Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳо ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ равона шудаанд

№89 (3569) 12.07.2016

DSC_0076Нуҳуми июли соли 2016 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Шоҳиён ­Нуралӣ Набот ҷаласа доир гардид.

 Рӯзномаи ҷаласа аз масъалаҳои зерин иборат буд:  «Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат».

Шоҳиён Нуралӣ Набот ҳар як масъаларо алоҳида шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки мақсади қабули тағйиру иловаҳо ба се қонуни аввали ба рӯзномаи ҷаласа воридбуда аз мутобиқгардонии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила таҳким бахшидани ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти фаъолияти онҳо иборат мебошад.

Ҳадафи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» нақши муҳими шартномаҳо дар ҷараёни таҳким ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ аст.

Шоҳиён Нуралӣ Набот оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» сухан ронда, изҳор дошт, ки дар ин соҳа солҳои охир муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо шуда, зарурат ба танзими ҳуқуқӣ дорад. Бинобар ин зарур аст, ки қонуни номбурда ба талаботи замон ва қонунгузории мамлакат мутобиқ гардонида шавад.

Аъзои кумита Саёҳат Дадаҷонова, Абдурасул Насимов ва Миралӣ Раҷабзода дар баррасии масъалаҳо фаъолона ширкат варзиданд.

Кумита оид ба қонунҳои баррасишуда хулосаҳо қабул намуда, онҳоро ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ