соҳибкорон ва шахсони алоҳида аз фоида ба ҳисоби созмонҳои ғайридавлатӣ ҷиҳати дастгирии онҳо ба таври мақсаднок гузаронида бояд шавад, аммо ин нишондоди қонун дар амал татбиқ намегардад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зикр намуд, ки Парламент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор чораҳои зарурӣ андешиданд, то ки ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонад саҳми муносиби худро дар он гузорад.

Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) таъкид намуда буданд: «Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Дар хотима вобаста ба таклифу пешниҳодоти иштирокчиён қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ