Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Намунаҳои саноатӣ ҳимоя мешаванд

№152 (4258) 19.12.2020

Зеро Протокол оид ба ҳифзи онҳо ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994 тасдиқ гардид

DSC_0319Шонздаҳуми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин ва дигар даъватшудагон иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар хусуси Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башар­дӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

2. Дар бораи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Файзуллоев М. Қ

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Усмонзода Х. У.»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Усмонзода Х. У.».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Дар хусуси Мубодилаи ­ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дода мешавад. Марҳамат.

МУҲСИНЗОДА Ғафур Муҳсин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҳоло ҷаҳон бо бемории сироятии COVID-19, ки бисёре аз меъёрҳои зиндагии одамонро тағйир додааст, мубориза мебарад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваю воситаҳоро барои аз байн бурдани беморӣ сафарбар карда, бо дарназардошти таҷрибаи дигар кишварҳо, чораҳои пешгирии онро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳатто ҳукуматҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои пешгирии ин беморӣ мушкилӣ мекашанд ва ҷиҳати коҳиш додани паёмадҳои иқтисодии COVID-19 кумакҳои калони молиявӣ ҷудо менамоянд.

Бо дарназардошти вокуниши саривақтӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии бемории COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор кӯшиш менамояд, ки маблағҳои грантиро ҷалб намояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаи фаврӣ оид ба омодагӣ барои таҳдиди бемории COVID-19 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия шудааст. Маблағи умумии он 600 миллион йени ҷопониро ташкил медиҳад, ки ба 5,8 миллион доллари ИМА баробар буда, пурра грант мебошад.

Пайдоиши беморӣ нишон дод, ки бархе аз муассисаҳои тиббӣ аз норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин, нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизмат­расонии пурраи тиббӣ танқисӣ мекашанд. Қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо ҳанӯз аз замони шӯравӣ мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобату хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ, таҷдиди маҷмӯиро талаб менамояд. Бинобар ин, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония ниҳоят муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Лоиҳаи санади зикршуда аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мувофиқа шудааст. Муқаррароти созишнома бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, зарурати ба он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад.

Он тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидов Фозил Саидович дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ 19 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Зеро ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки санади мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯс­тонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID-19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дода мешавад. Марҳамат.

СОЛЕҲЗОДА Ашурбой Абдувоҳид: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994» ҷиҳати гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқи он мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия шудааст.

Он, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ ба имзо расидааст, ба таъмини манфиатҳои мутақобилан судманд ва ҳамкориҳо дар соҳаи рушди моликияти саноатӣ, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ ва сатҳи рақобатпазирии корхонаҳо дар давлатҳои аъзои конвенсия мусоидат менамояд.

Инчунин, ба Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо дарназардошти шарикии стратегӣ бо давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ, ба афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар мутобиқ буда, ба сиёсати дохилии кишварҳои минтақа ва ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо таъсири манфӣ намерасонад.

Протокол низоми бақайдгирии минтақавии намунаҳои саноатиро танзим намуда, барои ҳифзи намунаҳои саноатии давлатҳо – аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ, яъне, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Федератсияи Россия равона гардидааст ва ин низом пешниҳоди аризаро бо як забон ва супоридани боҷи ягонаро пешбинӣ менамояд.

Тасдиқи ин санад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои молиявӣ меорад, соҳибкорон ва эҷодкорони кишвар дастгирӣ меёбанд ва дар сурати амалишавии он 80 фоизи маблағҳои умумии ҳифзи намунаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ, ба кишварҳои аъзо ворид мегарданд. Ҳамчунин, соҳибкорони ватанӣ бо низоми содакардашуда ва тахфиф намунаҳои саноатиро дар дигар кишварҳо ҳифз менамоянд.

Муқаррароти протокол ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ, бахусус намунаҳои саноатӣ, дар асоси принсипҳои баробарӣ ва манфиатҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ мусоидат менамояд.

Тибқи банди 13 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қарори зикршуда мавриди арзёбии дохилиидоравӣ қарор гирифта, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Лоиҳаи пешниҳодшуда хароҷот аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

АҲМАДЗОДА Бахтиёр Ҳикматулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ (аз 9 сентябри соли 1994), 9 сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Париж оид ба ҳимояи моликияти саноатӣ 25 декабри соли 1991 ворид шуда, имконияти таъминоти ҳифз ва ҳимояи объектҳои моликияти саноатиро дар хориҷи кишвар пайдо намуд.

Протокол низоми бақайд­гирии минтақавии намунаҳои саноатиро муқаррар намуда, моҳияти он вобаста ба гирифтани иҷозати ҳифзи намунаи саноатӣ дар якчанд давлати аъзои Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ бо ариза ба як забон ва бо супоридани боҷи ягонаи корбарӣ шароит фароҳам меоварад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 9 декабри соли 2020 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Протокол ба моддаҳои 10, 40 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ба моддаҳои 10, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» оғоз мекунем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Латифзода Рустам Барот ва Ахмедов Мирзоанвар пешниҳод гардидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» соли 2007 қабул гардида, то ҳол рисолат иҷро мекунад. Аз тарафи дигар, аз давраи қабули он таҷдиди муносибатҳо вобаста ба замин ва заминсозӣ идома дошта, фаъолияти соҳа бояд ба талаботи замони муосир ва дигаргуниҳои дар ҳаёти иқтисодию ҷамъиятӣ рухдода мутобиқ гардонида шаванд.

Мақсад аз пешниҳоди лоиҳа мутобиқгардонии қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мебошад.

Дар лоиҳаи қонун мушаххас кардани мафҳумҳои «объектҳои заминсозӣ» ва «барқарорсозии замин», принсипҳо, мақсадҳои заминсозӣ, бартараф намудани мухолифат ва номукаммалӣ дар таълифи меъёрҳо, номувофиқатӣ байни қонуни амалкунанда ва қонунгузории нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва меъёрҳои таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин пешниҳод шудаанд.

Дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 таҳти № 175 лоиҳаи қонун барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонун тамоми расмиёти дохилиро гузашт. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 27 таклифи пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 22 — тоаш қабул карда шуданд.

Дар асоси таклифу пешниҳодҳо мафҳуми «объектҳои заминсозӣ», моддаи 4, қисми 1 моддаи 14 такмил дода, қисми 6 хориҷ карда шуд.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон», матни лоиҳаи қонун бо риояи услуби расмии забони адабӣ такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 12, 13 ва 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 (техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надош­та, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ дода мешавад. Марҳамат.

ХОҶАЗОДА Ориф Ашӯрӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Рустам Латифзода ва Мирзоанвар Ахмедов таҳия гардидааст, саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 таҳти № 175 ва супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2020 лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, таклифу пешниҳодро тавассути Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд, ки онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи заминсозиро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар раванди фаъолияти заминсозӣ байни иштирокчиёни он ба танзим медарорад. Инчунин, принсипҳои заминсозӣ дар таҳрири нав фаҳмо таҳия шудааст, ки ба пешрафти кор мусоидат менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Барои баррасӣ ­масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

БОБОҶОНИЁН Ранохон Маҳмудзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ду қисм иборат буда, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Э., Р. Шоҳмурод, Муртазозода Ҷ., Мирзозода М., Азимзода Т., Раҷабзода Р. ва Сафарзода Б. таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар асоси хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои зикргардида, ки ба як қонун дахл доранд, бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагон муттаҳид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии он бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон омода гардидааст.

Лоиҳа аз 31 қисм иборат буда, тибқи он, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 моддаи нав илова, як боб дар таҳрири нав ифода ва ба 35 моддаи кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст. Ин тағйиру иловаҳо асосан хусусияти меъёрӣ, моҳиятӣ, мазмунӣ ва услуби забони давлатӣ доранд.

Тибқи лоиҳаи қонун, номгузории моддаи 7 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба мазмуну матни ҳамин модда мутобиқ гардонида мешавад, зеро дар моддаи 7 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ номгузории ин принсип дар шакли маҳдуд, яъне, «Татбиқи адолати судӣ», пешбинӣ шудааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адолати судӣ аз ҷониби суд ва аз номи давлат бо тартиби муқаррароти қонун амалӣ карда мешавад, на ин ки татбиқ мегардад. Бинобар ин, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон номгузории моддаи 7 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба мазмуну матни ҳамин модда, инчунин, ба моддаҳои 2, 20-23 ва 33 кодекси мазкур мувофиқат карда, дар шакли нисбатан васеъ номгузорӣ мешавад. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав — 352 ва 771 илова карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тартиби баррасӣ кардани мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 351 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян карда мешавад. Амалҳои тафтишӣ бошанд, бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, вале тибқи кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тартиб ба таври пайдарҳамии мантиқӣ ва фарогирии ­масъалаҳое, ки иҷозати судро талаб менамояд, пешбинӣ нашудааст, ки дар амалия боиси аз рӯи шабоҳати қонун татбиқ кардани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз ин рӯ, зарурати пешбинӣ шудани меъёри махсус, ки тартиби гирифтани иҷозати судро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ муайян менамояд, ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав – моддаи 352 (Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ), ки аз 8 қисм иборат мебошад, илова карда мешавад.

Бо дарназардошти муқаррароти моддаҳои 19 ва 92 Конститутсия ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, бо мақсади амалисозии бевоситаи принсипи таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва талаботи моддаи 22 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, моддаҳои 8 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» дар механизми роҳ дода шудани адвокат ба парванда ба моддаи 49 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» тағйирот ворид карда мешавад, ки тибқи он, ҳимоятгар ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ роҳ дода мешавад.

Дар моддаи 57 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис ҳамчун яке аз субъектҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ нишон дода шудааст, ки фарогири мақсади ҷалб ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мутахассис мебошад, вале масъалаҳои нишондод ва хулосаи ӯро ҳамчун далел дар бар нагирифтааст. Бинобар ин, дар лоиҳа ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи нав – «Моддаи 771 (Хулоса ва нишондоди мутахассис) пешбинӣ шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи лоиҳаҳои мазкур, сархати якуми қисми 2 моддаи 53, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 111, қисми 3 моддаи 124, матни моддаи 270 ва ҷумлаи чоруми қисми 6 моддаи 410 дар таҳрири нав ифода ва сархати дуюми қисми 4 моддаи 46, ҷумлаи дуюм қисми 2 моддаи 49, қисми 4 моддаи 91, ҷумлаи панҷум қисми 2 моддаи 111 ва ҷумлаи дуюм қисми 4 моддаи 403 иловаҳои дахлдор ворид мегардад, ки барои такмили меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 таҳти №178 ва №179 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, аз тарафи онҳо ҷонибдорӣ ёфт. Инчунин, 62 таклифу пешниҳод ба унвони кумита манзур гардид, ки аз онҳо 50 таклиф пурра ва 7 таклиф қисман қабул шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1, 2, 5, 17 ва 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва моддаҳои 2, 14 ва 19 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ аз 19 декабри соли 1966 дар мавриди мурофиаи одилонаи судӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мувофиқ аст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур Саломович дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Шоҳмурод Р., Муртазозода Ҷ., Мирзозода М., Азимзода Т. ва Раҷабзода Р. пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин, татбиқи муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳа, дар сархати якуми қисми 2 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» калимаҳои «ё иҷозатномаи пешбурди фаъолияти адвокатӣ» ба калимаҳои «ва шаҳодатномаи адвокатӣ» иваз карда мешавад, яъне, пас аз қабул гардидани қонуни мазкур, ба адвокат дар асоси пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ барои мулоқот иҷозат дода мешавад.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 таҳти №176 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаи масъул 10 ноябри соли 2020 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ онро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба моддаҳои 1, 5 ва 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айдоршаванда ва судшаванда»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич» мегузарем.

Вакилони арҷманд, ҳамаи шумо Файзуллоев Машрабро мешиносед. Шахсияти кордону ботаҷриба буда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Ягон савол ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Усмонзода Хайриддин Усмон» шурӯъ менамоем.

Ягон савол ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Усмонзода Хайриддин Усмон» мегузарем.

Ягон савол ё пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардиданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст?

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам. Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ