Ҳафтуми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор шуд. Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ворид буд.
Фарҳод Раҳимӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро таври муфассал шарҳ дода, минҷумла зикр намуд, ки мақсади қабули қонунҳои мазкур такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи бештари ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон, муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ маҳсуб меёбанд.
Аъзои кумита низ оид ба масъалаҳои мазкур фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев