Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА: «Ҳифзи манфиатҳои давлат вазифаи ҷонии мост»

№13 (4753) 26.01.2024

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Роҷеъ ба баъзе нуктаҳои Паём хабарнигори рӯзнома бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Холбойзода ҳамсуҳбат шуд.

- Аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат Шумо чӣ гуна таассурот бардоштед?

- Мардуми Тоҷикистон ҳар сол Паёми Пешвои миллатро бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро онҳо медонанд, ки дар он вазъи воқеии ҳаёти имрӯза таҳлил гардида, баҳри рушди минбаъда аз ҷониби Сарвари давлат иқдому пешниҳодоти нав ироа мегардад. Паёми навбатӣ низ боиси таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон, гардид. Дар оғози суханрониашон Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Соли 2023 барои Тоҷикис­тон, бо вуҷуди мураккаб­шавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксолию камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт».

Табиист, ки ин чораю тадбирҳо баҳри рушди минбаъдаи кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Чунончи, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Дар робита ба ин Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молия ва андозро густариш бахшида, дар муҳлати наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

- Дар Паёми навбатӣ низ ба раванди амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Шумо, ки узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ҳастед, мегуфтед, ки баҳри фаъолияти бонизоми соҳаҳои мазкур чӣ гуна заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст?

- Воқеан, тавре дар Паёми Президенти кишвар таъкид шуд, солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

«Умуман, дар замони соҳиб­истиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем», — гуфтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон, қайд шуд, ки «Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард».

Мавриди зикр аст, ки аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия тайи солҳои охир дар баррасии як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок дош­танд. Аз ҷумла, соли 2022 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2023 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дошта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

- Таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳадафи стратегӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ба роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбута баҳри таъмини ҳар чӣ бештари аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

- Бале, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар кишвар талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳон таҳаввулоти зиёд, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодиёту тиҷорат, ба амал омадааст ва занҷирҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот канда шудаанд. Дар баробари ин тағйирёбии иқлим ба рушди бисёр соҳаҳо монеа эҷод карда, мушкилоти зиёде ба бор омадааст. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои муассир меандешад. Дар робита ба ин, тавре дар Паём қайд шуд: «Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати ­софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум-5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот-9, полезӣ-17,5, меваҷот-10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра саршумори чорвои калон 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст. Бо мақсади идома додани ин раванд Ҳукумати мамлакат ба масъалаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва содироти маҳсулоти он диққати аввалиндараҷа диҳад. Илова бар ин, дар самти ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, ҳалли масъалаи эътирофи сертификати сифат дар доираи савдои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик ва ташаккули «долони сабз»-и бо технологияҳои рақамӣ муҷаҳҳаз тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.».

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ­ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъват карданд, ки баҳри такмили пайвастаи қонунгузорӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона созанд.

- Воқеан, таъмини рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Дар ин замина, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад». Пешвои миллат дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишварро натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат арзёбӣ карданд.

«Ба шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари ­худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ — Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.». Ин муроҷиат ва даъвати Пешвои миллат масъулияти моро баҳри иҷрои вазифаҳои дарпешистода дучанд мекунад, зеро он ба бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар равона гардидааст. Дар ин замина Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ба низому тақвияти давлатдорӣ, амалӣ гардидани нақшаю барномаҳои созандагӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳо, дар маҷмӯъ, боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

- Нуктаҳои дар Паём зикрёфта, албатта, зимни мулоқоту вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.

- Бале, ҳар сол бо ироаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мо — вакилон ба шаҳру ноҳияҳо рафта, бо мардум вохӯриҳо доир менамоем ва нуктаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ медиҳем.

Дар фарҷоми мусоҳиба ман мехостам аз даъвати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ёдовар шавам, ки барои мо — вакилон ва умуман, шаҳрвандони кишвар дастури раҳнамунсоз аст: «Дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд… Бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»