Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишин иваз гардиданд

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

DSC_103711 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар дар толор иштирок доранд. Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикис­тон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват гардиданд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон ба мо зарур аст, ки шумора ва ҳайати котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбати он таклифҳои иловагӣ бошад, марҳамат изҳор намоед.

Бо инобати пешниҳоди баёнгардида, лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот Бобобекова Меҳринисо ва аъзои котибот Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон ва Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич интихоб гардиданд. Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраргардидаи худро ишғол намоянд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва қабул намоем. Лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он таклиф ё пешниҳод доред? Ба овоз мемонам.

Лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд»

23. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода С. О.»

24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода А. Н.»

25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода А. Н.»

26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдураҳмон Қодирӣ бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Алибердиева Қ. Х.»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Набизода Наим»

29. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Алибердиева Қ. Х.»

30. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Набизода Наим»

31. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ»

32. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳмон Қодирӣ».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Ку­ми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода меша­вад. Мар­ҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро баррасӣ намуд.

Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018 қабул намудааст.

Қонун баҳри иҷрои талаботи тавсияҳои 3, 5, 7 ва 21 Гурӯҳи тат­биқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм ва санадҳои дахлдори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Бо ҳамин мақсад ба моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷазоро дар намуди мусодираи молу мулк пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид гардида, ба он 7 моддаи дигар илова карда шудааст. Минбаъд ҷазои мазкур метавонад нисбат ба шахсоне низ таъин карда шавад, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 1302, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945 ва 4011 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудаанд.

Ҳамчунин, моддаи 397 кодекс дар таҳрири нав ифода гардида, таркиби ҷинояти муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳн намудани силоҳи қатли омро пурра ва мукаммал гардонидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 апрели соли 2018 қабул намудааст. Он бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, таъмини ҳифзи манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул шудааст.

Ҳамин тавр, ба як қатор моддаҳои Кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Мувофиқи он, ҳабси молу мулк минбаъд ба сифати чораи маҷбурии мурофиавӣ барои таъмини иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ низ татбиқ мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади баланд бардош­тани масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти бехатарии иншооти гидротехникӣ ва муайян намудани ҷавобгарии маъмурӣ дар соҳаи мазкур қабул шудааст.

Ҳамин тариқ, ба кодекс таҳти рақами 231 боби нав бо номи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» илова шудааст, ки аз чор модда иборат мебошад.

Мувофиқи он минбаъд барои кирдорҳои зерин ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мешавад:

- риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;

- монеъ шудан ба воридшавии шахсони мансабдори мақомоти дахлдор ба иншоотҳои гидротехникӣ;

- дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани эъломия ва маълумот ба мақомоти назорати давлатии бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Қонун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи сирри давлатӣ» қабул шудааст.

Бо ин мақсад, ба кодекс моддаҳои 3261 ва 4641 ворид карда, тибқи онҳо, минбаъд барои кирдорҳои зерин ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад:

- ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ;

- идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт барои иштирок дар чунин пойгаҳо;

- додани иҷозати воридшавии ноболиғ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ.

Ғайр аз ин, ном ва диспозитсияи моддаи 338, инчунин моддаи 506 Кодекс дар таҳрири нав қабул шуда, мувофиқи онҳо минбаъд барои кирдорҳои зерин низ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда мешавад:

- идора намудани воситаи нақлиёт бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст;

- махфигардонии маълумоте, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» махфӣ гардонида намешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади муайян намудани мақоми давлатие қабул шудааст, ки ба зиммаи он баррасии парвандаи маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гид­ротехникӣ вогузор карда мешавад. Бо ҳамин мақсад ба кодекс моддаи 1151 илова шудааст.

Мувофиқи он, минбаъд Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро баррасӣ менамояд, ки дар моддаҳои 4011 то 4041 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз ­мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ гардонидани қисмҳои дахлдори моддаи 71 Кодекс ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шудааст.

Ҳамин тариқ, ба як қатор моддаҳои кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Онҳо доираи мақомоти давлатиеро муайян менамоянд, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин ҷазои маъмурӣ таъин менамоянд:

1. Барои ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ;

2. Барои аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба:

- клубҳои шабона;

- дискоклубҳо;

- толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок;

- марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба шумор меравад. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» пешниҳод карда мешавад.

Қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 қабул намудааст.

Он ҷиҳати мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшуӣ ва маблағгузории терроризм ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул шудааст. Бо ин мақсад, ба қисмҳои дахлдори моддаи 8 қонуни амалкунанда тағйироту илова ворид карда шудааст. Мувофиқи он, минбаъд танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нисбат ба ташкилоти суғуртавӣ ба зиммаи Бонки миллӣ вогузор мегардад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод карда мешавад.

Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 қабул намудааст.

Он масъулияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим муқаррар менамояд. Бо ин мақсад ба қисми 2 моддаи 15 қонуни амалкунанда ҷумлаи дуюм илова карда шудааст. Мувофиқи он, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ минбаъд барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.

Тағйироте, ки ба моддаҳои 7, 9, 10, 14, 22, 24, 32, 34, 36 ва 39 қонуни амалкунанда ворид карда шудаанд, хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз шумо хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 қабул намудааст.

Қонун масъулияти кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим муқаррар менамояд. Бо ин мақсад ба қисми 1 моддаи 31 қонуни амалкунанда ҷумлаи дуюм илова карда шудааст.

Мувофиқи он, минбаъд кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 қабул намудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Ҳамчунин, баҳри муқаррар кардани масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона шудааст. Бо ин мақсад, ба қисми якуми моддаи 18 қонуни амалкунанда ҷумлаи сеюм илова гардидааст.

Мутобиқи он, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи ­навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба муҳтарам Раҳмон Озода ­Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад. Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Он аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 сарчашма гирифта, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамчунин барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шудааст. Ҳамин тариқ, минбаъд муҳлати бақайд­гирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на 3 рӯз, балки 10 рӯзи корӣ муқаррар карда мешавад.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 21 феврали соли 2018 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ менамояд, инчунин тақвият додани низоми назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қабул гардидааст.

Ба моддаи 16 қонуни амал­кунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд барои таъмин намудани чорабиниҳои Барномаи мусои­дат ба шуғли аҳолӣ аз соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ низ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ҳамчунин, муқаррароти қис­ми сеюми моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба талаботи қисми дуюми моддаи 24 Қонуни мазкур ва қисми 1 моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд, ки он кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаван­даро таъмин менамояд. Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сио­нӣ, қо­­нун­ҳои амалку­нан­да муто­биқ буда, аз шумо — муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ­масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ дар ин соҳа, инчунин воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 — ум бо дастуру ҳидоятҳои бевосита ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ворид шудан ба низоми ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ва ба ин васила таъмин намудани эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ва унвону дараҷаҳои илмии шаҳрвандони кишвар дар бозори ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот корҳои зиёд ба анҷом расонид ва боз иқдомҳои дигареро роҳандозӣ хоҳад кард.

Вобаста ба гузариш ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот ба қонунгузории кишвар дар соҳаи маориф тағйироти муайян ворид гардида, мафҳумҳои нав ба монанди куррикулум (ба ҷойи нақшаву барномаҳои таълимӣ), тютор (роҳнамо), эдвайзер (устоди роҳбар), силлабус (нақшаи корӣ ва тақвимӣ), офис – регистратор (идораи низоми таълим), литсей (муассисаҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ), коллеҷ (муассисаҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ), кредит (ченаки ҳисоби вақт ва сарборӣ), кредит – соат мавриди истифода қарор дода шуда, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ низоми бисёрзинагӣ: бакалавриат, магистратура (ба ҷойи таҳсилоти олии касбии панҷсола бо додани дараҷаи тахассуси мутахассис), докторантура аз рӯйи ихтисос, доктори фалсафа, доктор PhD (ба ҷойи зинаи анъанавии аспирантура ва баъди хатми он ва дифои рисола додани дараҷаи илмии номзади илм) ва постдокторантура (ба ҷойи зинаи анъанавии докторантура, ки баъди хатми он ва ҳимояи рисолаи илмӣ ба шахс дараҷаи илмии доктори илм дода мешуд) амалӣ карда мешавад. Бинобар ин, тағйирот ва иловаҳое, ки дар қонуни мазкур пешниҳод мегарданд, маҳз ба ҳамин масъалаҳо вобастагӣ доранд.

Аз ин рӯ, дар моддаи 1 мафҳуми «докторантура аз рӯи ихтисос» ва «постдокторантура» дар ду сархати пурра илова карда шуда, фарогири шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ бо додани дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Аз ҷумла, «-докторантура аз рӯи ихтисос – зинаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (истилоҳи қабулшудаи PhD) – доктор аз рӯи ихтисос барои шахсоне, ки дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр ва барои ихтисосҳои тиббӣ магистр — ординатори клиникӣ мебошад», пешниҳод гардидааст.

Дар сархати дуюм «-постдокторантура — шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори ҳабилитат барои шахсоне, ки дорои дараҷаи академии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос мебошад», пешниҳод гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки калимаи «ҳабилитат» аз асли калимаи лотинии «habilis» — (русӣ — способный, пригодный, тоҷикӣ — қобилиятдор, муваффақ) гирифта шуда, дар соҳаи илми кишварҳои аврупоӣ — Франсия, Швейтсария, Олмон, Австрия ва ғайра ҳамчун ифодаи «доктор ҳабилитат», аниқтараш, «доктори муваффақ» маълум гардидааст. Метавон гуфт, ки дар соҳаи илми кишвар ин истилоҳ мафҳуми нав буда, дар қонунгузорӣ бори аввал қабул мешавад ва тавре дар боло қайд намудем, он ба доктори илми анъанавӣ баробарарзиш мебошад.

Ҳамчунин, дар моддаи 21 сархат оид ба «созмонҳои хонандагон» ва дар моддаи 32 низ сархати зерин – «тасдиқи низомномаи намунавии созмони хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ» (вогузоркунанда ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова карда шудааст.

Дар ин раванд ба моддаҳои 20, 23, 24, 33, 43, 44, 45 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки дар он низоми анъанавӣ ва низоми нави бисёрзинагӣ, таъсиси постдокторантура, инчунин низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва педагогӣ тибқи низоми анъанавӣ ва низоми нави бисёрзинагӣ танзим гардидааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар таҳияи он техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ риоя гардидааст.

Кумита ҷонибдории қонуни мазкурро ба мақсад мувофиқ меҳисобад бинобар ин, аз шумо хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2018 қабул намудааст.

Мақсади қонуни мазкур аз хориҷ намудани қисми 6 моддаи 10 иборат буда, масъалаи аз байн бурдани маҳдудияти имтиёзҳоеро фаро мегирад, ки дар қисми 5 ин модда номбар шудаанд. Яъне, ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ теъдоди муайяни квотаҳоро дар доираи нақшаи қабул муқаррар менамояд.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, фаро гирифтани стандартҳои байналмилалии таҳсилот, роҳандозии дараҷаҳои низоми бисёр­зинагӣ ва дар ин замина танзим намудани зинаҳои таҳсилоти баъдидипломиро муқаррар намуда, ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти таҳрирӣ, муайянкунанда ва танзимкунанда доранд. Бо ин мақсад, дар сархатҳои алоҳидаи моддаи 2 мафҳумҳои «аспирант», «доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯи ихтисос», «доктор ҳабилитат» ва «постдокторант» дар таҳрири нав ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар бандҳои алоҳидаи моддаи 25 мушаххас шудааст.

Дар сархати 1 моддаи 7, қисми 4 моддаи 12, қисми 4 моддаи 19, сархати 1 қисми 2 моддаи 21, сархати 8 моддаи 31 ва матни моддаи 8 калимаҳои «давлатии таълимӣ» ба «давлатии» ва дар номи моддаи 8 калимаҳои «давлатии таълимӣ» ба калимаи «давлатӣ» иваз карда шудаанд.

Дар қисми 4 моддаи 10, қисмҳои 13, 14 ва 15 моддаи 13, қисми 1 моддаи 27, қисми 2, 3 ва 4 моддаи 28, қисми 3 моддаи 30, сархатҳои 14 ва 25 моддаи 32 таҳрир, тағйир, такмил ва иловаҳо ворид карда шудаанд, ки матни қонунро мукаммал менамоянд.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018 қабул намудааст.

Тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, бо мақсади мутобиқ гардонидани он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии муосири байналмилалӣ ва такмил додани низоми дараҷаҳои бисёрзинагии таҳсилот пешниҳод шудааст. Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 17, 18, 19 ва 20 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки тибқи он дар баробари низоми анъанавӣ (мутахассис – номзади илм, доктори илм) дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ бакалавр, магистр, доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос, доктор ҳабилитат, шаклҳои таҳсил ва додани унвонҳои илмӣ пурра ба танзим дароварда шудааст.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2018 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ гардонидан бо муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати тартиби бақайдгирии нархи фурӯши ниҳоии маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, иборат мебошад.

Бо ин мақсад аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» ва аз моддаҳои 5, 16, 26 ва 29 калимаи «нигаҳдории» хориҷ карда, дар тамоми матни қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» ва «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ», инчунин дар моддаҳои 3, 6, 8, 16, 20 ва матни моддаи 21 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудаанд.

Дар моддаи 3 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«- Маводи дорувории асосӣ – маводи доруворие, ки талаботи афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонад».

Ба моддаи 3 сархати дуюм – «Маводи дорувории асосӣ – маводи доруворие, ки талаботи афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонад» илова карда шудааст. Ҳамчунин, ба моддаи 6, сархатҳои 14 ва 15 дар хусуси салоҳият ва муайянсозии тартиби бақайдгирии нархи ниҳоии фурӯши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, илова ворид шудааст.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи мазкур ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйироту илова ба қонуни амалкунанда дар баробари паст кардани синни масъулият аз «бистсола» ба «ҳаждаҳсола», инчунин аз муқаррар намудани пешгирии ҳолатҳои ташрифи ғайримақсадноки ноболиғон ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ иборат мебошад.

Дар ин замина, аз моддаи 3 калимаи «Сарқонун» ва аз сархати 6 моддаи 4 калимаҳои «интернет — кафеҳо, марказҳои компютерӣ» хориҷ карда шуда, дар моддаи 8 калимаи «бистсолаашонро» ба калимаи «ҳаждаҳсолаашонро», дар номи боби 4 ва қисми 1 — уми моддаи 12, ном ва матни моддаи 16 калимаҳои «танзим» ва «танзим» ба калимаҳои «баррасӣ» ва «баррасӣ» иваз карда шудаанд. Дар моддаи 8 сархати 10 бо шакли зерин «- аз соати 1800 то соати 600 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд;» илова ба матни моддаи 11 дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад ва дар таҳияи он техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ риоя гардидааст. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз мо­нда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» оғоз менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Х. Асозода, С. Шарипов, Д. Мансурӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 апрели соли 2018 қабул намудааст. Он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.

Қонун аз 9 боб ва 42 модда иборат буда, боби 1-и он муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар бар мегирад.

Боби 2 «Идоракунии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ», салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, муайян намудани меъёрҳои суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофиронро ба танзим медарорад.

Дар бобҳои 3 ва 4 ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, уҳдадории иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, уҳдадории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёт, гирифтани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт, қатъ (маҳрум) кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ва омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ, роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгард, тасниф ва истифодаи онҳо, талаботи қоидаҳо, стандарту меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, бо иншооти хизматрасонӣ таҷҳизонидани роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо аз гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори масъули сохтмон, тармим, таъмиру истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро ба танзим медароранд.

Додани иҷозат ба воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, сохти (конструксияи) воситаҳои нақлиёт, тағйир додани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёт, хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт дар боби 5 дарҷ гардидааст.

Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, маблағгузории тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва тартиби умумии ташкили низоми давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар бобҳои 6 ва 7 оварда шудааст.

Дар бобҳои 8 ва 9 вазифаҳои назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи муҳити зист, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» инъикос ёфтааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо – муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» оғоз мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва беҳтар намудани таъмини иншоотҳои гидротехникӣ қабул гардидааст. Мутобиқи он, ба қисми 1 ва 4 моддаи 10 қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо – муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гид­ротехникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 апрели соли 2018 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар сархати бистуми моддаи 2 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шуда, аз моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шудааст. Инчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 461 илова карда шудааст, ки мутобиқи он Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад. Фонди мазкур ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, маблағгузории он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оғоз мегардад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров»-ро таҳти №73 аз 1 марти соли 2018 таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Боявут ба деҳаи Сабзазор, деҳаи Тӯқузҷелак ба деҳаи Ковиён, деҳаи Қӯруқ ба деҳаи Сеосиёб, деҳаи Уяс ба деҳаи Ободдара, деҳаи Уяли ба деҳаи Навкати деҳоти «Зарҳалол», деҳаи Тошбек ба деҳаи Курушкат, деҳаи Тапқоқ ба деҳаи Бодомзори деҳоти «Гули Сурх», деҳаи Обқарчағой ба деҳаи Оби зулоли деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан, деҳаи Янги Равот ба деҳаи Работи нави деҳоти «Пӯлотон», деҳаи Қизилнур ба деҳаи Нурафшони деҳоти «Патар»-и шаҳри Конибодом, деҳаи Тол ба деҳаи Яккабед, деҳаи Кичиколчали ба деҳаи Арчазор, деҳаи Оқкур ба деҳаи Кондара, деҳаи Каттаолчали ба деҳаи Олучазори деҳоти «Чашмасор», деҳаи Терак ба деҳаи Сафедорон, деҳаи Уяс ба деҳаи Оҳучашма, деҳаи Қароҷингил ба деҳаи Заркони деҳоти «Исмоил», деҳаи Учбоғ ба деҳаи Боғи болои деҳоти Ёва, деҳаи Сотсиализм ба деҳаи Соҳилоби деҳоти «Хистеварз» ва деҳаи Максим Горкий ба деҳаи Дашти Амини деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шаванд.

Дар маҷмӯъ, зарурати иваз намудани номи деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин тозагии забони давлатӣ, арҷгузорӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забони тоҷикӣ номгузорӣ намудани мавзеъҳои кишвар баҳри тарғиби афкори ҷомеаи навин мебошад.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мухолифат надорад.

Маълумоти зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода С. О.» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд: — Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода С. О.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода А. Н.» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шарифзода А. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода А. Н.» мебошад. Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд: — Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Шарифзода А. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдураҳмон Қодирӣ бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз мебахшем.

Пешниҳод менамоям, ки муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оид ба масъалаи зикршуда лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳоди шумо гардидааст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лоиҳаи қарори мазкурро ба овоз мемонам.

 Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои қаблан ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда баррасӣ шуданд. Ба иттилои шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ расониданием, ки унвонии Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оид ба андешидани тадбирҳои ташкилӣ чанд аризаи аъзои Маҷлиси миллӣ ворид шудаанд.

Ҳоло дар кори иҷлосия то соати 15 танаффус эълон карда мешавад ва баъд аз анҷоми Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳамин толор ба кори иҷлосия бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома мебахшем.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Баҳри дақиқ намудани шумораи ширкаткунандагон аз шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ бори дигар аз қайд гузаред. Мар­ҳамат.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Ба иттилои шумо — муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ расониданием, ки унвонии Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум айни замон аризаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ, Алибердиева Қиматгул Худобердиевна ва Набизода Наим дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳояшон ворид гардидааст ва бо иҷозати шумо лоиҳаи қарори марбутаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои зикршударо ба шумо бо идома додани тартиби рақамгузории масъалаҳои баррасигардидаи рӯзнома ҳамчун масъалаҳои иловагӣ пешниҳод менамоям. Марҳамат.

Ба баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна» шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон манзури шумо гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Набизода Наим» ба шумор меравад. Оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон манзури шумо гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Набизода Наим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Алибердиева Қиматгул Худобердиевна» оғоз менамоем. Оид ба ин масъала лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Алибердиева Қиматгул Худобердиевна» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Набизода Наим» шурӯъ менамоем. Оид ба ин масъала лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия хориҷ намудани Набизода Наим» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ» оғоз менамоем. Оид ба масъалаи зикргардида лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон манзури шумо гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯз­нома – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳмон Қодирӣ» оғоз мебахшем. Оид ба ин масъала лоиҳаи қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз мансаби муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳмон Қодирӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Сухан ба раиси котибот муҳтарам Бобобекова Меҳринисо дода мешавад. Марҳамат.

 Меҳринисо БОБОБЕКОВА :

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ягон мактуб ё барқия ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баррасӣ ва қарорҳои марбута қабул гардиданд. Доир ба рафти иҷлосия пешниҳодҳо, таклифу эродҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини арҷманд, аз номи Раёсат ба раи­сони куми­таҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва онҳое, ки дар баргузории иҷлосия ва баррасии масъалаҳо ширкати фаъолона намуданд, миннатдорӣ иброз менамоям.

Ба шумо — ҳамкорон ва ҳозирини гиромӣ баҳри рушди муттасили Ватани азизамон муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум­ро пӯшида эълон менамоям.

 (Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ