Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои пешниҳодшударо дастгирӣ карданд

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

DSC_1451Чоруми ноябри соли 2015 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита рӯзномаи ҷаласаро иборат аз ду масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»  тасдиқ намуда, ба баррасии онҳо шурӯъ карданд.

Раиси кумита Муҳаммадюсуф Имомзода масъалаи якуми рӯзномаро шарҳ дода, иброз дошт, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» иборат мебошад.

Роҷеъ ба масъалаи дуюми рӯзнома сухан ронда, раиси кумита гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки 5 октябри соли 1961 дар шаҳри Гаага ба имзо расидааст, қабул гардидааст.

Аъзои кумита доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд.

Бо пешниҳоди аъзои кумита хулосаҳои кумита барои баррасӣ ба иҷлосияи дуюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  пешниҳод шуданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум» Суратгир А. ИСОЕВ