Қонуне, ки барои татбиқи он аҳли ҷомеа масъул аст

№152 (3632) 15.12.2016

DSC_11769 декабри соли 2016 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба «Доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» семинар — машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақозои замон буда, ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва ғайра нигаронида шудааст. Қонун масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд баланд бардошта, онҳоро барои тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ водор месозад.

Ҷамшед Муртазоқулов, ҳамчунин иброз дошт, ки амали ин қонун нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва  шахсони  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар қонун зикр гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падару модар, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба рушду нумӯи ҷомеаи навини Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард, — гуфт дар фарҷом вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов ва ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дод.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ