Қонунҳо ҷонибдорӣ ёфта, номи як қатор шаҳру ноҳияҳо тағйир дода шуд

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

DSC_0404Сеюми марти соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Тавре иттилоъ додем, 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ дар толор ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон даъвати панҷум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

 Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо  гардидааст, ки тибқи он раиси котибот Ҷабборӣ Ғаффор, аъзои котибот Алибердиева Қиматгул Худобердиевна ва Набизода Наим пешниҳод шудаанд.

Нисбат ба шумора, ҳайат ва лоиҳаи қарор пешниҳодҳо ҳаст? Чӣ гуна таклиф доред?

Бо инобати таклифи баёнгардида, лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро, ки манзури шумо гардидааст, ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоем, ки ба ҷойи кории худ гузаранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рўзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ на­моем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба лоиҳа чӣ гуна пешниҳоду таклифҳо ҳаст?

Бо инобати таклифи шумо, лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўз­но­маи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро, ки пешниҳоди шумо гардидааст, ба овоз мемонам ва эҳтиромона хоҳиш менамоям мав­қеи хешро муайян созед.

Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:

1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015»

2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

25. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

32. Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор»

35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл, Қумсангир ва Шўроободи вилояти Хатлон»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни  вилояти Хатлон»

41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъсис додани деҳаи нав ва Раҳмонобод номгузорӣ кардани он»

42.Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Худоёрзода Б. Т. бо «Ифтихор­номаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

43. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Б. Т.»

44. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният бозхонд намудани Худоёрзода Б. Т.»

45. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Кабиров М. С.»

46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон  «Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шамсзода А. С.».

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи аввали рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» мебошад.

Сухан ба Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод. Марҳамат.

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД: — Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти прокуратура фаъолияти худро дар асоси  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар соли сипаришудаи 2015 ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Мусаллам аст, ки самаранокии  фаъолияти мақомоти давлатӣ дар навбати аввал аз  мутобиқ будани сохтор, ташкили фаъолият  ва дараҷаи касбияти кормандони  онҳо ба вазифаҳои дар наздашон гузошташуда вобаста аст. Аз ин лиҳоз,   ҷиҳати иҷрои самараноки  вазифаҳои мақомоти прокуратура соли сипаришуда дар он тағйироти ҷиддии сохторӣ, ташкилӣ ва кадрӣ амалӣ  карда шуданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 14 августи соли 2015 сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ аз нав тасдиқ  ва дар ҳайати он як қатор раёсату шуъба ва сохторҳои нав таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура  дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм, дар сохтори Дастгоҳи марказӣ — Раёсати  муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин Шуъбаи  мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати такмили  назорат дар самти қонунгузорӣ вобаста ба иқтисодиёт ва буҷет дар қатори Шуъбаи  назорати  иҷрои қонунгузории андоз  — Раёсати алоҳида оид ба назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук  ташкил карда шуд.

Дар ҳамин раванд, Шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ба Раёсат  табдил дода, воҳидҳои нав — Шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуот, инчунин  Шуъбаи амнияти дохилӣ  созмон дода шуд.

Ҷиҳати пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандон дар назди Прокуратураи генералӣ Донишкадаи омўзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура таъсис дода шуд.

Бо мақсади пурра кардани мақомот бо кадрҳои лаёқатманд қабули кормандон ба мақомот ҷиддан такмил дода шуда, дар ин раванд бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи  славянии Россия — Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон созишномаҳо оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти прокуратура баста  шуд.

Қабули кормандон  ба мақомот дар асоси қарорҳои Комиссияҳои давлатии тақсимоти мутахассисони ҷавон ба роҳ монда шуда, бо роҳхатҳои онҳо дар давоми сол 38 нафар  хатмкунандаи донишгоҳҳои  номбурда ба кор қабул карда шуданд, ки 20 нафари онҳо донишгоҳҳоро бо дипломи аъло хатм намуданд.

Институти захираи кадрҳо барқарор ва дар асоси хулосаҳои Комиссияҳои аттестатсионӣ ба он 103 нафар  дохил ва аз онҳо дар давоми сол 33 нафар ба вазифаҳои баланд  таъин карда шуданд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ, тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва дуруст ҷо ба ҷо намудани кадрҳо аттестатсияи ғайринавбатии кормандон гузаронида шуд. Тағйироти номбурдаи сохториву кадрӣ ташкили корро осон намуда,  имконияти пурзўр кардани назорати прокурориро дар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам овард.

Дар ин давра мақомот фаъолияти назоратии худро ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа — ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, фаъолияти бонкӣ ва танзими асъор, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, истифодабарии замин, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус бо терроризм ва экстремизм, беҳтар намудани вазъи таҳқиқу тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ  ва барқарор намудани зарари молиявӣ равона намуд.

Дар ҳамин раванд, ба қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ, ҳаматарафа ва одилонаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули онҳо, аз ҷумла ҳафтае ду маротиба аз ҷониби роҳбари аввали воҳиди сохтори мақомоти прокуратура,  ҳафтае як маротиба аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералӣ  ва ташкили қабули сайёр дар маҳалҳо ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади осон намудани дастрасии аҳолӣ бо роҳбарияти прокуратура «Телефони боварӣ» ва Сомонаи расмии  Прокуратураи генералӣ ташкил карда шуда,  дар давоми сол 254 муроҷиат тавассути онҳо ворид  ва мавриди баррасӣ қарор ёфтанд.

Аз ҷониби Прокурори генералӣ ва муовинони ў 1750 (1854) нафар шаҳрванд ба қабули шахсӣ  пазируфта шуда, ба мақомот 31 287 (27134) муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва  14 393 (12448) адади онҳо бевосита баррасӣ, аз ҷумла талаботи 2165 (2136)  адад ё 15 фоизи  онҳо қонеъ гардонида шуданд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо таҳти назорати қатъӣ қарор ёфта, камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва мавриди чораҷўӣ қарор дода шуданд.

Барои роҳ додан ба чунин қонуншиканиҳо нисбат ба шахсони гунаҳгор 163 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 26 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Бо назардошти таъсири манфии буҳрони молиявӣ- иқтисодии ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пайдо шудани мушкилиҳо дар бозори асъор, риояи қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкӣ ва  танзими асъор таҳти назорат ва санҷишҳои прокурорӣ  қарор дода шуданд.

Дар рафти ин санҷишҳо омилҳои ба паст шудани қурби асъори миллӣ мусоидаткунанда, аз ҷумла васеъ паҳн шудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ошкор карда шуда, нисбат ба шахсони гунаҳгор 149 парвандаи ҷиноятӣ ва 723 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.

Бинобар дуруст ба роҳ мондани назорати прокурорӣ, бахусус ташкилу гузаронидани санҷишҳои муштарак бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, ошкор ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, ба ҷавобгарӣ кашидани гурўҳҳои манфиатдор ва дигар шахсони ҷиноятпеша, баргузор намудани суҳбату вохўриҳо, амалӣ намудани корҳои ташвиқотию  тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, доир намудани мизҳои мудаввар тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин чопи мақолаҳо дар рўзномаҳои даврӣ пеши роҳи болоравии бошиддати қурби асъори хориҷӣ гирифта шуда, дар натиҷа қурби расмӣ ва қурби фурўш дар бозори асъори хориҷӣ баробар карда шуд (аз 950- 980 сомонӣ ба 780- 790 сомонӣ барои 100 доллари ИМА).

Ҳамзамон муайян карда шуд, ки бо мусоидати масъулини муассисаҳои бонкӣ бидуни риояи расмиёти муқарраршуда (пешниҳоди шартномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои асосноккунанда) ба бонкҳои хориҷӣ интиқол додани маблағҳои соҳибкорон  ривоҷ ёфтааст.

Масалан, дар солҳои 2012 — 2016 ширкати боркашонии «Сорбон Азтранс» 4 миллион доллари ИМА, шаҳрвандон Т. Зиёев ва П. Мирзоев 49 миллион доллари ИМА –ро аз   соҳибкорон ва шаҳрвандон   ҷамъоварӣ намуда,  ба ивази фоизи муайян, бар хилофи талаботи муқарраршуда ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.

Санҷишҳо дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва риояи қонунгузорӣ дар фаъолияти соҳибкорон нишон медиҳанд, ки то ҳол аз ҷониби баъзе мақомоти давлатӣ сари вақт ба қайд нагирифтан, ғайриқонунӣ дахолат намудан ба фаъолияти соҳибкорон, гузаронидани санҷишҳои беасос ва ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои барои рушди соҳа ҷудогардида ҷой дорад.

Мақомоти назоратӣ — санҷишӣ фаъолияти соҳибкоронро аз меъёр зиёд санҷиш намоянд ҳам, самаранокии  онҳо назаррас набуда, аз натиҷаи  400 000 санҷиш 235 ҳазор қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, зиёда аз 165 000 санҷиш бенатиҷа анҷом ёфтааст. Зарарҳои дар рафти ин санҷишҳо ошкоргардида пурра  барқарор нашуда, аз 2,4 млрд. сомонӣ зарари ошкоршуда то ҳол 1,1 млрд. сомонӣ барқарор карда нашудааст.

Қобили қайд аст, ки ин гуна санҷишҳо ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти назоратӣ — санҷишӣ шароит фароҳам оварда, боиси ташвишу саргардонӣ  ва норозигии соҳибкорон мегарданд.

Ба риояи қонунгузорӣ дар фаъолияти корхонаҳои навтаъсис дар соҳаи коркарди сангу шағал, ки  солҳои охир ба яке аз соҳаҳои  муҳими истеҳсолот ва соҳибкорӣ табдил ёфтааст, диққат  дода шуд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 270 адад чунин корхонаҳо фаъолият карда, ҳолати зиёди бе бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ё гирифтани иҷозатнома фаъолият кардан, аз қитъаҳои замини барояшон ҷудонашуда кандани сангу шағал, сари вақт пардохт накардани андоз ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо дида мешаванд.

Чунончӣ, ширкатҳои «Волд- Ворк», «Роҳсоз -7», «Мадина-2014» ва «Хўшаи умед» бе иҷозатномаи мақомоти салоҳиятдор дар соҳили дарёҳо ба истихроҷ ва коркарди ғайриқонунии қуму шағал машғул шуда, ба давлат зиёда аз  6 млн. сомонӣ зарар расонидаанд.

Ҳангоми ҷудо кардани қитъаҳои замин барои ташкил ва ҷойгир кардани чунин корхонаҳо дар соҳили дарёҳо талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳа риоя нашуда, он боиси аз меъёр зиёд истихроҷ кардани маводи инертӣ ва расонидани зарар ба иншооти об гаштааст. Аз ҷумла, дар соҳили дарёи Кофарниҳон аз Ҷамоати деҳоти Гулистон то Ҷамоати деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рўдакӣ, ки масофаи он 13-14 км-ро дар бар мегирад, дар асоси хулосаҳои мақомоти ваколатдор ва қарорҳои раиси ноҳияи Рўдакӣ 46 адад ин гуна корхонаҳо ҷойгир карда шуданд, ки тахминан ба ҳар як 300 метр як корхона рост меояд.

Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои мазкур ва барқарор намудани зарари расонидашуда чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ андешида шуданд.

Назорати иҷрои қонунгузории замин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот ба ҳисоб рафта, дар ин самт 426 (414) санҷиш гузаронида шуда, 1908  санади эътиноӣ татбиқ, 3 213 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуда, 835 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  ва  2 866 гектар замин аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ (1425,68 гектар), заминҳои маҳалли аҳолинишин (98,68 гектар), заминҳои фонди давлатии ҷангал (1274,3 гектар) ва ғайра ба ҳолати аввала баргардонида шуд, ки нисбат ба соли пешин 2 556 гектар ё қариб 4  маротиба  зиёд аст.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки то ҳол қабули қарорҳои ғайриқонунӣ доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар соли сипаришуда ба 608 (486) қарори онҳо аз тарафи прокуророн эътироз оварда шудааст, ки 551 (405) адади он вобаста ба замин мебошад.

Дар ин давра, бештар  қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 35 (35), Ашт 25 (25), Спитамен 24 (20),  Ғончӣ 20 (13), Ҷ. Расулов 18 (12), Рўдакӣ 18 (17), Истаравшан 17(17), Б.Ғафуров 17 (14), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 17 (17), Файзобод 16 (15) ва Қубодиён 15 (15) бо эътирозҳои прокуророн бекор карда шудаанд.

Ҳолатҳои хариду фурўши заминҳо бо иштироки бевоситаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то ҳол аз байн нарафтааст. Масалан, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Тағояк» — и ноҳияи Спитамен — Г. Фозилов, «Ёрӣ» — и шаҳри Панҷакент — А. Воҳидов, ба номи Ортиқови шаҳри Конибодом — Ҷ. Ҷураев,  шаҳраки шаҳри Исфара — Р. Юлчиев ва ба номи Туйчиеви шаҳри Турсунзода — Ҳ. Саломов, барои мусоидат намудан  ба ҷудо намудани қитъаҳои замин аз шаҳрвандон  аз 6 000  то 40 000  доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.

Дар маҷмўъ, аз тарафи мақомоти прокуратура ҳолатҳои хариду фурўш  қарор додани 90 гектар замин ошкор карда шуда, нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Дар ҳамин раванд, бо дастури Шумо, муҳтарам  Маҳмадсаид Убайдуллоевич,   ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда дар фаъолияти ҶДММ «Бозори корвон» мавриди санҷиш қарор дода, вобаста ба ҷудокунии замин, ҷойгиркунонӣ ва истифодабарии иншоот ва ғасби ғайриқонунии замин қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуданд. Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки раиси ноҳияи Рўдакӣ бар хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2006 таҳти №73, ки дар заминҳои  ба доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дохилкардашуда ҷудокунии заминро барои сохтмони асосӣ манъ мекунад, ба  шаҳрвандон барои сохтмони биноҳои бисёрошёна, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, инчунин манзилҳои истиқоматӣ қитъаҳои замин ҷудо кардааст.

Роҳбарияти худи ҶДММ «Бозори корвон», як қатор  ширкату корхонаҳо, инчунин сокинони маҳаллаҳои атрофи бозор низ худсарона дар ин заминҳо мағоза ва дигар  нуқтаҳои хизматрасонӣ кушода, ба шаҳрвандон ба иҷора додаанд.

Ҷиҳати бартараф  намудани ин ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби Прокуратураи генералӣ 3 пешниҳод ва 15 амр бароварда шуда, 104 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.

Бо баррасии ин санадҳои эътиноӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ вазифадор гардиданд, ки баҳри пешгирӣ намудани сохтмони иншооти худсарона ва риоя намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ чораандешӣ намуда, минбаъд барои бунёди иншоот аз заминҳои ба Нақшаи дурнамои шаҳри Душанбе дохилшуда қитъаи замин ҷудо накунанд.

Аз тарафи Раёсати бозра­сии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди ҳамшафати ҶДММ «Бозори корвон» тадбирҳои иловагӣ  андешида, минтақаи мазкур бо аломатҳои танзимкунанда таъмин ва риояи онҳо таҳти назорати доимӣ  қарор дода шуд.

Вазъи иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва пардохти музди меҳнат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода шуда, дар рафти санҷишҳо ҳолати зиёди бе шартномаҳои меҳнатӣ ба кор қабул кардани кормандон, таъмин накардани бехатарии меҳнат, рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бо ҳар баҳона саркашӣ кардан аз ҷуброни зарари ба саломатии кормандон расонидашуда ошкор карда шуданд.

Муайян карда шуд, ки дар натиҷаи бепарвоӣ ва хунукназарии масъулини ташкилоту муассисаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 83 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода, 40 нафар ҳалок шудаанд. Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони гунаҳгор 32 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва  бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол карда шудаанд.

Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ зиёда аз 90 миллион сомонӣ қарздории музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун пардохт карда шуданд.

Вобаста ба назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи мақомот 167 (156) санҷиш гузаронида шуда, ҳолати зиёди баргузор намудани маросимҳои манъшуда, аз меъёр зиёд даъват намудани меҳмонон, истифодаи теъдоди зиёди автомашинаҳои сабукрав, хизматрасонӣ аз ҷониби ҳунармандон бидуни бастани шартнома ва  дигар қонунвайрокуниҳо ошкор карда шуданд.

Ҷиҳати бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо 154 (138)  санади эътиноӣ татбиқ   карда шуда, 115 (112) нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва 412 (352)  нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф  ва ҷавонон низ чун ҳарвақта дар маркази диққати мақомоти прокуратура  қарор дорад.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанўз ҳам ҳодисаҳои номатлуби таҳқир ва мавриди латукўб қарор додани хонандагон аз ҷониби баъзе омўзгорони муассисаҳои таълимӣ аз байн нарафтааст.  Дар давоми сол ҳашт ҳолати даст задан ба чунин кирдорҳои номатлуб ба қайд гирифта шуда, панҷ нафар барои чунин кирдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Ҳамчунин, ҳолатҳои зиёди сўйистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаи маориф муайян карда шуда, аз ҷониби мақомоти прокуратура 76 (44) парвандаи ҷиноятӣ дар ин самт оғоз ва тафтиш карда шуданд. Чунончӣ, директори Муассисаи давлатии таълимӣ барои бачагони болаёқат  дар ноҳияи Бохтар Н. А. Раҷабов 160 000 сомонӣ маблағи  барои хариди хўрокворӣ ҷудошударо аз они худ намудааст.

Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарўза қарор дошта, дар ин замина нақша — чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ карда шуданд.

Вобаста ба ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ дар ин самт 1839, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма 272 суҳбату вохўриҳо гузаронида шуданд.

Барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур 935 нафар омўзгор ва шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва 1 344 нафар падару модар барои риоя накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ нисбат ба 141 нафар волидон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва гумрук дар қатори афзалиятҳои фаъолияти мақомоти прокуратура қарор дошта, ҷиҳати таҳкими интизоми андозсупорӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои пинҳонкунии андозҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Соли сипаришуда дар ин самт 421 (371) санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 111 (85) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баҳри бартарафкунии қонунвайронкуниҳо 5 056 (4101) санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 2 610 (1975) нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 185 (154,7) млн. сомонӣ қарзҳои андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет  ворид карда шуданд.

Баҳри рўёнидани қарзҳои андоз ба судҳои иқтисодӣ 88 (89) даъво ба маблағи умумии 55,6 (42,3) млн. сомонӣ пешниҳод карда шуд, ки аксарияти он баррасӣ ва қонеъ карда шуданд.

Санҷишҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки ташкилоту корхонаҳои алоҳида бо роҳи ба асноди муҳосибавӣ ворид намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё пинҳон доштани объектҳои андозбандишаванда аз супоридани андозҳо саркашӣ мекунанд. Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки бо чунин роҳҳо ширкатҳои «Зубин Инвест»  ба маблағи 1, 3 млн. сомонӣ ва «Али Акбар» ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ маблағи андоз­ро пинҳон кардаанд.

Барои саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо нисбат ба онҳо ва дигар андозсупорандагон дар маҷмўъ аз тарафи мақомоти прокуратура  22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.

Бо  таъсиси гурўҳҳои корӣ дар вилояти Суғд санҷишҳо гузаронида шуда, 465 ҳодисаи қочоқи молу маҳсулот ба маб­лағи 5 млн. сомонӣ ошкор  ва аз шахсони гунаҳгор 2 миллион сомонӣ ҷарима ва пардохтҳои гумрукӣ руёнида шудааст.

Бо мақсади тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия назорат ба риояи маҳдудиятҳо дар хизмати давлатӣ,  пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шуд.

Дар  натиҷаи чораҳои андешидашуда 818 (666) ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла 221 ҷинояти азонихудкунӣ, 117 ҷинояти қаллобӣ, 68  ҷинояти суиистифода аз мансаб, 59 ҷинояти гирифтани пора, 13 ҷинояти  додани пора  ошкор карда шуда, оид ба ин ҳолатҳо 696 (522) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаст.

Маблағи умумии зарари ошкоршуда бо ин ҷиноятҳо 43,5 млн. сомониро ташкил дода, аз он 13 млн. сомонӣ дар рафти тафтиш  барқарор карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 дар Ҷадвали сатҳи дарки коррупсия, ки ҳар сол аз ҷониби Созмони байналмилалии «Трансперенси Интернейшнл» нашр мегардад, мавқеи худро хеле беҳтар намуда, аз ҷойи 152 ба ҷойи 136-ум, яъне   нисбат ба соли 2014 16 зина боло  баромад.

Дар  самти назорати иҷрои қонунҳо дар маҷмўъ 4 733 (4261) санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо  15 361   (14837) санади эътиноӣ татбиқ ва 25 246 (21 533) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 2 463 (2036) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Фаъолияти мақомот дар самти барқароркунии зарар беҳтар карда шуда, дар соли 2015 342, 8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 207, 4 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст, ки он нисбат ба соли 2014 — ум 48,6 млн.  сомонӣ ё  31  фоиз зиёд аст.

Барои рўёнидани зарари молиявӣ ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ 652 (652) даъво ба маблағи зиёда аз 168 миллион сомонӣ, 9 миллион евро ва 6,4 миллион доллари ИМА пешниҳод карда шуда, қонеъ карда шудааст.

Солҳои охир вусъат ёфтани терроризм ва экстремизм, аз ҷумла афзудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар муҳорибаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо ба сатҳи проблемаи аввалиндараҷа баромада, аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати таҳия ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мақсаднок ва муштарак дар ин самт,  масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иштироки тамоми вазорату идораҳои дахлдор муҳокима карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Аз ҷумла, дар асоси қарори Шўро бо мақсади пешбурди фаъолияти муштарак доир ба пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши  самараноки ҳодисаҳои иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо, Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

Фаъолияти Ситоди ягона ба куллан беҳтаршавии вазъи ҳамкориҳо ва самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт мусоидат намуд. Шахсияти  аксарияти томи шаҳрвандони мамлакат, ки дар  муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо иштирок доранд, муайян карда шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ин масъала пурзўр карда шуда, аз ҷониби кормандони прокуратура дар байни коллективҳои меҳнатӣ, хонандагону донишҷўён, масҷидҳо, ҷойи зисти аҳолӣ, бахусус дар  маҳалҳои осебпазир  дар давоми сол 2200 вохўриву суҳбатҳо гузаронида шуданд, ки  ин нисбат ба  соли 2014 се маротиба зиёд  аст.

Дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷўӣ 100 нафар иштирокчии ин муҳорибаҳо ва шахсони барои иштирок дар онҳо сафарбаршуда, инчунин 47 нафар аъзои оилаҳои онҳо — ҷамъ 147 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргардонида шуданд (аз ҷумла, аз  Туркия — 83 нафар,  Сурия — 36, Россия — 19, Қирғизистон – 4 нафар, аз  Ироқ, Қазоқистон, Беларус ва Латвия – 1 нафарӣ).

Сафари 31 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки мақсади иштирок намудан дар муҳорибаҳои ҷангиро доштанд, дар ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Вақтҳои охир шабакаҳои интернетӣ ва дигар технологияҳои иттилоотӣ ба манбаъҳои асосии ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротгаройӣ, даъвати ҷавонон барои иштирок дар муҳорибаҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар кишварҳо ва содир намудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ табдил ёфтаанд.

Мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва қатъ намудани тарғиботи ғояҳои ифротгаройӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ,  муайян намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин кор дастдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 15 ҳолати тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ паҳн кардани ғояҳо ва даъватҳои экстремистӣ ошкор карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва то ин дам ҳашт парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин давра, дар асоси аризаҳои Прокурори генералӣ созмонҳои ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-нусра» ва Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз тарафи суд ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф карда шуданд.

Ҳодисаи аз ҳама нангине, ки амният, сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварамонро зери хатар гузошт, ин 3 — 4 сентябри соли гузашта кўшиши ба тариқи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва амалисозии табаддулоти давлатӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиа А. М. Назарзода, раиси Ҳизби наҳзати ислом М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони онҳо буд.

Мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши самаранок ва саривақтии ин ҳодисаро ба роҳ монда, аксар саркардагон ва иштирокчиёни ин ҷиноятро муайян ва дастгир  намуданд.

Айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба аъзои дастгиршудаи ин иттиҳоди ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. Ҷиҳати муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуковбуда, манбаъҳои маблағгузории ин иттиҳоди ҷиноятӣ, дарёфт намудани силоҳи оташфишон ва молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастов­ардаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Барои зоҳир намудани ҷасорат, ташаббускорӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ анҷом додани амалиётҳои фаврию тафтишотӣ  доир ба ин ҳодиса аз ҷониби роҳбарияти давлат 14 нафар корманди мақомоти прокуратура, ки аъзои гурўҳи  фаврӣ — тафтишотӣ мебошанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

23 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи Шўрои амнияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ доир ба сабаб ва омилҳои рух додани ин ҳодиса, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм шунида шуд.

Дар асоси қарори Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзўр намудани назорати прокурорӣ ба риояи қонуният, интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, пешгирӣ намудани  қонунвайронкуниҳо ва баланд бардоштани омодагии ҷангии сохторҳои низомӣ тадбирҳои зарўри  андешида шуда истодаанд.

Дар ҳамин раванд, дараҷаи масъулияти кормандони мақомоти прокуратура, аз ҷумла Сарпрокуратураи ҳарбӣ барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ накардани ҳодисаи 3 — 4 сентябри соли 2015 рўйдода муайян карда шуда, нисбат ба кормандони ба камбудиҳо роҳдода чораандешӣ карда шуд.

Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Прокуратураи  генералӣ супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020» — ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Стратегияи мазкур мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм бо назардошти талабот ва таҳдидҳои дар пешорўи кишвар қарордошта муайян менамояд. Қобили қайд аст, ки лоиҳаи Стратегияи мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ аллакай омода шуда, дар мувофиқа қарор дорад.

Солҳои охир назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» пурзўр карда шуда бошад ҳам, бинобар ба таври дахлдор фаъолият накардани мақомоти салоҳиятдори соҳа қонунвайронкуниҳо дар ин самт ба таври воқеӣ бартараф карда нашуда, хусусияти такроршавандаро касб намудаанд.

Рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид  ба  ҳодисаҳои 3 — 4 сентябр  рўйдода маълум намуд, ки яке аз манбаъҳои паҳнкунии ғояҳои ифротгаройӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷойи нишасту вохўриҳои пинҳонии гурўҳҳои ифротӣ масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ дар баробари 3 937 масҷиди расмӣ, боз 1565 масҷиди ғайрирасмӣ фаъолият дошта, тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гўё онҳо ба муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шудаанд.

Дар асл, чуноне ки санҷишҳо муайян намуданд, танҳо 927 масҷиди ғайрирасмӣ  ба марказҳои фарҳангию табдил дода шуда, 638  адади боқимондааш бар хилофи талаботи қонун фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Бинобар ин, баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 санади эътиноии прокурорӣ ирсол карда  шуд.

Ҷавонони дар мактабҳои ғайрирасмии хориҷи кишвар таҳсилкунанда низ аз нигоҳи пойбандшавӣ ба ақидаҳои фанатикӣ ва шомил шудан  ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ хеле  осебпазир мебошанд. То ин дам аз 3 357 нафар ҷавони дар мактабҳои ғайрирасмии динии хориҷи кишвар таҳсилкунанда  3 065 нафарашон баргардонида шуда, 288 нафари дигар то ҳол дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд.

Пурра ба Ватан баргардонидани ин донишҷўён, андешидани чораҳо ҷиҳати воридшавии онҳо ба муҳити иҷтимоии кишвар, таъмин намудан бо ҷои кор ва шароит барои идомаи таҳсили онҳо хеле муҳим буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2015 сатҳи ҷиноят дар ҷумҳурӣ боло рафта, 21 585 (19352 ) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 — ум 2 233 ҷиноят ё 11,5 фоиз зиёд буда, кушодашавии ҷиноятҳо 88,4 (87,7) фоизро ташкил медиҳад.

Ҷинояткорӣ  дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод — 117 фоиз, Ёвон — 77, Дарвоз — 47, Норак — 41, Конибодом — 40, Ҷиликўл — 36, Сарбанд — 34, Мурғоб ва Мастчоҳ — 33 фоиз афзоиш ёфтааст.

Содиршавии ҷиноятҳои вазнин дар миқёси ҷумҳурӣ 19,4 фоиз зиёд гашта,  болоравии ҷиноятҳо бо истифодаи силоҳ, одамкушӣ ва экстремизм ба назар мерасад.

Дар баробари ин, сатҳи содиркунии ҷиноят дар байни ноболиғон рў ба пастшавӣ ниҳода, аз ҷониби онҳо 742 (800) ҷиноят содир шудааст, ки он  нисбат ба соли гузашта ҳафт фоиз кам мебошад.

Аз шумораи  умумии ҷиноятҳои дар ин давра ошкоршуда 7244 адад  ё 33,6  фоизи онҳоро мақомоти прокуратура ошкор ва ба қайд гузоштааст, ки ин ҷоннок шудани фаъолиятро дар ин самт нишон медиҳад (соли 2014 -ум 5925 ҷиноят ё 30,7 фоиз).

Аз ҷониби прокуророн 974 ҷинояти аз қайд пинҳонгардида ошкор ва аз рўи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Соли 2015 дар ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 828 ((962) ё (113 адад камтар)) ҷиноят ошкор карда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 4,7 (6,2)  тонна (ё 1,5 тонна камтар)  маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳолатҳои дар хориҷи кишвар бо маводи нашъаовар дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз байн нарафта, дар соли 2015 — ум 316 (651) нафар дастгир ва аз онҳо  870,3 (1088,5) кг маводи нашъовар, аз ҷумла 615 (963) кг героин дарёфт ва мусодира гардидааст.

Паҳншавии бемории нашъ­амандӣ дар байни аҳолӣ ташвишовар буда, дар ҷумҳурӣ 7 313 нафар, аз ҷумла 189 нафар занон гирифтори ин беморӣ мебошанд.

Назорат аз болои тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура  маҳсуб  ёфта, дар соли 2015 назорати прокурорӣ бо 18 972 (20711) парвандаи ҷиноятӣ амалӣ карда шудааст.

Бо мақсади таъмини риояи қонунгузории мурофиавӣ ва бартараф кардани қонуншиканиҳо дар ҷараёни таҳқиқу  тафтиш 3 774 (3537) дастури хаттӣ ва 2 561(2208) пешниҳоду қарорҳо бароварда шуда, 1250 (1080) нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Дар натиҷаи андешидани ин чораҳо сифат ва самаранокии тафтиши пешакӣ беҳтар шуда, шумораи парвандаҳои ҷиноятии ба суд ирсолшуда зиёд, вайронкунии муҳлати тафтиши пешакӣ ва қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ  кам гардиданд.

Новобаста аз он ки воҳидҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2014 — ум  1483 (18028/ 19511) парвандаи ҷиноятиро  ба истеҳсолот камтар қабул карда бошанд ҳам, 862 (9279/8417) адад парвандаи ҷиноятиро зиёдтар ба судҳо ирсол намудааст, ки 10,2 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, муфаттишони мақомоти прокуратура 3114 (2741) парвандаи ҷиноятиро ба суд ирсол намудаанд, ки ин назар ба соли гузашта  373 парванда  ё 13,5 фоиз зиёд буда,  дар рафти тафтиши пешакӣ 14,5 млн. (соли 2014-21 млн.) сомонӣ зарар барқарор шудааст.

Бо мақсади аз байн бурдани ҳолатҳои бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, аз қайд пинҳон намудани ҷиноятҳо, тафтиши нопурраи парвандаҳо, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, нодуруст банду баст кардани кирдорҳои айбдоршавандагон ва беасос дастгир кардани шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Самти муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура иштирок дар мурофиаҳои судӣ, дастгиркунии  айбдоркунии давлатӣ дар судҳо ва ба ин восита мусоидат намудан ба қабули қарорҳои асосноку одилонаи судӣ  мебошад.

Дар соли 2015 прокуророн  бо 7 455 парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дар судҳо дастгирӣ карда, дар баррасии 2 210 парвандаи гражданию оилавӣ, 2407 парвандаи маъмурӣ ва 160 парвандаи иқтисодӣ иштирок карданд.

Ҷиҳати бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 46 (47) эътирози хусусӣ, 179 (140) эътирози кассатсионӣ ва 269 (239) эътирози назоратӣ оварда шуда, қонеъшавии онҳо мутаносибан  41 (51); 71 (63) ва 72 (67,2) фоизро ташкил медиҳад.

Назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ дар маркази диққати мақомоти прокуратура қарор дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  муассисаҳои ислоҳӣ  камбудиву қонуншиканиҳо, аз ҷумла ба ҳудуди онҳо воридшавии асбобҳои манъшуда ҷой доранд.

Дар соли 2015 дар ҳудуди ин муассисаҳо 444  асбоби буррандаю халанда, 1497 телефони мобилӣ, 344 симкорт ва 2500 литр нўшокиҳои спиртӣ ёфта гирифта шуда, вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба 4 698 нафар маҳкумшуда чораҳои муҷозотӣ татбиқ карда шудаанд.

Барқароркунии зарари аз ҷиноят расонидаи маҳкумшудагон бинобар сабаби бо кор таъмин набудани онҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ  дар сатҳи паст қарор дошта, аз 204 миллион сомонӣ зарари расонидашуда танҳо 4,3 млн. сомонӣ ва ё 4,7 фоиз руёнида шудааст.

Доир ба риояи қонунгузорӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷиноятӣ дар маҷмўъ 94 (72) санҷиш гузаронида шуда, 469 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 124 (61) нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудааст. Нисбат ба шахсони гунаҳгор  47 (39) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 353 ҳазор сомонӣ ва 23 ҳазор доллари ИМА зарари аз ин ҷиноятҳо расонидашуда барқарор карда шудааст.

Аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ҳарбӣ дар ин давра  баҳри таъмини назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои низомӣ 780 (754) санҷиш гузаронида, баҳри бартарафкунии қонунвайронкуниҳо 1720 (1585) санади эътиноӣ  татбиқ ва 869 (799) нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 133 (106) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Зарари молиявӣ ба маблағи 3,6 (3,3) млн. сомонӣ, аз ҷумла ба манфиати давлат 1,4 (0,9) млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Прокуророни ҳарбӣ 80 (45) ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаро  аз ҷониби 68 (38) нафар хизматчии ҳарбӣ ва шаҳрвандон ошкор намудаанд, ки нисбат ба соли 2014 — ум 35 адад зиёд мебошад.

Ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ низ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратура маҳсуб меёбад.

Дар соли ҳисоботӣ прокурорҳо 747 ахбороти расмӣ вобаста ба вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор фиристода, 9 587 вохўрию суҳбат доир намуда, 1993 маротиба дар воситаҳои ахбори омма баромад намудаанд.

Ҳамзамон, фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти муносибатҳои байналмилалӣ низ густариш ёфтааст. Аз ҷумла, бори аввал дар натиҷаи сафари кории Прокурори генералии Қирғизистон ба ҷумҳурӣ як қатор масъалаҳо, ба монанди ҳалли ҳодисаву муноқишаҳои наздисарҳадӣ, тартиби пешбурди амалиётҳои фаврии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб, ҳамкории мустақими прокуророни наздисарҳадӣ ва минтақавӣ баррасӣ гашта, дар натиҷа Созишнома оид ба ҳамкории ҳуқуқӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Инчунин, дар ин давра сафарҳои кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласахои навбатии Шўрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Остона, Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Мубориза бо терроризм ва экстремизми таҷовузкорона» дар шаҳри Сочи ва мизи мудаввар дар мавзўи «Проблемаҳои байналмилалӣ — ҳуқуқии муҳими асри XXI» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, баҳри мустаҳкам намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Арманистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Литва ва Ҷумҳурии Эстония омода гардида, барои баррасии ҷонибҳо фиристонида шуданд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ бо Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ ва дастгирии бевоситаи раиси Шўрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои ИДМ – Прокурори генералии Федератсияи Россия Чайка Юрий Яковлевич институти намояндагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ин ниҳод барқарор карда шуд.

Дар самти қонунэҷодкунӣ ва такмил додани қонунгузорӣ Прокуратураи генералӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, як лоиҳаи қонуни мукаммал (лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои фаъолият оид ба пешгирии ҷиноятҳо») ва зиёда аз 20 лоиҳа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз ҷумла «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро омода карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди мунтазами фаъолияти мақомоти прокуратура, таъминоти моддиву кадрӣ ва фароҳам овардани шароитҳои хизмативу маишӣ барои кормандони он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Дар ин давра бо дастгирии бевоситаи  Ҳукумати мамлакат бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Хатлон мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда, бунёди бинои нави маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара дар ҳоли анҷомёбист.

Бо мақсади беҳтар намудани шароитҳои манзилии кормандон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон се манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуда, дар ноҳияи  Рашт сохтмони бинои истиқоматии дуошёнаи 12 ҳуҷрадор дар ҳолати анҷомёбист.

Бо дастгирии бевоситаи Шумо, муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич  дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе қитъаи замин барои бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматии 52 ҳуҷрадор барои  кормандони мақомоти прокуратура ҷудо шуда буд, ки айни ҳол ин бино бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, ки  барои ин аз шумо сипосгузорем.

Ин ғамхориҳо моро вазифадор менамоянд, ки фаъолияти худро дар ҳама самти назорати прокурорӣ беҳтар намуда, нақши онро дар таъмини сулҳу субот, амният, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар кишвар афзун намоем.

Албатта, фаъолияти мақомоти прокуратура аз камбудиҳо холӣ  набуда, сари вақт пешгирӣ накардани ҳодисаҳои 3 — 4 сентябри соли гузашта рўйдода,  нокифоя будани назорати риояи қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳанўз ҳам идома ёфтани қонуншиканиҳо дар мавриди истифодабарии замин, пурра барқарор накардани зарар дар рафти таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо  аз ҷумлаи  онҳо мебошанд.

Ҳисоботро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли сипаришуда манзур намуда, умедворам шумо ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ моро роҳнамоӣ менамоед.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

РАИС: - Аз рўи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озо­диҳои инсон, шаҳрванд ва қону­ният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 94 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул буда, ҳамасола дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави мамлакат ҳисобот медиҳад.

Маротибаи охир — 27 феврали соли 2014 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати назорат ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 шунида шудааст. Вобаста ба он қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бобати татбиқи он мақомоти прокуратура тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба саҳми аъзои Маҷлиси миллӣ расонида шуд.

Ҳисобот аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соли 2015 мақомоти прокуратура вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷинояткории муташаккилонаи хусусияти террористӣ ва экстремистидошта корҳои муайянеро ба иҷро расонидааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти прокуратураи кишвар пешгирӣ ва ошкор гардидани қонунвайронкуниҳои соҳаи ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидошта, истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, хариду фурўши одамон, ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи нақлиёт ва мусофиркашонӣ, тандурустӣ, баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳо ва дар ин замина андешидани чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ аз самаранокии фаъолияти мақомот гувоҳӣ медиҳад.

Дар маърўза маълумоти оморӣ оид ба пешравиҳо ва норасоиҳои соҳа муфассал пешниҳод карда шуд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, Прокуратураи генералиро зарур аст, ки дар доираи ваколатҳои худ таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти хизматиро ба роҳ монда, барои тақвият бахшидани назорати прокурорӣ чораҳои муассир андешад.

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният фаъолияти мақомоти прокуратураро дар соли 2015 дар маҷмўъ мусбӣ арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, пешниҳод менамояд, ки мақомот дар фаъолияти минбаъда ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд ва назорати прокурориро дар ин самт тақвият диҳад:

- баҳри боз ҳам пурзўр намудани фаъолияти мақомот дар соҳаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои иловагӣ андешад;

- иҷрои қонунҳоро аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷўӣ, таҳқиқу тафтиши пешакиро ба амал мебароранд, ҳамчунин, маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, маҳбусон, муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятӣ, чораҳои маҷбурии таъинкардаи суд таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар ин самт барои тақвият додани пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои муассир андешад;

- ба баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо аҳамияти махсус зоҳир карда, иштироки фаъол ва самараноки кормандони прокурориро дар баррасии парвандаҳо таъмин ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ба амал баровардани адолати судӣ мусоидат намояд;

- назорати иҷрои қатъии қонунгузориро аз ҷониби субъектоне, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли хориҷии аҳолии кишвар фаъолият бурда, мардумро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб менамоянд, таъмин намуда, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин ҷода чораҳои амалӣ андешад;

- бо дарназардошти воқеияти имрўза, рафти иҷро ва татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»- ро мунтазам санҷида, ҳамкориро бо мақомоти масъули соҳа, аз ҷумла комиссияҳои ҳуқуқи кўдак ва дигар ниҳодҳо, новобаста аз тобеият ва шакли моликият, вусъат бахшад ва назорати прокурориро ҷиҳати пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон пурзўр намояд.

Дар ин самт, муборизаро бо ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти ифротидошта тақвият дода, ба пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои ғайриқонунӣ мусоидат намояд.

Албатта, самтҳои фаъолияти мақомоти прокуратура гуногун мебошад. Пешниҳодҳои зикргардида баъзе аз ин самтҳоро дар бар мегирад ва баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти прокуратура мусоидат хоҳад кард.

РАИС: — Аз рўи ин масъала узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ низ баромад кардан мехоҳад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Дар радифи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳоди муҳиме, ки ба ташаккули арзишҳои демократии ҷомеа нигаронида шуда, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз фаъолияти муътадили он низ вобастагии амиқ дорад, мақомоти прокуратура мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвори миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон, дар назди кормандони мақомоти прокуратура, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ чунин таъкид намуда буданд: «Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Ин мақомот тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамоянд».

Имрўз дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти прокуратураи кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.

Дар шароити пуртазоду печидаи шиддат ёфтани вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо мекунад. Дар чунин шароити мураккаб кишварҳое бештар ба муқовимат тоб оварда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгўйро ташаккул дода бошанд. Тавре Сарвари давлат бамаротиб дар суханронӣ ва баромадҳояшон таъкид менамоянд: – «Мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем».

Иҷрои ин масъулият аз ҳар кадоми мо фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатиро тақозо мекунад, зеро таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон фирефтаи гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд.

Маҳз, дар ин ҷода мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ҷоннок намуда, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, корҳои назаррасро анҷом додааст. Мақомоти прокуратура минбаъд низ фаъолияти худро тавре ба роҳ монад, ки дастовардҳои истиқлолият ҳифз гардида, риоя ва иҷрои бечунучарои қонунҳо таъмин карда шавад, ки он айни замон як шакли муҳими баланд бардоштани мақоми ҳуқуқ дар ҷомеаи муосир мебошад.

РАИС: — Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 шунидем.

Воқеан, ҳисобот муфассал буда, тамоми паҳлуҳои фаъолияти ин мақомотро фаро гирифтааст. Мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомотест, ки риояи қонунҳоро дар кишвар назорат ва иҷрои якхелаи онро таъмин менамояд. Бинобар ин, ба зиммаи мақомоти  прокуратура масъулияти басо ҷиддӣ гузошта шудааст. Чуноне зикр кардам, аз ҳисоботи Прокурори генералӣ оид ба паҳлуҳои фа­ъолияти ин мақомот огоҳӣ ёфтем ва ҳоло моро лозим аст, бо пешниҳодоти мушаххас баҳри боз ҳам хубтар роҳандозӣ шудани иҷрои вазифа  ва ваколатҳои он мусоидат намоем.

Дар ҷомеае, ки қонун волоият надошта бошад, он оянда надорад. Ҳар яке аз мо узви ҷомеа ҳастем ва агар хоҳем дар ҷомеа ҷойи хешро сазовор бошем, аз дастовардҳои он барои худ самаранок истифода барем, бояд баҳри волоияти қонун саъй намоем.

Прокурори генералӣ Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро роҳбарӣ менамояд ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани вазъи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст кори Шўрои мазкур тақвият бахшида шавад. Прокурори генералӣ ҳисоботи худро аз номгўйи  чорабиниҳое шурўъ карданд, ки ба тақвият бахшидани интизоми меҳнатии худи кормандони ин мақомот равона шудааст ва дар ҳақиқат, бе таҳкими интизоми хизматӣ ба дастоварди чашмгире ноил омадан ғайриимкон аст.

Баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура маҳсуб меёбад. Ҳарчанд надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад, мақомоти прокуратураро  вазифадор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон аз тамоми воситаҳо, махсусан воситаҳои ахбори омма, васеъ истифода намоянд.

Ба иҷлосияи имрўза намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват шудаанд. Хуб мебуд, онҳо дар саҳифаҳои рўзномаҳояшон рубрикаи ба фаромўшрафтаи «Инсон ва қонун»-ро зинда намоянд ва таҳти ин рубрика дар бораи таъмини волоияти қонун дар ҷомеа мақолаҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳо  бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷой намуда, дар амри боло бурдани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонамон саҳмгузор бошанд.

Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрўз дар ҷомеа хеле ҳузнангез аст. Иҷрои талаботи қонуни мазкурро кӣ бештар риоя намекунад? Пеш аз ҳама, вазир, раис ва дигар мансабдори давлатӣ. Даъвати меҳмонони бешумор, автомашинаҳои зиёд дар тўйҳои арўсӣ ва монанд ба ин қонуншиканиҳо. Назорати иҷрои ин ва дигар қонунҳо вазифаи ҷонии мо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад ва ин корро мо бояд ба анҷом расонида, нагузорем, ки аз ҷониби худи мо – аъзои Маҷлиси миллӣ  чунин рафтори зидди қонун содир карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соли 2015» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шурўъ менамоем.

Сухан ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс­­ти­тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин­сон, шаҳр­­ванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода меша­вад. Мар­ҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 феврали соли 2016 қабул намудааст.

Илова ба қонуни номбурда, бо мақсади амалигардонии Протоколи ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020»  қабул гардидааст.

Мақсад аз илова намудани қисми 2 ба моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзўр намудани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва пешгирии хавфҳои коррупсия дар мақомоти прокуратура иборат мебошад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Сухан ба  муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуда, тибқи муқаррароти банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар дуи онҳо муттаҳид ва ҳамчун лоиҳаи ягона омода шуданд ва 10 феврали соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Ин қонун ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб, ки солҳои охир баъзе шахсиятҳо ҳамчун мулло ва табиб дар байни мардум ном бароварда, бо роҳи фиреб аз ҳиссиёту боварии динии муроҷиаткунандагонашон суиистифода карда, ҷиноятҳои хусусияти зиддиахлоқӣ ва шаҳвонидоштаро  содир мекунанд, бо ин кирдорҳои нопоки худ ба арзишҳои дини мубини ислом иснод оварда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамоянд  ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Гурўҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дигар санадҳои байналмилалӣ ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» бармеояд, қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад, тибқи қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав — моддаи 1421, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ пешбинӣ мекунад, ворид карда шудааст. Инчунин бо мақсади таъмини принсипи адолат, инсондўстӣ ва пешгириву аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ  дар санксияҳои  моддаҳои аз 319 то 321 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тағйирот ворид карда, дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба сифати ҷазои алтернативӣ ҷазои ҷарима  муқаррар карда шудааст.

Бо назардошти асосҳои боло, инчунин ба моддаи 49 Кодекс тағйирот ворид гашта, андозаи ҷазо дар намуди ҷарима зиёд карда шудааст ва дар сурати сари вақт напардохтани ҷарима иваз намудани он ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.

Тағйироти дар ном ва қисми 2 моддаи 345, банди а) қисми 3 моддаи 346, қисми 1 моддаи 348, дар ном ва матни моддаҳои  350, 351, дар қисми 1 моддаи 352 , 354, дар ном ва матни моддаҳои 356, 359, 360, 361 -уми Кодекс воридгардида хусусияти мутобиқкунонӣ ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади  қабули қонуни мазкур аз мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бо муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи мақомоти таҳқиқ, тафтиш оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ, андешидани тадбирҳо бобати барқарор намудани зараре, ки аз ҷиноят расонида шудааст, тартиби супоридани фикри айбдоркунӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ  иборат мебошад.

Дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 15, қисми якуми моддаи 39 -уми Кодекси мурофиавии  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ на танҳо ба «айбдоршаванда», балки ба «гумонбаршуда» ва «судшаванда» низ паҳн мегардад, ҳамчунин, мақомоти тафтиши пешакӣ уҳдадор карда шудааст, ки ҷиҳати барқарор ва ҷуброн намудани зарари аз ҷиноят расонидашуда дар рафти гузаронидани тафтишот  бо тартиби  пешбининамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад ва ба айбдоршавандаи дар ҳабс қарордошта нусхаи фикри айбдоркунӣ бо гирифтани забонхат ва дар он гузоштани имзо бо дарҷ кардани рўз ва вақт супорида шуда,   ба суд пешниҳод карда мешавад.

Инчунин ба Кодекс меъёри нав, моддаи 1671,  ворид карда шудааст, ки  он тартиби барқароркунии парвандаи ҷиноятии нобуд ё гумшударо дар рафти тафтиши пешакӣ ё судӣ пешбинӣ мекунад.

Ба ғайр аз ин, бо мақсади мукаммалсозии моддаи 203 ва қисми 1 моддаи 316 -уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хусусияти пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ дахл дорад, дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи меъёри мазкур пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ зимни фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо бо ҷалб намудани омўзгор ва ё равоншинос сурат мегирад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни номбурда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Мақсад ва зарурати қабули ин қонун ба  таъсиси институти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мушаххас намудани ваколатҳои ў ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста аст.

Мувофиқи қонуни мазкур, ба қисми 3 моддаи 16, ба ном ва қисми 4 моддаи 271, ба банди «а» қисми 1 моддаи 29 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти мутобиқкунонӣ дошта, тибқи он минбаъд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар қатори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бидуни иҷозати махсус ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ташриф оварда, санҷиши фаъолияти муассисаҳои номбурдаро вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси худ ба роҳ монад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

Худоёрзода Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст. Қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015, ки дар бораи  таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи инсон бармеояд,  қабул шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади ҳимояи минбаъдаи институти зикргардида ба ном ва қисмҳои 1, 2, 3 — юми моддаи 5341 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шудааст, ки тибқи он барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурўъ менамоем. Аз рўи ин масъала сухан ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади тақвият додани таъмини амнияти миллӣ, ки бо далелҳои истифодаи симкортҳои инфиродии бе ном ва ба исми шахсони бегона номнависшуда аз ҷониби намояндагони созмони экстремистию террористӣ ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ зимни содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин вобаста аст, ҳамчунин баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ ва шахсони дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда, қабул гардидааст.

Бо ҳамин мақсад аз рўи ин қонун  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 3501, 3641 ва 3681   илова ворид карда шудааст. Ҳамчунин, тибқи санксияи моддаи 356 -уми Кодекси зикргардида, барои субъектони чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пурзўр карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қон­уни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2016  қабул намудааст.

Мақсади қабули  тағйиру илова аз мукаммалгардонии Кодекс  вобаста ба идораи оқилонаи моликияти давлатӣ ва пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳдорӣ иборат мебошад.

Ном ва  диспозитсияи қисми 1 моддаи 311 дар таҳрири нав қабул карда шудааст. Аз рўи он барои аз ҷониби ронандагон риоя  накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мегардад.

Дар моддаи 323 қисми нав, яъне барои худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи байналмилалии хатсайр ё то охири он нарафтан (ба истиснои хатсайри муқарраршудаи таҳвили молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта) илова гардида,  барои субъектони  чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда,  Қарор қабул гардид.

РАИС:  — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар, сухан ба шумо дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Қабули ин қонун барои такмил додани Кодекси мазкур ва мутобиқкунонии он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.

Мувофиқи қонуни мазкур, бо дарназардошти табдилёбии Раёсати хизмати давлатӣ ба Агентии хизмати давлатӣ  дар қисми 2 моддаи 119  тағйирот ворид карда, калимаҳои «сардори Раёсати» ба калимаҳои «директори Агентии» иваз карда шудааст, ки он хусусияти мутобиқкунонӣ дорад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Ин қонун бо мақсади амалӣ намудани талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015, ки дар бораи  таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи инсон бармеояд,  қабул шудааст.

Ба қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 11, қисми 1 моддаи 12, қисми 7 моддаи 33, моддаҳои 35 ва 36 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардидааст. Ҳамчунин, ба қонун  як боби нав: «Боби 51. Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гардида, дар он таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар ин боби қонун тартиби таъин, талабот нисбат ба номзад, ба вазифа шурўъ кардан, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоӣ ва маърўзаҳои ҳарсола ва махсуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» оғоз мебахшем. Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Мақсади қабули ин қонун  ба таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон вобаста мебошад.

Ба ғайр аз ин, бо мақсади ҳимояи минбаъдаи институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    ба қисми 2 моддаи 21 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда мешавад, ки мутобиқи он таклиф ва арзу шикоятҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таҳти сензура қарор дода намешаванд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Ба баррасии масъ­алаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» шурўъ менамоем.  Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикршуда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Лоиқзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода ва А.Тағоймуродов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  10 феврали соли 2016 қабул намудааст.

Ин  қонун бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила, бартараф сохтани мухолифати дохилии он, қабул гардидааст.

Тибқи  тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, ба сенздаҳ моддаҳои дахлдори  қонуни амалкунанда зиёда аз 20 тағйиру илова ворид карда шудааст, ки онҳо дар маҷмўъ хусусияти таҳрирӣ дорад.

Аз рўи иловаҳои пешниҳодшуда ба моддаҳои 10 ва 12 қонуни амалкунанда минбаъд тасдиқи консепсия ва стратегияи амнияти миллӣ дар салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода мешавад. Ҳамчунин салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои консепсия ва стратегия дар соҳаи таъмини амният мушаххас карда шудааст. Дар моддаи 28 муқаррарот нисбати Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил гардида, пешбинӣ шудааст, ки роҳбарони мақомоти мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб метавонанд аъзои Шўрои амният бошанд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси  мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад. Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 январи соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни номбурда бо мақсади амалигардонии Протоколи ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020»  қабул гардидааст.

Илова намудани сархати 4 ба моддаи 3 қонуни амалкунанда мақсади пурзўр намудани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Ба вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  талабот оид ба муайян ва дар амал  татбиқ  намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия  дар мақомоти назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия илова шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем. Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 январи соли 2016 қабул намудааст.

Илова ба қонуни номбурда бо мақсади амалигардонии Протоколи ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020»  қабул гардидааст.

Аз рўи илова ба  сархати 6 ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян ва дар амал  татбиқ  намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия  дар мақомоти  амнияти миллӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои асосӣ пешбинӣ шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ба ҳисоб меравад. Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни номбурда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода ва вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»  бо мақсади мукаммалгардонӣ  ва бартараф намудани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонуни мазкур, огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта ва ҷорӣ кардани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ  қабул гардидааст.

Ба муқаддима, сархати 4 моддаи 1, сархатҳои 1, 4, 5 моддаи 3 ва дар ном ва матни моддаи 16 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои воридгардида хусусияти мутобиқкунонӣ ва таҳрирӣ дорад. Тағйиру иловаҳо ба сархатҳои шашум ва ҳафтуми моддаи 9 ин қонун бошад, ба воҳидҳои махсуси оид ба муборизаи зидди ҷинояткории  муташаккилона имконият медиҳад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, иҷозатдиҳанда ё ба суд оид ба бекор кардани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба намудҳои дахлдори фаъолият  муроҷиат намояд. Ҳамчунин, ба ҳамин тартиб ба прокурори дахлдор барои ба суд даъво (пешниҳод, ариза) овардан дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо, барҳам додани ташкилотҳои террористӣ, ташкилотҳое, ки тавассути онҳо савдои одамон ба роҳ монда шудааст, ташкилотҳои ба гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда ё онҳоро маблағгузорикунанда, инчунин мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» оид ба манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд ва фаъолияти экстремистиро амалӣ мегардонанд, муроҷиат намоянд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем.  Мар­ҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  22 январи соли 2016 қабул намудааст.

Тағйироти ба қонун воридгардида амалигардонии Консепсияи пешгўйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он вобаста  тасдиқ шудааст, дар назар дорад.

Ҳамин   тавр,  моддаҳои  5   ва қисми 1 моддаи 7 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав қабул шудааст. Дар асоси он тартиби ба вазифа таъин ва озод кардани роҳбарияти Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шудааст.

Тибқи тағйирот ба қонуни мазкур муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — фармондеҳи Қўшунҳои сарҳадии Кумита ва муовинони фармондеҳи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод карда мешаванд.

Илова бар он, қонуни мазкур сохтори Қўшунҳои сарҳадиро дар таҳрири нав муқаррар менамояд. Акнун «Қўшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қўшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи  сарҳадӣ, муассисаҳои ҳарбӣ — тиббӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ» иборат мебошанд.

Тағйироти воридгардида ба моддаҳои 6 ва 61 қонуни амалкунанда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳририро доро мебошад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем,  ки қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси  мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ба ҳисоб меравад. Марҳамат, муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» аз ҷониби кумита мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қонуни зикргардида бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардида, 27 январи соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул намудааст.

Илова ба қонуни номбурда бо мақсади амалигардонии Протоколи ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2015 оид ба «Вазъи мубориза бар зидди коррупсия ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар ин самт» ва Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020»  қабул гардидааст.

Мақсад аз илова намудани сархати 3 ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ин пурзўр намудани мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Аз рўи ин илова муайян ва дар амал  татбиқ  намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия  дар мақомоти  системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба уҳдаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,  ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» оғоз мебахшем. Сухан ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология  муҳ­та­рам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода меша­вад. Марҳамат.

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, Р. Латифзода, Ҷ. Муртазоқулов ва М. Ахмедов дар таҳрири нав пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2016 қабул намудааст.

Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.

Қонун аз 9 боб ва 39 модда иборат буда, дар боби 1 — уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он, узвият дар хоҷагии деҳқонӣ ва бақайдгирии давлатӣ пурра дарҷ гарди­дааст.

Боби 2 хусусиятҳои ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, мақоми идоракунии хоҷагии деҳқонӣ, салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ, роҳбарии хоҷагии деҳқониро дар бар мегирад.

Ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ, танзими фаъолият, намудҳои фаъолият, муносибатҳои хоҷагии деҳқонӣ бо давлат, молу мулки хоҷагии деҳқонӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк, тақсими молу мулк ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз аъзогӣ баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ ва ба мерос гирифтани молу мулкиро бобҳои 3, 4 ва 5 ба танзим медароранд.

Дар бобҳои 6 ва 7 додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, меъёри қитъаи замин, додани қитъаи иловагии замин, тартиби ташаккули фонди махсуси замин, тартиби додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди махсус, тасдиқи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин, қабули шаҳрвандони дигар ба узвият, ҳуқуқҳо, уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он,  асосҳои қатъ гаштани фаъолият, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ ва иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) инъикос ёфтаанд.

Дастгирии давлатӣ, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро бобҳои 8 ва 9 ба танзим медароранд.

Қонун ба меъёрҳои консти­тут­сионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалии эътироф­кар­даи Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шурўъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода меша­вад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани оилаи солим ва насли солим, пешгирӣ намудани таваллуди кўдакони маъюби гирифтори  нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои  бо ирсият асоснокшуда мебошад. Бо ин мақсад ба моддаи 14 Кодекси амалкунанда сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум илова карда шудааст, ки минбаъд тибқи он никоҳи байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян,  шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд,  манъ аст.

Ҳамзамон, моддаи 15 дар таҳрири нав ифода гардид, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, никоҳшавандаро уҳдадор менамояд, ки аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ба таври ройгон гузарад ва аз натиҷаи муоинаи тиббии тарафи дигари ақди никоҳ шинос шавад.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ  хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оғоз мебахшем. Мар­ҳамат, муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»- ро, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд. Мақсади ворид намудани илова ба қонуни амалкунанда аз мукаммал ва мутобиқгардонии меъёрҳои он ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба банди сеюми қисми 1 моддаи 35 — уми қонуни амалкунанда сархати нав илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд шахсони никоҳшаванда ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар баробари пешниҳоди аризаи муштарак ва дигар  ҳуҷҷатҳо, уҳдадоранд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмиро низ пешниҳод намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ  намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурўъ менамоем. Сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода меша­вад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январи соли 2016 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз байн бурдани номувофиқатии дохилии моддаҳои қонун оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падар, танзим намудани номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллӣ, худдорӣ намудан аз номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, иборат мебошад.

Бо ин мақсад моддаи 20 дар таҳрири нав бо мазмуни  — «Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар» ифода карда шуда, дар  он масъалаҳо вобаста ба номгузорӣ тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, инчунин тартиби ташаккулёбии насаб ва номи падар бо иловаи пасвандҳо ва манъ будани иловаи тахаллусҳо ба номи шахс, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашонро дар бар  мегирад.

Ҳамзамон, ба  моддаи 67, ки танзимкунандаи тартиби иваз намудани ном, номи падар мебошад, бо мақсади такмил додани меъёрҳои моддаи 20, қисмҳои 2 ва 3 илова карда шудааст.

Қонуни баррасишаванда ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалии эътирофнамудаи  Тоҷи­кистон мутобиқ мебошад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба ҳисоб меравад. Сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январи соли 2016 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 баён гардида буд, иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба қисми 2 моддаи 4 қонуни амалкунанда, ки «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ»- ро пешбинӣ менамояд, сархати нав доир ба муқаррар намудани қоидаҳои гузаронидани муоинаи ҳатмии тиббии шахсони никоҳшаванда ворид гардидааст.

Ҳамзамон, моддаи 25 хориҷ карда шуда, моддаи 391 илова гардид, ки минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  уҳдадоранд пеш аз никоҳ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар маҳалли зисти доимиашон ба таври ройгон гузаранд.

Инчунин, тағйироти ба сархат ва қисмҳои моддаҳои 5, 11-14, 19, 22, 26, 30, 33, 34, 36, 38, 50, 53-58, 60-62, 64, 66, 70, 74, 76 ва 77 хусусияти муайянкунан­да дошта, калима­ҳои «Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудаанд.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: -Ба баррасии ма­с­ъ­­­алаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  шурўъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода меша­вад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.

Мақсади ворид намудани иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар назорати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз тарафи фарзандон, иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба моддаҳои 7 ва 8 сархатҳои нав илова шуданд, ки тибқи онҳо минбаъд падару модар ҳуқуқ доранд аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи фарзанд истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти далхдорро ба таври ройгон гиранд ва уҳдадоранд, ки мунтазам фаъолияти фарзандро дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ назорат баранд.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўй мебошад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷиҳати ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 45-уми Нақшаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2016 қабул намудааст.

Бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи маориф, ба моддаи 33 қонуни амалкунанда, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маорифро муайян менамояд, сархати нав илова гардидааст, ки тибқи он ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар соҳаи маориф вогузор карда мешавад.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мухолифат надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қонун овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии рўзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» шурўъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин мутобиқ намудани баъзе меъёрҳои он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.

Тағйироти воридгардида ба сархати якуми  моддаи 2, сархати сеюми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва панҷуми моддаи 9, қисми якуми моддаи 10 ва сархати якуми қисми 3 моддаи 14 хусусияти муайянкунан­да, мутобиқ­кунанда ва таҳрирӣ дошта, дар он тарзи дурусти истилоҳоти варзишӣ ифода гардидааст.

Ҳамзамон, ба моддаи 6 сархати нав илова шудааст, ки тибқи ин илова, минбаъд муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар таҳия ва амалисозии барномаҳои тайёрии варзишӣ  ваколатдор мебошанд.

Инчунин, қисми 1 моддаи 9 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи он минбаъд тайёрии варзишӣ панҷ зинаро дар бар мегирад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем барои ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда розигӣ диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади такмил додан ва мукаммал сохтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Тибқи қонуни мазкур, ба қисми 1 моддаи 83 сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ба яке аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз шомил мегардад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии мас­ъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем.

Сухан ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 феврали соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани Қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қабул гардидааст.

Бо ин мақсад, моддаи 4 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мавриди амал қарор дода мешаванд.

Инчунин, моддаи 148 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тартиби бекор кардан, бозхондан ва боздоштани амали шаҳодатномаи тахассуси мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ муайян карда мешавад.

Бо мақсади мутобиқ намудани талаботи моддаи 360 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (усули эҳтиётӣ) ба талаботи Созмони Умумиҷаҳони Савдо моддаи зикршуда дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.

Баҳри мутобиқ намудани талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи моддаи 66 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (муҳлати даъво, баргардонидани пардохтҳои гумрукӣ)  ба моддаҳои 394 ва 396 Кодекси амалкунанда илова ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ба моддаи 394 қисми нави 8 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд муҳлати даъво бо талаби мақомоти гумрук нисбати пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо аз ҷониби пардохт­кунанда аз рўзи ба анҷом расидани барасмиятдарории мол ҳисоб карда шуда, панҷ солро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, мутобиқи иловаи нави қисми 9, ба  моддаи мазкур, минбаъд беэътимод эътироф намудани қарзи пардохткунанда оид ба маб­лағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади муайян ва пешгирӣ намудани хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук ба моддаи 462 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 илова карда шудааст.

Бо мақсади мутобиқгардонии Кодекси амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қисми 14 моддаи 483 хориҷ карда шудааст. Ҳамчунин, моддаи 492 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки он бо мақсади ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани Кодекси амалкунанда қабул гардидааст. Аз ҷумла, мутобиқи ин иловаҳо роҳбарони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда шуда, ваколати ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба роҳбари мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вогузор карда шудааст.

Ғайр аз ин, дар моддаи мазкур масъалаи ҷойивазкунии шахсони мансабдори мақомоти гумрук, тартиби дар ихтиёри кадрҳо нигоҳ доштани онҳо, гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук илова гардидааст.

Қисми 1 моддаи 497 Кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он мақомоти гумрук метавонад фонди манзилӣ дошта бошад ва тартиби истифодабарии онро муайян намояд.

Қонун ба талаботи техникаи қонуннависӣ ҷавобгў буда, ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали соли 2016 қабул намудааст.

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузориро ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон муайян менамояд.

Қонун аз 5 боб ва 31 модда иборат буда, боби 1 он мафҳумҳои асосӣ, намудҳои дороиҳо, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ гузошта мешаванд, шаклҳои амалӣ намудани сармоягузориҳои хориҷӣ, маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани сармоягузориҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва вазифаҳои онро дар бар мегирад.

Дар боби 2 кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор, кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорон, кафолати ҳуқуқи истифодаи даромадҳо, муомилоти асъорӣ ва кафолати иштироки сармоягузор дар хусусигардонии моликияти давлатӣ, ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақоми давлатӣ нисбат ба сармоягузорон ва дастрасӣ ба иттилооти марбут ба татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ пурра дарҷ гардидааст.

Инчунин, боби мазкур кафолати ҳуқуқҳои сармоягузорро ҳангоми экспроприатсия ва реквизитсия додани ҳуқуқи сармоягузор ба шахси дигар, кафолати ҳуқуқи сармоягузор барои ба хориҷа баровардани молу мулк ва иттилоот, ҳуқуқи сармоягузор барои истифодаи захираҳои табиӣ, кафолатҳо барои сармоягузоре, ки сармоягузории такрориро анҷом медиҳад ва шартномаҳои консессионӣ ва сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медарорад.

Бобҳои 3 ва 4 имтиёзҳои сармоягузорӣ, грантҳои аслии давлатӣ, равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон, уҳдадориҳо, муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар бар мегирад.

Дар боби 5 назорат дар соҳаи сармоягузорӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накар­дани талаботи қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 «Дар бораи сармоягузорӣ», инчунин тартиби  мавриди амал қарор додан, дарҷ гардидааст.

Қонун ба талаботи техникаи қо­нун­нависӣ ҷавобгў буда, ба меъёрҳои конс­титутсионӣ, қонунҳои амалкунан­да ва санадҳои ҳуқуқии байналмил­алие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо­ро эътироф ­кар­дааст, мутобиқ мебо­шад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» шурўъ менамоем.

Сухан ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 январи соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил додани  қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Тибқи қонуни мазкур ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати мутобиқгардонӣ ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 1, 2, 4, 5, 6, 19, 22 ва 24 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Инчунин, ба моддаи 2 қонуни амалкунанда сархатҳои нави се, чор ва панҷ илова карда шудааст, ки он мафҳумҳои нави иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ, иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ ва иҷораи молиявии (лизинги) баргар-донидашавандаро дар бар мегирад.

Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 51 илова карда шудааст, ки он намудҳои иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро дар бар мегирад. Яъне, минбаъд мутобиқи иловаи мазкур, иҷораи молиявӣ (лизинг) ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонида, доираи татбиқи қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»-ро васеъ мегардонад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи  Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба ҳисоб меравад.

Марҳамат, муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2016 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмил ва мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда, инчунин таъмини иттилоотии системаи телекоммуникатсионӣ ва алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ қабул гардидааст.

Аз ҷумла, ба моддаи 19 қонуни амалкунанда қисми нави дуюм илова ворид шудааст, ки мутобиқи он дар ҳолати истифода гардидани хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд падару модари ў ҳуқуқ доранд аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ройгон дастрас намоянд.

Инчунин, ба қисми якуми моддаи 20 сархати нави чорум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ вазифадоранд ба падару модар маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон, ройгон пешниҳод намоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»  шурўъ менамоем.

Сухан ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода меша­вад.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, Р. Латиф­зода, Ҷ. Муртазоқулов ва М. Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2016 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади такмил додану мукаммал гардонидани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, муқаддимаи қонун дар таҳрири нав ифода шуда, ҷиҳати муайян намудани мақсад ва вазифаҳо ба қонуни амалкунанда моддаи нави 11 илова гардидааст. Инчунин, бо мақсади ноил шудан ба мутобиқати дохилии матни қонун ба моддаи 1 мафҳумҳои нави «объектҳои хизматрасонӣ дар роҳ» ва «роҳҳои автомобилгарди пулакӣ», ки дар матни қонуни амалкунанда истифода шудаанд, илова гардидааст.

Бинобар такрор гардидани меъёрҳои моддаи 9 қонуни амалкунанда ва бо мақсади мутобиқ намудан ба муқаррароти қисми 4 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҷумлаи якуми қисми сеюми моддаи 9 қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст.

Ҳамзамон, қонуни мазкур характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати якхела истифода намудани истилоҳу ибораҳои дар он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ истифодашуда қабул гардидааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Кумита нисбат ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­мандем ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ, муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода меша­вад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади қабули қонуни мазкур мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва амалӣ кардани банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи қонуни номбурда, тағйиру иловаҳо ба моддаи 6 пас аз калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,» ва ба қисми 1 моддаи 36 банди 12 бо мазмуни зайл: «Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак;» илова шудаанд. Бандҳои 12-18 мувофиқан бандҳои 13-19 ҳисобида шаванд.

Кумита ба қонуни конститутсионии мазкур эрод надорад. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! 

Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» — ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2015 қабул намудааст, баррасӣ кард.

Мақсади қабули қонуни мазкур муайян намудани мақоми Ваколатдор дар низоми хизмати давлатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба қисми 1 моддаи 6 сархати 7 бо мазмуни зайл «-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шудааст.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор» шурўъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор «Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор» таҳти №30 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуд.

Ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор аз пешниҳод бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар ҷашни 3000 — солагии Ҳисор оид ба пешравиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Ҳисор иброз намуданд, бармеояд.

Дар маркази ноҳия истгоҳи роҳи оҳани Хонақо, ду шаҳрак ва даҳ деҳот, сохтору идораҳои дахлдор мавҷуд буда, инфрасохтори зарурӣ бунёд ва муҳайё карда шудааст. Ба ҳолати 1 октябри соли 2015 аҳолии он 274991 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 197 ташкилоту муассисаи маҳаллӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, варзиш, 22 идораю корхонаи тобеияти ҷумҳуриявӣ, 70 хоҷагии ҷамъиятӣ, 3656 хоҷагии инфиродии деҳқонӣ арзи вуҷуд дорад. Дар ноҳия тамоми шароити мусоид барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди минбаъдаи инфраструктура, ободу зебо гардонидани он вуҷуд дорад.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаи 10 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ мешуморад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл, Қумсангир ва Шўроободи вилояти Хатлон» шурўъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл, Қумсангир ва Шўроободи вилояти Хатлон» таҳти №32 аз 2 феврали соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ, ноҳияи Ҷиликўл ба ноҳияи Дўстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун ва ноҳияи Шўрообод ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тағйир дода шаванд.

Зарурати тағйир додани номи ин ноҳияҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, қадр намудани хизматҳои арзандаи гузаштагон, абадӣ гардонидани хотираи неки фарзандони ватандўсту хештаншинос ва барўманди диёр, тарғиби  тамаддун ва фарҳанги тоҷик, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин ноҳияҳо мебошад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл, Қумсангир, Шўроободи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликўл, Қумсангир ва Шўроободи вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд» ба ҳисоб меравад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд» таҳти №29 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ намуд.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулис­тон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бўстон ва ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич тағйир дода шаванд.

Зарурати тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, қадр намудани хизматҳои арзандаи гузаштагон, абадӣ гардонидани хотираи неки фарзандони ватандўсту хештаншинос ва барўманди диёр, тарғиби  тамаддун ва фарҳанги тоҷик, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони онҳо мебошад.

Бо мақсади зинда ва ҷовид гардонидани номи қаҳрамони суғдӣ Деваштич ва бо назардошти хизматҳои бузург, корномаву қаҳрамониҳои ў ва ба ин васила дар рўҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа ва тарбияи ҳомиёни Ватан ба номи Деваштич номгузорӣ шудани ноҳияи Ғончӣ амалест судманд ва ҷавобгў ба санадҳои қонунгузории кишвар.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, ноҳияи Ғончӣ,  вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд» ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш» ба ҳисоб меравад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш» таҳти №31 аз 2 феврали соли 2016 баррасӣ кард.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш тағйир дода шавад.

Бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ, таърихию фарҳангӣ, болоравии худогоҳию худшиносии миллӣ, хусусияту шароитҳои ҷуғрофию маҳаллӣ ва инчунин афкори аҳолии ноҳия ва бо мақсади ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани номи ноҳия зарурати иваз намудани номи он ба миён омадааст.

Номи Ҷиргатол асосан аз калимаҳои қирғизӣ сарчашма гирифта, аз калимаҳои «жерге»-дар замин ва «тал»-дарахти бед иборат мебошад. Дар истилоҳи имрўзаи мардуми ноҳия ду равияи таҳлили номи Ҷиргатол ҷой дорад. Маънои якумаш сарзамини дарахтзор, аниқтараш макони дарахти бед будани онро ифода мекунад. Маънои дувуми он, тибқи ривоятҳо дар гузашта, вақте ки шумораи сокинони ин маҳал хеле камшумор ва вобаста ба ин миқдори хонаҳои истиқоматӣ низ кам буд, дар мобайни сарзамине, ки дар он деҳаи Ҷиргатол ҷойгир будааст, як дарахти боҳашамат ва хеле куҳансол сабзиш доштааст, ки ҳамчун нишони асосии тақсимшавии марзи заминҳо дар байни истифодабарандагони замин хизмат менамудааст ва номи деҳаи Ҷиргатол низ маҳз аз ҳамон дарахт сарчашма гирифта, ноҳия бо номи он номгузорӣ гардида будааст.

Ҳамзамон Лахш яке аз ҳудудҳои калонтарини аҳолинишини ноҳия ба ҳисоб рафта, маънои калимаи Лахш аз решаи калимаи «дурахшанда» бармеояд ва тибқи маълумоти фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ низ ҳамин маъноро ифода менамояд.

Номивазкунии ноҳияи Ҷиргатол бо номи Лахш аслан бо ташаббуси сокинон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия сурат гирифта, номи Лахш аз қадим ҳудуди марзию маъмуриеро, ки имрўз дар мавзеи он деҳоти Лахш, Муксу, Алға, Қашот ва Сартало ҷойгиранд, ифода менамояд ва бо назардошти афкори мардум тағйир додани номи ноҳия бо ҳамин мақсад аст.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш»  ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор» шурўъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба Сангвор» таҳти №33 аз 2 феврали соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи ноҳияи Тавилдара ба Сангвор тағйир дода шавад.

Мувофиқи дархости аксарияти аҳолӣ ва қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, таклифи номи нав — Сангвор ифодакунандаи ҳифзи номи таърихи маҳал ва мавқеи ҷуғрофии онро дар бар мегирад. Сангвор аслан тоҷикӣ буда, аз вожаи «Санг» ва пасоянди «вор» таркиб ёфтааст ва дар ҳақиқат замини ин мавзеъ сангистону сангзор мебошад.

Зарурати тағйир додани номи ноҳия бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони ин ноҳия мебошад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» шурўъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон «Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» таҳти №788 аз 30 декабри соли 2015 баррасӣ кард.

Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки дар ҳудуди шаҳри Хоруғ шаҳракҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шаванд.

Мақсади асосии таъсиси шаҳракҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ин аз такмилу таҷдиди сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва мутобиқкунии раванди идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба талаботи рўзафзуни воқеӣ мебошад.

Таъсиси шаҳракҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва вогузор намудани қисми ваколату вазифаҳои идоракунии бевоситаи маҳаллаҳои шаҳр ба ҷамоатҳои шаҳрак баҳри бо ҳам наздиктар кардани низоми идоракунии давлатӣ, таҳкими робитаи кории доимӣ бо сокинони маҳаллаҳо, ба тарзи мустақим ба тамоми сокинони маҳаллаҳо расонидани сиёсати давлат ва иҷрои талаботи низоми идоракунии он, идора кардани тамоми равандҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла пешгирии падидаҳои манфӣ дар ҷомеа, беҳтар ва муассиртар кардани низоми идоракунии давлатӣ дар зинаи асосии ҳокимияти давлатӣ, зарурати воқеӣ мебошад.

Дар ҳудуди шаҳраки нав­таъсиси ба номи Исмоили Сомонӣ 11 маҳалла бо 2994 хоҷагӣ ва 14508 нафар аҳолӣ, Институти биологии Помир, Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ, Пажўҳишгоҳи улуми инсоншиносӣ, беморхонаи вилоятӣ, маҷмааи варзишӣ, мактаби президентӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ, фарҳангӣ, табобатӣ ва дар маҷмўъ зиёда аз 30 идора, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва бозору нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир мебошанд.

Дар ҳудуди шаҳраки нав­таъсиси ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 20 маҳалла бо 2971 хоҷагӣ ва 15492 нафар аҳолӣ,  Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Коллеҷи тиббӣ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ, фарҳангӣ, табобатӣ, зиёда аз 70 идораю корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ширкати «Помир — Энерҷӣ», Варзишгоҳи марказӣ, Маркази ҷавонон, фурудгоҳ ва қисмҳои ҳарбӣ, ду бозор ва зиёда аз 200 нуқтаи хизматрасонӣ ҷойгиранд.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Кумита лозим мешуморад, ки пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъ­алаи навбатии  рўз­номаи иҷлосия – Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» шурўъ менамоем.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» таҳти №83 аз 1 марти соли 2016 баррасӣ намуд.

Бо назардошти дар маркази ноҳияи Қубодиён вуҷуд надоштани шаҳрак, ташкили он аз ҳисоби хурд кардани ҳудудҳои деҳотҳои ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён ба хотири беҳтаршавии дараҷаи хизматрасонӣ, ободонӣ, иҷрои саривақтии талабу дархости аҳолӣ ба мақсад мувофиқ шумурда мешавад. Чунин амал аз талаботи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №234/90/127 аз 7 октябри соли 2013 бармеояд.

Ҳамчунин, зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар ноҳияи Қубодиён низ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушд ёфта, маркази ноҳияи мазкур амалан ба шаҳрак монанд шуд ва таъсиси шаҳрак барои инкишофи минбаъдаи он, ба низоми муайян даровардани ҳудуди маркази ноҳия ва роҳбарию назорати муассисаҳои хизматрасонӣ ва аҳолӣ судманд шумурда мешавад.

Аҳолии деҳаҳои Қубодиён, Ёбуз, Арабхона, Ахча, Гузари боло, Ғишткўпрук, Қиёт, Полвонтуғай, кўчаҳои Мирзо Турсунзода, Восифӣ, Лоҳутӣ, Исмоили Сомонӣ, Биноӣ, Ҷавонӣ, Ҷомӣ, Саҳбо, Парвин, Саъдии Шерозӣ, Сино, Бедил, Рўдакии деҳоти ба номи Носири Хусрав ва деҳаи Чорбоғи деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар маҷлисҳои умумии худ нисбат ба ташкили шаҳраки нав дархост кардаанд.

Маркази шаҳраки таъсисшаванда деҳаи Қубодиён муқаррар гардида, он то маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қўрғонтеппа дар масофаи 89 километр ва то шаҳри Душанбе дар масофаи 180 километр ҷойгир мебошад.

Дар ҳолати мусбат ҳал шудани масъала дар ҳудуди шаҳраки навтаъсис 9467 аҳолӣ зиндагӣ карда, майдони умумии заминҳои корам 21 гектар, заминҳои наздиҳавлигии сокинон 216 гектар ва майдону хиёбонҳо 93 гектарро дар бар мегиранд.

Мақсад аз номгузории шаҳраки нав ба номи Қубодиён арҷгузорӣ аз таърих, худшиносии миллӣ, тарғиби афкори ҷомеаи навин, пос доштани хотираи адиб, мутафаккир, зодаи ҳамин диёр Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад.

Масъалаи тағйир додани сарҳадҳои деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён ва таъсис додани шаҳраки нав бо номи Қубодиён дар маҷлисҳои ҷамоатҳои деҳоти ба номи Носири Хусрав, ба номи Ишмурод Ниёзов, Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Қубодиён ва вилояти Хатлон баррасӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 14, 16 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Қубодиён, вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади деҳоти ба номи Носири Хусрав ва ба номи Ишмурод Ниёзов, таъсис додани шаҳраки Қубодиён ва муқаррар намудани маркази маъмурии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи нав­батии  рўз­номаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъсис додани деҳаи нав ва Раҳмонобод номгузорӣ кардани он» ба ҳисоб меравад.

Мар­ҳамат, муҳтарам Муҳаммадюсуф Саидалӣ.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон «Дар бораи дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъсис додани деҳаи нав ва Раҳмонобод номгузорӣ кардани он» таҳти №50 аз 9 феврали соли 2016 баррасӣ кард.

Деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон соли 1932 ташкил ёфта, аҳолии он 8436 нафар буда, аз 12 деҳаи хурду бузург иборат аст. Шонздаҳуми июли соли 2015 бар асари офати табиӣ 82 хонаи истиқоматкунандагони деҳаҳои Барсем, Колхозобод, Бердибекободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ва тамоми инфрасохтори ин деҳаҳо нобуд шуд.

Бо супориши бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Питодашти деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон барои 82 хоҷагӣ, ки аҳолии он 480 нафарро ташкил медиҳад, деҳаи нав бо манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми шароит ва анҷому ашёи зарурӣ омода гардид. Дар ин маҳали аҳолинишини нав маркази саломатӣ, мағозаҳо, таъминоти пурраи неруи барқ, шароити созгори зиндагӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон, дар ин ҷо сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ, ҳаммом, ҳавз, хатти таъмини об, азнавсозии роҳи мошингард, бунёди дигар иншооти инфрасохторӣ, бехатаргардонии мавзеъ аз тармафароӣ амалӣ гашта истодааст. Мардуми ноҳияи Шуғнон боварии комил доранд, ки деҳаи навбунёд ба як гўшаи ободу зеботарини диёр мубаддал мегардад.

Ҳангоми ба истиқоматкунандагони деҳаҳои осебдида супоридани калиди хонаҳои навбунёд тамоми сокинон якдилона пешниҳод намуданд, ки деҳаи навбунёд ҳамчун рамзи сипосгузорӣ ва миннатдории онҳо нисбат ба ғамхориҳои Сарвари давлат Раҳмонобод номгузорӣ карда шавад.

Маводи зарурӣ тибқи Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, вилоят ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъсис додани деҳаи нав ва Раҳмонобод номгузорӣ кардани он»  ба овоз мо­нда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо «Ифтихор­номаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурўъ менамоем.

Пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Оид ба масъалаи зикршуда лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна так­лиф доред? Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо «Ифтихор­номаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Аз номи шумо ва шахсан худам, бинобар ба мансаби баланди давлатӣ интихоб гардиданашон, Худоёрзода Бахтиёр Таварро табрик гуфта, дар зиндагӣ ва фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.

Масъалаҳои навбатии рўзномаи иҷлосия — «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Б. Т.» ва «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният бозхонд намудани Худоёрзода Б. Т» баррасӣ шуда, таври алоҳида Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаи навбатии рўз­номаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Кабиров М. С» низ баррасӣ гашт.

Ҷиҳати тасдиқи он Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

(Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Мизроб Саидович Кабиров барои фаъолияти хубаш изҳори миннатдорӣ намуд).

РАИС: — Масъалаи ниҳоии рўз­номаи иҷлосия Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шамсзода А. С» мебошад.

Мутобиқи моддаҳои 24 ва 63 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷл иси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дарназардошти қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 02 аз 15 феврали соли 2016 Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, пешниҳод менамоям ва боварӣ дорам, ки ин пешниҳод қобили дастгирист.

Лоиҳаи Қа­рори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шамсзода А. С» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот Ҷабборӣ Ғаффор дода мешавад. Марҳамат, гуфтание доред?

ҶАББОРӢ Ғаффор: — Ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев барои дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷонибдорӣ ёфтани тағйири номи баъзе маҳалҳо бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, гиромидошти забони тоҷикӣ аз номи раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Шўрообод П. Зарифзода, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум барқияҳо ворид гардидааст.

РАИС: — Ҳамаи масъалаҳои рўзномаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо доред? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегўям!

Мо дар арафаи таҷлили Рўзи Модар, ки ба ҳар яки мову шумо муқаддасанд ва Иди байналмилалии Наврўз қарор дорем. Шуморо бо як ҷаҳон орзуҳои нек дар арафаи Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз таҳният гуфта, ба шумо аз даргоҳи Илоҳӣ тани сиҳат, хушбахтиву рўзгори обод ва баҳри рушду такомули кишвари азизамон муваффақиятҳои беназир  таманно менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пўшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Аъзам МЎСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ