Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ҷонибдории қонунҳо заминаи ҳуқуқии рушди ҷомеаро тақвият мебахшанд

№94 (4200) 06.08.2020

КоллажПанҷуми августи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ­Эмомалӣ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

Раис: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Хоҳиш менамоям бо истифода аз системаи электронии овоздиҳӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Инчунин, дар кори иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъй­пурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Мутобиқи моддаи 25-и Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем.

Сухан ба узвии Маҷлиси миллӣ Умарализода Мақсудалӣ дода мешавад. Марҳамат.

УМАРАЛИЗОДА Мақсудалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ман пешниҳод менамоям, ки ҳайати котибот иборат аз 3 нафар интихоб карда шавад.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклифи дигар нест?

Шумораи ҳайати котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеашонро муайян намоянд. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Раис: — Марҳамат, Умарализода Мақсудалӣ ҳайати котиботро пешниҳод намоед.

УМАРАЛИЗОДА Мақсудалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба ҳайати котиботи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ: Одиназода Бозоралӣ (раис), Додхудо Фаррух ва Карима Ҳакимова интихоб карда шаванд.

Раис: — Оид ба ҳайати котибот таклифи дигар нест?

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям мавқеашонро муайян созанд. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Раис: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.

Ҳоло, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Он бо қарори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои тасдиқ ба шумо пешниҳод шудааст. Таклифҳои дигар нест?

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сайёҳӣ»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ».

Раис: — Акнун лозим аст, ки мутобиқи моддаҳои 22 ва 26-и Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Таклиф аст, ки барои маърӯзачиён то 10 дақиқа, барои музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифи дигар набошад, пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 пешниҳод гардида, онро 17 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Қонун бо дарназардошти талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013-2020» ва бо мақсади муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия, инчунин, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт қабул гардида, аз 7 боб ва 36 модда таркиб ёфтааст.

Боби 1-ум мафҳумҳои асосии дар матн истифодашавандаро бо шарҳи мушаххаси онҳо, принсипҳо ва сохтори қонунгузорӣ, инчунин доираи амали қонун муайян намудааст.

Дар боби 2 салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ваколатҳои субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва дар муқовимат ба коррупсия иштироккунанда муайян ва бо дарназардошти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷалби ниҳодҳои он таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия пешбинӣ шудааст.

Пешгирии коррупсия ҳамчун унсури муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои амалигардонии он, ки мавзӯи боби 3 мебошад, тадбирҳои марбутаи анъанавӣ ва муосирро, аз ҷумла, бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муайян намудааст. Дар қатори онҳо, меъёрҳо доир ба тарғибу ташвиқ ва таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, мониторинг ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар алоҳидагӣ дарҷ гардидаанд.

Боби 4-ум меъёрҳои марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои барои коррупсия шароитоваранда ва ба коррупсия алоқамандро бо дарназардошти намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ кардааст.

Дар боби 5 меъёрҳои вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд муайян гардидааст. Меъёрҳои вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва муқаррароти ниҳоӣ бошанд, мавзӯи бобҳои 6 ва 7-и қонунро ташкил медиҳанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои пешгирии коррупсия, такмили фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла, бо иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини интизоми давлатӣ, мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти қайдҳои зикр­шуда, таклиф мегардад, ки Қонун ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

 

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) иброз намуда буданд, пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Қонун бо мақсади ҷорӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани муқаррароти баъзе аз қонунҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Дар ин замина, ба Кодекс моддаҳои 5981 ва 6051 илова ва моддаи 666 дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Мазмуни моддаҳои иловашаванда собит месозанд, ки дар сурати аз тарафи кормандони мақомоти гумрук, андоз ва ё дигар санҷишгарон қасдан рӯйпӯш кардан, кам ё зиёд нишон додани маблағи пардохти гумрукӣ, андоз ва ё дигар пардохтҳо боиси таъин кардани ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Дар моддаи 666-и Кодекс дар таҳрири нав доираи субъектоне, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани кирдори маъмурӣ кашида мешаванд, васеъ гардонида шудааст. Дар ин робита, вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо, ки боиси расонидани зарар ба молики молу мулк, созмондиҳандаи савдо, тендер, музояда, харидор ва ё дигар субъекти хоҷагидорӣ гардидааст, ҷарима ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад. Ҷазои мазкур ба шарте татбиқ карда мешавад, ки дар кирдори шахси ҳуқуқвайронкунандаи маъмурӣ аломатҳои ҷиноят ҷой надошта бошанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.    

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун аз мутобиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, инчунин, мушаххас намудани ваколати мақомоти баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат буда, дар ин замина қисми 1-и моддаи 93 ва қисми 1-и моддаи 121 Кодекс такмил дода шуда, бо ин васила баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаҳои 5981 ва 6051-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ба ваколати суд ва дар моддаҳои 599-605, 606-618 Кодекс пешбинишуда ба ваколати мақомоти андоз мансуб дониста шудааст.

Қонун барои такмили фаъолияти муназзами мақомоти баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат менамояд.

Кумита нисбати қонун эрод надорад ва хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.            

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонун тавассути пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ, ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ мебошад. Ба ин хотир, моддаҳои 245, 274, 289 ва 314 такмил дода шудаанд.

Чунончӣ, санксияи қисми 1-и моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) андозаи ҷаримаро аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян намудааст, ки ин нисбат ба матни амалкунанда, мутобиқан 115 ва 182 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мебошад. Ба ҳамин монанд, андозаи ҷарима дар қисмҳои 2, 3 ва 4 низ зиёд карда шудааст. Ҳамчунин, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар санксияи қисми 1 то се сол, дар санксияи қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан аз се то шаш, аз шаш то даҳ ва аз даҳ то понздаҳ сол пешбинӣ гардидааст.

Бо тағйирот ба қисмҳои 1 — 4 моддаи 289, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қочоқ муқаррар намудааст, ҷазо дар намудаи ҷарима вобаста ба аломатҳои таснифотӣ аз сесаду шасту панҷ то як ҳазору чорсаду панҷоҳу шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва маҳрум сохтан аз озодӣ бошад, ба муҳлати аз ду то понздаҳ сол, аз ҷумла, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб­ҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он, муайян карда шудааст.

Тибқи тағйирот ба санксияи қисмҳои 1-3 моддаи 314, ки барои суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ҷавобгарии ҷиноятии шахсони мансабдорро муқаррар намудааст, ҷазо такмил дода шудааст.

Моддаи 274 бо қисми 2 илова карда шудааст, ки тибқи он агар барқасдона вайрон кардани қоидаҳои нархгузорӣ, баргузории савдои оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нуҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. Дар ин робита, ба моддаи мазкур эзоҳ илова шудааст, ки тибқи он зарар ба миқдори калон зарарест, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо панҷсад маротиба ва зарар ба миқдори махсусан калон аз ду ҳазор маротиба зиёд бошад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ»-ро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур, ки аз 7 боб ва 38 модда иборат мебошад, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми саёҳат, муайян намудани принсипҳои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, ташаккули низоми сайёҳӣ ва намудҳои хизматрасонӣ, ҳавас­мандгардонӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои сайёҳӣ, муҳити зист ҳангоми фаъолияти сайёҳӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон қабул гардидааст. Дар таҳрири нав қабул гардидани қонуни мазкур, дар қиёс ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бартарияти зиёд дошта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сайёҳӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии рушд ва ташаккули соҳаи мазкурро муайян менамояд.

Дар боби якуми қонуни зикргардида, ки моддаҳои 1-5-ро фаро мегирад, мафҳумҳои асосӣ дар соҳаи сайёҳӣ истифода ва муфассал шарҳ дода шудааст. Сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ тавассути таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар боби 2, ки танҳо як модда, яъне, моддаи 6, шаклҳо ва намуд­ҳои сайёҳиро дар бар гирифтааст, ду шакли сайёҳӣ — сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ гардида, 21 намуди сайёҳӣ дар қонун ба танзим дароварда шудааст.

Боби сеюми қонун фарогири моддаҳои 7-11 мебошад, ки дар он салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ муфассал шарҳ дода шудааст.

Танзими давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар боби 4, моддаҳои 12-25 қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст. Тибқи моддаи 12 минбаъд барои танзими хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ Феҳристи давлатии субъект­ҳои хизматрасонии сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Бобҳои 5 ва 6 субъект­они соҳаи сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии соҳаи мазкурро дар бар мегирад ва дар он шаклҳои ташкилию ҳуқуқии субъектони хизматрасонӣ, агенти сайёҳӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, имтиёзҳо, минтақаҳои сайёҳӣ ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо, мусоидати молиявӣ ва кумаки пулӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба танзим дароварда шудааст.

Дар боби 7-ум, ки муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва аз эътибор соқит донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» пешбинӣ гардидааст.

Тибқи мазмуни моддаи 37 ҳамин боб, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории онро хоҳиш менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

ГУЛЗОДА Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 24 июни соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Қонун бо мақсади таъмини кафолати амалишавии саривақтии пардохти суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон ҳангоми расонидани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ва истифодабарии онҳо қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Дар боби якум, ки моддаҳои 1-5-ро дар бар гирифтааст, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, принсип, объектҳо ва суғуртакунии ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт пешбинӣ гардидааст.

Боби дуюм бошад, ба масъалаҳои шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бахшида шуда, моддаҳои 6 — 11-ро фаро гирифтааст. Ин боб муносибатҳоро дар самти тартиби бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, амал ва ҳолатҳои қатъ гардидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои суғурташавандаю суғуртакунанда ва ҷабрдида ба танзим медарорад.

Боби 3 тартиби мукофотҳои суғуртавӣ, андоза ва кам кардани онҳоро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба намуди воситаи нақлиёт муқаррар намудааст.

Боби 4-уми қонуни мазкур, муносибатҳоро оид ба маблағ ва пардохти суғуртавӣ дар бар гирифта, андозаи онҳоро аз рӯи меъёри муайяншуда, шарт ва тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣ ҳангоми расонидани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ҷабрдида муайян кардааст.

Дар боби панҷум, ки аз моддаҳои 18 — 21 иборат мебошад, муқаррароти хотимавӣ оид ба ҳалли баҳсҳои шатномаи суғуртаи ҳатмӣ, назорати амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур дар иртибот бо дигар меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз ҷумла, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», муносибатҳоро ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, новобаста ба навъ ва намуди воситаи нақлиёт, ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт равона гардидааст.

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдории қонуни мазкурро хоҳиш менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» шурӯъ мекунем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни мавриди назар бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 июни соли 2020 қабул намудааст.

Зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабули қонуни мазкур, аз он иборат аст, ки қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)», ки соли 2006 қабул шудааст, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти баҳодиҳӣ ба пуррагӣ танзим карда наметавонад. Дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот оид ба баҳодиҳӣ, инчунин, дигар масъалаҳои танзими фаъолияти баҳодиҳӣ муқаррар нагардидаанд.

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти баҳодиҳӣ, ҳамчунин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро новобаста ба шакли моликияташон, муайян менамояд.

Қонун аз 5 боб ва 30 модда иборат аст. Боби 1 муқаррароти умумиро дар бар мегирад, ки дар он мафҳумҳои нав, ба монанди «стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «роҳҳои баҳодиҳӣ», «субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ», «арзиши ибтидоӣ», «арзиши дигар», «Шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ», «Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ» ва «иттиҳодияҳои баҳодиҳандагони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, таъсиси Шӯрои машваратӣ ва Шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ, инчунин, тартиби ягонаи баҳодиҳӣ, стандартҳои миллии баҳодиҳӣ ва иттиҳодияҳои баҳодиҳандагони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 2 инъикос ёфтаанд.

Тибқи талаботи боби мазкур, баҳри ҳамоҳангсозии корҳои таъмини меъёрию методии фаъолияти баҳодиҳӣ ва омодакунии пешниҳодҳо дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ, инчунин, ҷиҳати гузаронидани ташхиси мувофиқати ҳисобот оид ба баҳодиҳии объекти баҳодиҳӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, Шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияти баҳодиҳӣ таъсис дода мешавад.

Ҷиҳати муқаррар намудани маҷмӯи меъёр, қоида ва талабот нисбат ба баҳодиҳӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ҷорӣ карда шудааст.

Боби 3 асос барои амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ, иҷозатномадиҳии фаъолияти ба-ҳодиҳӣ, шарту талабот барои амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ, объектҳо ва роҳҳои баҳодиҳӣ, инчунин, талаботи ҳатмӣ нисбат ба шартнома ва талаботи умумӣ барои ҳисобот оид ба объектҳои баҳодиҳӣ ва ташхиси ҳисобот оид ба баҳодиҳии объектҳои баҳодиҳиро ба танзим медарорад.

Дар доираи боби мазкур, муқаррар шудааст, ки ташкилотҳои қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ бояд дорои иҷозатнома бошанд.

Ҳангоми муайянкунии арзиши объектҳои баҳодиҳӣ, роҳҳои баҳодиҳӣ (хароҷотӣ, даромаднокӣ, муқоисавӣ) истифода карда, шарт ва тартиби истифодаи роҳҳои зикршуда ҳангоми баҳодиҳӣ бо стандартҳои миллӣ муқаррар карда мешаванд.

Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқу уҳдадориҳои баҳодиҳанда ва фармоишгар дар боби 4 ба пурагӣ дарҷ гардида, боби 5 муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2020 қабул намудааст.

Қонун ҷиҳати иҷрои банди 66 Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён дош­танд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани пешгирии манфиатҷӯӣ ва омилҳои коррупсионӣ, инчунин мустаҳкам ва назорат намудани фаъолияти кормандони соҳаи бонкӣ қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад, тағйиру иловаҳои ба қисми 1 моддаи 77 қонуни амалкунанда ворид­гардида, ваколатҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро барои додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ғайриқарзии молиявӣ, инчунин, бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаҳои додашуда аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, тибқи қисми 4 моддаи 1 Қонуни мазкур, минбаъд кормандони Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор мегарданд, ки ҳар сол дар бораи манбаъҳои даромади иловагии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Иловаи воридшуда ба қисми 6 моддаи 80 қонуни амалкунанда, минбаъд дар Бонки миллии Тоҷикис­тон якҷоя кор кардани хешовандони наздикро манъ менамояд.

Дар баробари ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Ҳангоми баррасии қонуни мазкур дар ҷаласаи Кумита, муайян гардид, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2020 қабул намудааст.

Қонун ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 ироа гардид, таҳия шудааст.

Дар мулоқоти зикршуда, масъалаҳо роҷеъ ба мушкилиҳои низоми бонкии кишвар ва зарурати андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баён гардид.

Бо ҳамин мақсад сархатҳои бистум ва бисту якуми моддаи 1-и қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудаанд, ки ба босалоҳият ва боэътимодии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шуда, ҳамчунин ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилотҳои қарзӣ фаро мегирад.

Илова бар ин, таҳрири нави сархатҳои чорум, нуҳум ва даҳуми қисми 1-и моддаи 9 қонуни амалкунанда, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатномаро барои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намуда, таҳрири сархати сеюми қисми 7 моддаи 10 бошад, тартиби гирифтани иҷозатномаи ташкилотҳои қарзиро мушаххастар намудааст.

Моддаи 21 қонуни амалкунанда ҷиҳати возеҳу мушаххас нишон додани бандҳои он, дар таҳрири нав ифода гардида, тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти идоракунии ташкилотҳои қарзиро ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, дар қисми 4 моддаи 24 таҳрир ба амал омадааст, ки самти фаъолият, ваколат ва уҳдадориҳои Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилотҳои қарзиро васеътар мегардонад.

Ҷиҳати роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ, моддаи нави 241 илова карда шудааст.

Тибқи иловаҳои ба моддаи 25 воридгардида, минбаъд пешниҳод намудани эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони ташкилотҳои қарзии давлатиро (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) ҳатмӣ менамояд.

Бо мақсади танзими ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилотҳои қарзӣ, моддаи 26 дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Дар баробари ин, моддаи 33 дар таҳрири нав ифода ёфтааст, ки ба танзими ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати сармоягузории онҳо ба дигар ташкилот равона гардидааст.

Бо ҳамин мақсад, минбаъд, ташкилоти қарзӣ наметавонад ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи шахсони ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ нестанд, ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш сармоягузорӣ намояд.

Инчунин, ба ташкилоти қарзӣ молик шудан ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа он ҷамъияти вобаста ё фаръии ташкилоти қарзӣ мегардад, бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст.

Қисми 1 моддаи 52 дар таҳрири нав, ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати назорат аз болои ташкилотҳои қарзӣ васеъ менамояд.

Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Мутобиқи қисми якуми моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд.

Тибқи хулосаи Маркази миллии қонунгузорӣ, қонуни мазкур мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор нагирифтааст.

Дар баробари ин, мувофиқи кисми 3 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ баъзе аз санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ озод намояд.

Бо дарназардошти муқаррароти зикршуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро пешниҳод намудааст, ки он ба устувории низоми бонкии кишвар ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ нисбати бонкҳо равона шудааст.

Нисбати қонуни зикршуда қайд менамоем, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи охир — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

ҶУМЪАЗОДА Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни соли 2020 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар кишвар мебошад.

Чунончӣ, ба моддаи 4 қонуни амалкунанда як қатор иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ба пешгирии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

Дар баробари ин, дар моддаи 7 қонуни амалкунанда қисми 12 илова гардидааст, ки мувофиқи он, субъектҳои низоми пардохтии Тоҷикис­тон уҳдадоранд хавфҳои мавҷудбуда ва эҳтимолии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро бо истифода аз усулҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи технологияҳои нав ошкор намуда, чораҳои заруриро барои назорат ва кам кардани онҳо амалӣ намоянд.

Тибқи қисми 7 моддаи 1 қонуни мазкур, минбаъд низоми пардохтӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ вақте муҳим дониста мешавад, ки он дар давоми се моҳи тақвимӣ пай дар пай, соли тақвимӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ, инчунин соли тақвимӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозаи на кам аз 25 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои пулии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшударо амалӣ намоянд.

Ба моддаи 9-и қонуни амалкунанда қисми 22 илова гардидааст, ки мутобиқи он, таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ уҳдадор мегарданд, ки дар ҳолати гумонбар шудан ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, муштариёни ба ин амалиёт ҷалбшударо дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намоянд.

Ҳамчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи 201 илова гардидааст, ки он таъмини рақобати озоди иқтисодӣ дар низоми молиявӣ, таҳвили таъминоти барномавию техникӣ ва таъмини суботи молиявиро дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ ба танзим медарорад.

Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

27 июли соли ҷорӣ қонуни мазкур дар ҷаласаи Кумита мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирифта, нисбати он эрод надорем ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи моддаи 25-и Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Одиназода Бозоралӣ дода мешавад. Марҳамат.

ОДИНАЗОДА Бозоралӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба унвони иҷлосия ягон барқия, мактуб ва ариза ворид нашудааст.

Раис: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти тақвияти фаъолият ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа ва такмили қонунгузорӣ, инчунин ҷиҳати амалишавии самараноки онҳо баҳри пешрафту ободии кишвари азизамон бурдбориҳо таманно менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ