Таассуроти сафар

Паёми Президент: Фардои некро наздиктар кардем

№11(3648) 02.02.2017

сангвор (3)Ин бори дувум буд, ки саодати ҳамсафарӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияҳои минтақаи Рашт насибам гашт. Ҳадафи ин сафар низ мулоқотҳо бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди андешаву маслиҳатҳо барои татбиқи онҳо маҳсуб мешуд. 

Роҳбарият ва мардуми ноҳияҳо чанд рӯзе пештар дар мавриди ташрифи навбатии вакили худ Шукурҷон Зуҳуров огаҳӣ пайдо карда бошанд ҳам, дидору гуфтугӯҳо — чи дар Рашту Тоҷикободу Лахш ва чи дар Нурободу Сангвор — бо омодагии ҷиддӣ ва гарму хотирмон сурат гирифтанд. Фаъолии ҳайратовари ҷавонон бошад, шоистаи зикри алоҳида аст — онҳо худро аллакай соҳибони воқеии соли 2017 эҳсос мекарданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон чун ҳамеша ба ҳар як ноҳия якрӯзии сафари худро бахшид. Дар ноҳияҳо, пеш аз он ки ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимтарини Паём пардозад, ба ҳозирин бо камоли ифтихор саломи самимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таманниёти беҳтаринашонро бо орзуҳои саломативу саодати мардум ва ободии ҳар чӣ бештари диёри зебоманзари Рашт мерасонд. Ба роҳбарият ва мардуми ноҳияҳо барои дар сатҳи воқеан ҳам олӣ омода ва барпо кардани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар онҳо Пешвои миллат иштирок доштанд, сипосу таҳсину ташаккур мегуфт. Интихобкунандагон дар мулоқотҳо зимни баёни андеша Паёми Пешвои миллатро «муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон», «ифодагари воқеии вазъи имрӯзи корҳо», «тасвири дақиқи ояндаи кишвар», «ҳуҷҷати барномавии стратегӣ», «барномаи ҳаматарафа санҷидашудаи амал барои имрӯзу оянда», «стратегияи рушди муваффақона алорағми таъсироти манфии беруна» ва монанди инҳо ном мебурданд. Мегуфтанд, мо соҳиби ҳуҷҷате шудем, ки, сарфи назар аз таҳдидҳо ва хатарҳои ҷаҳони имрӯз, дили моро ба ояндаи худ ва давлатамон гарм месозад. Мегуфтанд, Паёми солонаи Президент ба мардуми кишвар маънои онро дорад, ки мо зиндагиамонро ҳар сол беҳтар месозем, на баъди ҳар 30-50 сол. Мегуфтанд, ҷиҳати татбиқи Паём дар мактабу ҷамоату корхонаву хоҷагиҳои худ кадом корҳои мушаххасро анҷом дода истодаанд… Ин ҳамаро, бидуни шакку тардид, мешавад шаҳодати равшани огоҳии сиёсӣ ва ҷонибдории самимии онҳо аз шеваи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон унвон кунем.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба интихобкунандагон гуфт, ки Паёми навбатӣ аз нигоҳи иҷтимоӣ хеле рӯҳбахш аст. Дар Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2017 боз афзалият дода шудааст — беш аз 52 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории буҷет ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона хоҳад гашт. Соҳаи дигари хеле муҳим, ки низ маб­лағгузории зиёдро тақозо дорад, бидуни шубҳа, энергетика мебошад, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров. — Энергетика метавонад чун локомотив соҳаҳои дигарро ба пеш бикашад. Алҳол дар ин соҳа 11 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ карда истодаем.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт, албатта, бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳсуб мешавад, ки ба он дувуним моҳ пеш Президенти маҳбубамон шахсан ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ин ҳамаро мардуми шарифи Тоҷикистон тавассути телевизорҳои худ тамошо карданд. Вақте Пешвои миллат вориди кабинаи булдозер шуданд, ман гумон кардам, ки як-ду бор хокро ба дарё тела медиҳанду ба созандагони неругоҳ дуо медиҳанду мефароянд. Яъне, як иқдоми рамзӣ мешавад. Аммо ӯ ҳамаро ба ҳайрат гузошта, як соату чил дақиқа кор карда, дами дарёи Вахшро комилан баста, бо булдозер ба соҳили муқобил гузаштанд. Баъдтар дар як нишасти хоса Ҷаноби Олӣ ёдовар шуданд, ки «дар даруни булдозер дигар фаромӯш кардам, ки ман Президентам — ҳушу ёдам ба суръату тормози булдозер ва дарё банд буданд. Шояд таъсири он буд, ки ин рӯзи таърихиро миллати мо солҳои дароз интизорӣ мекашид? Шояд таъсири он буд, ки ба хотири ин рӯзи нек мо ба чӣ қадар мушкилоту фишорҳои миёншикан тоб овардем? Ба ҳар навъе, ин яке аз лаҳзаҳои хуштарини зиндагиям буд». Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша чархаи ё худ агрегати аввали он то охири соли 2018 ва чархаи дувум аввалҳои соли 2019 ба кор дароварда мешаванд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамагӣ шаш чархаи 600-мегаваттӣ дорад ва дар сурати пурра ба кор даромадан солона ба ҳисоби миёна беш аз 13 миллиард кВт — соат барқ истеҳсол мекунад.

Пешвои миллат дар Паёмашон бо итминони комил гуфтанд, ки дар ояндаи наздик мо ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид.- Воқеан, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми дидору гуфтугӯ бо интихобкунандагон дар ноҳияи Нуробод, — бо тасмими Ҳукумат аз имрӯз — 14-уми январ дар сартосари Тоҷикистон лимити барқ бардошта шуд. Барои мардуми кишвар ин хабари хуштарин, хурсандии калон аст! Барқ, ки тамоми сол бошад, саноат ҳам дар Тоҷикистон равнақи беҳтару бештар пайдо хоҳад кард. Солҳои охир дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон корхонаҳои калону муҳими саноатӣ бунёд шуда истодаанд. Чунончӣ, дар Ёвон, Ҳисор, Ваҳдат, Данғара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен. Моҳи ноябри соли гузашта таҷдиду барқарорсозии навбати аввали Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд низ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида мешавад. Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард. Яъне, талаботи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба нуриҳои азотӣ пурра қонеъ гардонида шуда, содироти он ба хориҷи кишвар роҳандозӣ мегардад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва масъалаи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ бошад, мавзӯи дигари меҳварии Паёми Пешвои миллат буд.

Ба таъкиди Раиси Маҷлиси намояндагон, барои расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ мо бояд ба ҳосилнокии боғу токзор ва зироатҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона созем. Бале, ҳосилнокӣ, ҳосилнокӣ ва боз ҳам ҳосилнокӣ! Мо мисли Русия ва Қазоқистон барои кишт замини зиёд надорем. Ва агар аз замини кам боз ҳосили кам бигирем, табиист, ки ба ҳадаф – таъмини амнияти озуқаворӣ намерасем. Бинед, соли гузашта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 15 сентнер пахта ба даст овардем. Вале чиниҳое, ки дар заминҳои мо пахта кориданд, аз ҳар гектар 80 сентнер ҳосил бардоштанд. Тафовутро бинед! Ё худ мо аз ҳар гектар замини обӣ ба ҳисоби миёна  29 сентнер гандум ба даст овардем. Агар ба таҷрибаи мамлакатҳои дигар назар андозем, фарқияти зиёдро мушоҳида мекунем. Чунончӣ, дар Аврупо дар кишварҳои мисли мо камзамини Ҳолланд, Белгия, Ирландия аз ҳар гектар аз 80 то 110 сентнер ҳосил мерӯёнанд. Дар Осиёву Африқо ҳам ҳосилнокӣ дар Уммон, Урдун, Намибия, Замбия ва Миср аз ҳар гектар   65 – 90 сентнерро ташкил медиҳад.

Ё худ картошкаро гирем, ки, ба истилоҳ, нони дувуми мост. Мо солҳои охир аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 220 сентнер ҳосил мерӯёнем ва гумон дорем, ин натиҷаи хуб аст. Ҳол он ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Зеландияи Нав, Белгия, Ҳолланд, Олмон, Фаронса аз ҳар гектар  450 – 500 сентнер картошка мегиранд. Ҷиҳати расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ бояд олимону тухмипарварони тоҷик он навъҳо ва пайвандҳои гандуму картошкаро созанд, ки дорои сифати олӣ, ҳамчунин ба иқлим мутобиқ ва ба бемориҳо тобовар бошанд.

точикобод (2)Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки дар Қазоқистон ҳам дар маҷмӯъ аз гандум ҳосили кам мерӯёнанд. Вале як роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки алҳол дар нафақа аст, дар дидори дӯстонае ба ману Сергей Наришкин, Раиси собиқи Думаи давлатии Руссия, қисса кард, ки чӣ гуна бо усули обёрии қатраӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар 1000 гектар гандум парвариш намуда, аз ҳар гектар 110 сентнер ҳосили хушсифат ба даст овардааст. Дигарон гандуми ӯро ҳамчун тухмӣ бо нархи баланд харидорӣ намудаанд. Ӯ нишон додааст, ки айб дар замин нест. Мо ҳам, ёдатон бошад, солҳои 1998-2000 дар ноҳияҳои минтақаи Рашт тухмии ҳоландии картошка корида будем. Аз заминҳои Лахш то 700-сентнерӣ ҳосил рӯёндем. Вале имрӯз, дар ҳоле ки шароити кор беҳтару талабот бештар аст, ҳосилнокӣ торафт кам шуда истодааст. Ин, албатта, нигаронкунанда аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар мулоқотҳояш аз «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» ёдовар мешуд. Мегуфт, ки ноҳияҳои минтақа заминҳои азхуднакарда доранд. Ӯ аз ҷумла дар Сангвор иброз дошт, ки «масоҳати ноҳияи шумо дар ҷумҳурӣ баъд аз Мурғоб дувум аст. Дуруст, ки ноҳия кӯҳистонист, вале дараҳои заминдор ҳам кам нестанд. Ҳазорҳо гектар замини нав барои картошка ё боғи мева пайдо кардан мумкин аст. Дар як худи дараи Калп        300  гектар замини обёришаванда мавҷуд аст, ки мавриди истифода қарор надорад».

Пеш дар ҳамин шабу рӯзҳо на ба Суғд рафта мешуд, на ба Бадахшон,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбат дар бораи роҳу нақлиёт, — Тоҷикистон ба се порча тақсим мешуд. Имрӯз мо, хушбахтона, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем. Акнун бояд роҳҳои сохтаамонро ба роҳҳои транзитӣ табдил диҳем. Ин нукта дар Стратегияи нави миллӣ ҳам сабт шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар охирҳои соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то  соли 2030»-ро қабул намуд. Маҷлиси намояндагон онро тасдиқ кард.

Стратегияи навбатӣ чор ҳадафи сифатиро фаро мегирад:

- таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

- аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;

- таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

- вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.

Ва Стратегия аз се марҳила иборат аст:

- якум (солҳои 2016-2020), гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ба сармоягузориҳо, афзоиши итеҳсолоти ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда;

- дуюм (солҳои 2021-2025), гузариш ба рушди босуръат, ки дар сармоягузориҳо асос меёбад;

- сеюм (солҳои 2026-2030), гузариш ба рушди диверсификатсияи истеҳсолоти ба донишу навовариҳо асосёфта.

Дар сурати татбиқи ин Стратегия мо ба пешравиҳои бузург ноил хоҳем гашт, аз ҷумла Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил дода мешавад, иқтидори энергетикии мамлакат аз 17 миллиард киловатт-соати ҳозира то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол афзоиш меёбад ва Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид мегардад.

Маҷлиси намояндагон чанд рӯз пеш «Барномаи миёнамуҳлати рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро, ки марҳилаи якуми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешавад, қабул намуд.

Марҳила ба марҳила татбиқ намудани Стратегия имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи имрӯза то ба 20 фоиз дар соли 2020 расида, ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 дарсади кунунӣ дар соли 2020 ба 30 дарсад баробар шавад.

Чунонки зикр кардам,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- яке аз ҳадафҳои сифатии Стратегия вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул унвон шудааст. Мо афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнатро ба инобат гирифта, минбаъд ба ин масъала таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.

Масъалаи ҷои кор дар ҳар як мулоқот бо интихобкунандагон мавзӯи доғ ва дарднок буд. Зимнан, дар роҳи харобу валангори қисман яхбаставу қисман пур аз лойу чали Нуробод – Сангвор дар ҳудуди ду ҷамоати деҳоти ноҳияи Сангвор мардуми зиёде ба пешвози Раиси Маҷлиси намояндагон сари роҳ баромада буд. Бо дастури Шукурҷон Зуҳуров корвони мошинҳо бозистоданд. Ӯ фаромад. Ҳолпурсӣ кард. Мардум аслан як хоҳиш дошт- ҷои кор.

Дар ҳақиқат, дар Тоҷикистон як гурӯҳи муайяни аҳолӣ аз бекорӣ ва оқибатҳои он ранҷ мекашад. Инро нодида гирифта намешавад.

Шукурҷон Зуҳуров ба мардуми ҷамъомада гуфт, ки давлат миқёси воқеии бекориро медонад ва ҷиҳати ҳифзи бекорон тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Шумо дидед, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ҷиҳати ҳалли ин проблема чӣ қадар дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд. Худо хоҳад, беҳбудӣ мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон баъдтар дар мулоқот бо интихобкунандагон иброз дошт, ки ин проблема танҳо хоси ҷумҳурии мо нест, балки дар аксари кулли давлатҳои ҷаҳон дар маркази тамоми сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Мо тавассути расонаҳои хабарӣ дидем, ки Доналд Трамп, Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳанӯз ба вазифа расман оғоз накарда, тибқи ваъдаҳои пешазинтихоботиаш барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ талош кард. Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, ҳанӯз панҷ сол пеш гуфта буд, ки мамлакаташ дар давоми понздаҳ соли оянда бояд    25 миллион ҷои нави корӣ таъсис диҳад. Яке аз бандҳои муҳимтарини буҷети Иттиҳоди Аврупо барои соли 2017 низ дастгирии рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки бо ин мақсад 20 миллиард евро харҷ карда мешавад. Дар Ӯзбекистону Қазоқистони ҳамсоя ҳам ҷиҳати ҳалли ин мушкили доғ барномаҳои давлатии махсус қабул кардаанд.

Воқеан ҳам, кори хуб пойдевори некуаҳволии хонавода ва кишвар аст. Кори хуб асоси эҳтиром ба худ аст. Кори хуб нишондиҳандаи сиҳатии ҷомеа, давлат ва тиҷорат аст.

Эътидоли буҷет ва фонди нафақа аз баракати ҷойҳои нави корианд. Рушди муназзами минтақаҳо аз баракати ҷойҳои нави корӣ аст. Имконияти пасандоз барои хона ва таҳсили фарзандон аз баракати ҷойҳои нави корӣ аст.

Ҷойҳои нави корӣ нишондиҳандаи он аст, ки мамлакат зиндагӣ дорад, нав мешавад ва ба пеш меравад. Далели он аст, ки кишвар барои сармоягузорон ҷолиб мебошад.

Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, рушди густурдаи соҳибкории хурду миёна қодир аст сатҳи бекориро хеле ҷиддӣ коҳиш бидиҳад. Дар мамолики пешрафта соҳибкории хурд қишри сершумортарини соҳибмулкони хурдро дар бар мегирад. Самараи иқтисодӣ аз рушди соҳибкории хурд аз ҷумла ин аст, ки корхонаҳои хурду миёна 50-60 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро истеҳсол мекунанд. Дар соҳаи соҳибкории хурду миёна 60 дарсади ҳамаи сармоягузориҳо амалӣ мешавад, 50-70 дарсади неруи корӣ сафарбар шудааст ва буҷет аз он даромади зиёде (50 дарсад) мегирад.

Дар мамолике чун ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир корхонаҳои хурду миёна беш аз нисфи маҳсулоти кишварҳояшонро истеҳсол мекунанд.

Ширкатҳои хурд бо харҷи камтар талаботро ба намудҳои камчини маҳсулот ва хизматрасонӣ қонеъ мегардонанд, инчунин фазои рақобат эҷод менамоянд, ки бе он иқтисоди бозорӣ имкон надорад. Онҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, сатҳи бекорӣ ва шиддати иҷтимоиро дар кишвар коҳиш медиҳанд. Соҳибкории хурду миёна қодир аст нисбатан зуд харҷи худро пӯшонад.

Рушди соҳибкории хурд ба ташаккули батадриҷи қишри васеи соҳибмулкони хурд ё худ табақаи миёнаҳол, ки барои худ шароити шоистаи зиндагӣ муҳайё сохта, асоси ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, кафили сиёсии субот ва рушди демократии ҷомеа маҳсуб мешаванд, мусоидат менамояд. Ва дар роҳи рушди соҳибкории хурду миёна ҳар қадар маҳдудияту монеаҳо камтар бошанд, соҳибкорон ба ҳамон андоза фаъолтар амал мекунанд ва мутаносибан сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон беҳтар мегарданд.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз соҳибкории хурду миёна ба андозаи зарурӣ рушд накардааст. Бар илова аксари корхонаҳои хурд асосан дар соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ фаъолият менамоянд. Дар сохтори соҳибкории хурд ва миёна ҳиссаи бизнеси инноватсионӣ ё марбут ба моликияти зеҳнӣ хеле ночиз аст. Ин дар ҳолест, ки соҳибкории хурд дар мамолики рушдкарда тавлидкунандаи азими неъматҳои моддӣ ва катализатори бузурги пешрафти илмиву техникӣ маҳсуб меёбад.

Зимнан, соҳибкории хурд падидаи сирф маҳаллӣ мебошад. Бигзор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳар шаҳру ноҳия, ки талаботу имконияти аҳолиро хуб медонанд, худ тасмим бигирад, ки кадом намуди фаъолияти соҳибкориро дастгирӣ намоянд. Ва аз тарафи Ҳукумати кишвар рушди соҳибкории хурд яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти онҳо дониста шавад. Фикр мекунам, бо ин роҳ низ ба соҳибкории хурд дар кишвар равнақ бахшидан мумкин аст.

Мо дар Маҷлиси намояндагон Кодекси андозро бори дигар таҷдиди назар мекунем, то соҳибкорон, тиҷорати хурд, корхонаҳои бузург ва сармоягузорони хориҷӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тамоми шароиту имкониятро дошта бошанд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки бахши сайёҳӣ ҳам имкон дорад ба теъдоди зиёди одамон ҷои кор диҳад, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ. Аз ин рӯ, дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ин соҳа аз роҳи эҷоди муҳити «солим»-и андоз, пешниҳоди имтиёзҳо ба ширкатҳое, ки тиҷорати худро дар ин бахш роҳандозӣ мекунанд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Президенти мамлакат дар Паёмашон бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ супориш доданд, ки соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Зимнан, бино ба пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии туризм ва ЮНЕСКО дар давраи то соли 2020 хатсайри «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ба яке аз самтҳои ояндадори сайёҳии ҷаҳон табдил меёбад, ки имкон дорад сеяки сайёҳони дунёро ҷалб намояд. Азбаски ин Роҳи бузург аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, рушди густурдаи туризм дар кишвари мо хеле муҳимму саривақтӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки тиҷорати сайёҳӣ на танҳо ба ширкатҳои сайёҳӣ, балки ба давлат ҳам фоида меоранд. Сайёҳӣ барои баъзе кишварҳо соҳаи асосии фоида маҳсуб мешавад, даромад аз он беш аз 90 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Чунончӣ, дар ҷазирадавлатҳое ба монанди Макао, Малдив, Багам. Дар иқтисоди ҷаҳонӣ саҳми туризм 35 дарсадро ташкил медиҳад. Ин баробар ба фоида аз нафт аст. Имрӯз туризм 7 дарсади сармояи ҷаҳониро дар ихтиёр дорад ва ба яке аз тиҷоратҳои фоиданоктарин табдил ёфтааст. Дар бахши туризм 140 миллион нафар сокини сайёра кор мекунад. Ба панҷгонаи мамлакатҳое, ки аз туризм фоидаи бештар мегиранд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (бо 110 миллиард доллар дар як сол), Испания (61 миллиард доллар), Фаронса (56 миллиард доллар), Италия (46 миллиард доллар) ва Чин (41 миллиард доллар) дохил мешаванд. Таваҷҷуҳ кунед, агар 30 сол пеш ба Чин ҳамагӣ 250 ҳазор сайёҳ рафта бошад, акнун шумораи онҳо солона аз 50 миллион нафар бештар мебошад. Ва бо нархҳои пасти молу хизматрасонӣ, ки дар ин давлатанд, 41 миллиард доллар фоида ба даст овардан дар ҳақиқат ҳунари воло аст. Ана ташкили кор, ана мактаби омӯзиш!

Тоҷикистон, ки диёри кӯҳҳои рангобаранг аст, мо бояд ба туризми кӯҳӣ бештар мутаваҷҷеҳ шавем. Дар рӯйхати минтақаҳое, ки туризми кӯҳӣ рушд кардааст, Алп дар мақоми аввал аст. Ҳар сол ба он ҷо қариб 150 миллион сайёҳ меравад. Дар қаторкӯҳҳои Алп (воқеъ дар ҳудуди Австрия, Швейтсария ва Фаронса) зимистон осоишгоҳҳои номдори лижатозӣ фаъолият мекунанд, тобистон бошад, велотуризм, кӯҳнавардӣ ва сайёҳат дар кӯҳҳо маъмул мебошанд. Барои сайёҳон баландии кӯҳ, ки ҳамагӣ 2500 метр аз сатҳи баҳр аст, мураккабии хатсайр ва гузаштан аз ағба ҷолиб будааст. Тасаввур кунед, агар сайёҳони аврупоӣ ба кӯҳҳои сарбаланди мо биоянд ва аз дараҳои хушманзару ағбаҳои морпечи кӯҳҳоямон гузар кунанд, чӣ қадар таассуроту хотироти ширин бо худ мебурда бошанд. Сайёҳон метавонанд ба ҷойҳои диданбобе саёҳат кунанд, ки воситаҳои техникии нақлиёт имкони рафтан надошта бошанд. Дар давлатҳои гуногун дар чунин ҳолатҳо аз филҳо, шутурҳо, гавазнҳо, сагҳо, аспҳо, харҳо ва ҳайвонҳои дигар истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон чӣ бисёр — аспу хар. Фикр мекунам, барои амрикоӣ ё аврупоӣ саёҳат тавассути хар хеле хотирмон хоҳад буд.

Аслан бигирем, дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ дар ҳамаи самтҳои он потенсиали кофӣ мавҷуд аст. Мо ҳам кӯҳҳои осмонбӯс дорем, ҳам кӯлу дарёҳои беназир ва ҳам ёдгориҳои зиёди таърихӣ.

Вале барои рушди туризм меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои нақлиётӣ, мақомоти давлатии танзимкунандаи туризм заруранд. Индустрияи туристӣ барои фоидаи бештар бояд тиҷорати армуғонҳо, либосҳои варзишӣ ва истироҳатӣ, адабиёт оид ба туризм, наворбардориву суратгириро ба ҳамроҳ дошта бошад.

Роҳандозии реклама ва таъсиси сомонаҳо низ заруранд, то сайёҳони дигар давлатҳо бо имкониятҳои мавзеъҳои сайёҳии мо ошно гарданд. Ҳамчунин роҳбаладҳо ва тарҷумонҳо бояд дошта бошем. Аслан, хуб мешавад дар оянда барои омода кардани мутахассисони соҳаи туризм донишгоҳи махсус таъсис диҳем.

Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, ҳадаф аз таъсиси ҷойҳои наву ҷолиби корӣ, пеш аз ҳама, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон мебошад. Бале, ҷавонон, ҷавонон ва боз ҳам ҷавонон!

Аслан, проблемаи ҷавонон ин мавзӯи алоҳида аст. Ҳоло дар ҷаҳон шумораи ҷавононе, ки ба кор ё таҳсил машғул нестанд, аз 650 миллион нафар гузаштааст.

То ҷое, ки ман мушоҳида намудаам, Президентамон дар давоми фаъолияти хеш ба ин панҷ масъала бештар таъкид мекунанд: ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, бедор кардани эҳсоси миллии шаҳрвандон, густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими сохторҳои давлатӣ, дастгирии ҷавонон. Чӣ хеле, ки мебинед, дастгирии ҷавононро Сарвари давлатамон аз масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ меҳисобанд.

Пешвои миллат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад. Агар ба чашми таҳқиқ нигарем, ин иқдом давоми мантиқии сиёсати стратегии давлат дар ин самт мебошад.

Инро ҷавонони минтақаи Рашт хуб эҳсос кардаанд. Дар ҳар мулоқот ду-се нафар ҷавон бо дили саршор аз ифтихор ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми навбатиашон арзи ташаккуру сипос мекарданд, ваъдаҳо медоданд, ки ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат посухи сазовор мегӯянд.

Шукурҷон Зуҳуров дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти «Лангари Шоҳи» — и ноҳияи Тоҷикобод қабл аз мулоқот бо мардуми ҷамъомада ба яке аз чунин ҷавонҳо — раиси тозатаъини ин ноҳия Нодираи Маҳмадисо, ки ҳатто 30 сол ҳам надорад, дастагули пуршукӯҳи махсус аз Душанбе овардаашро тақдим намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки «рӯзи раиси ноҳия таъин шудани Шумо ман дар сафари хориҷӣ будам. Телефонӣ табрик накардам, ки ин ҷо омада, аз наздик табрику таҳсин гӯям. Шумо панҷ сол ба ҳайси муовини раиси ҳамин ноҳия кор кардед. Хуб кор кардед. Истеъдоди роҳбарии Шумо аз назари Президенти ҷумҳурӣ, ки Шумо бо квотаи ӯ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудаед, дур намонд. Президент Шуморо раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин намуданд. Шумо дар таърихи ин ноҳия нахустин бонуи раис ҳастед. Барои Шумо инчунин китоби тозанашри «Бонувон дар сиёсат»-ро овардаам, ки аз кору рӯзгори бонувони сиёсатмадори Тоҷикистон ҳикоят мекунад. Ва бо ин умед месупорам, ки дар нашри ояндаи он Шумо яке аз қаҳрамонҳои ин китоб бошед».

Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияҳои дигар ҳам ба ҷавонон муроҷиатҳои алоҳида мекард. Чунончӣ, дар ноҳияи Сангвор зимни мулоқот гуфт: «Ман ба ҳар орзуе, ки доштам, расидам. Аз Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон хеле сипосгузорам. Фақат мехоҳам ҷавонони болаёқат, донишманд, боистеъдодро дастгирӣ кунам. Инро қарзи инсониву роҳбариву вакилии худ мешуморам. Боҷуръат ба ман муроҷиат намоед. Ҳар чӣ аз дастам ояд, мекунам».

Зарур ба ёдоварист, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Таъсиси мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ҳамчун мақоми доимоамалкунандаи машваратӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Варзиш» ва «Баҳористон», қабул ва маблағгузории Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои якчанд  марҳила, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулу татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» шаҳодати гуфтаҳои болост.

Бояд иқрор шуд, ки имрӯз ҷавонони мо ба мушкилоти зиёд рӯбарӯянд. Вале дар ин кор танҳо давлат гунаҳкор нест. Бубинед, ҷавонон аз Ҳукумат дастгириҳои зиёдтар интизоранд, аммо худашон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба зиндагиашон камтар иқдом мекунанд; онҳо мехоҳанд соҳиби ҷои кори хуб шаванд, аммо дар мавриди ҷустуҷӯи чунин кор на ҳама собитқадаманд; онҳо саломатиро неъмати бебаҳо эътироф мекунанд, аммо на ҳама ба варзиш машғул мешаванд; онҳо саросар худро Ватандӯст мегиранд, аммо на ҳама хизмати Ватанро адо кардан мехоҳанд…

Шумо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқотҳо ба ҷавонони фаъоли Раштонзамин, — бахшида ба Соли ҷавонон метавонед дар ноҳия ва минтақаи худ тадбирҳои зиёде амалӣ намоед. Масалан, метавонед дар воситаҳои ахбори омма бахшида ба Соли ҷавонон дар мавзӯъҳои тарзи солими ҳаёт барои ҷавонон, ташаккули фарҳанги зиндагии бехатар, дастгирии ҷавонони гирифтори мушкилот ва монанди инҳо силсилаи мақолаҳои таҳлилӣ ба табъ расонед, барои ҷавонон мусобиқоти варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо, ки ба кашфу рушди истеъдодҳо мусоидат мекунанд, ташкил намоед, озмунҳои минтақавии «100 идея барои рушди Раштонзамин», «100 идея барои рушди Тоҷикистон», «Маркази ҷавонони Раштонзамин», «Ҷавони сол», «Соҳибкори сол» ва «Ҳашари сол» барпо намоед. Дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ҳам ба намояндагӣ аз ноҳияҳоятон ширкат варзед. Ва боз як пешниҳоди дигар: таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳамаи ноҳияҳои минтақа теъдоди ҷавонони синни аскарӣ хеле зиёд аст. Нақшаи даъват ба хизмат бошад, баръакс, хеле кам аст. Вале иҷрои он ба проблема табдил ёфтааст. Магар ин айб нест? Шумо метавонед шурӯъ аз Соли ҷавонон ба ҳалли ин масъала мусоидат намоед – бо роҳи боло бурдани эҳсоси ватандӯстӣ ва ғурури ҷавонмардии ҳамсолонатон, бо роҳи тарғиби фоидаҳои воқеии хизмати аскарӣ ва монанди инҳо. Дар ҷамъбасти Паёми навбатӣ, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — мо ҳама дидем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикии чанд соат пеш ба унвони худашон фиристодаи Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсонро қироат намуданд. Нома аз ин хусус буд, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намудааст.

Як рӯз баъд Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ҳам ба ин муносибат ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи табрикӣ ирсол намуд. Ҷои ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» рӯзи 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22 марти 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, 2018-2028» ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокини сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом болотар мебарад. Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан ҳам се ташаббуси байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намудаанд ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.Аз рӯи ҳисобу китоби мутахассисон, алҳол қариб сеяки аҳолии сайёра аз оби тоза танқисӣ мекашад. Албатта, башарият дар тамоми асрҳои гузашта ҳам мушкили об дошт. Вале дар даврони мо ин проблема ҷаҳонӣ шудааст. Дар тафовут аз нафт, ки торафт камшавии захираҳои он ба ҳама маълум аст, одамон гумон мекунанд захираҳои об адонашавандаанд, ҳамешагиянд. Мутаассифона, чунин нест – мо солҳои охир шоҳиди хушкидани кӯлу дарёҳои хурд ва камшавии масоҳати пиряхҳо шуда истодаем. Аз рӯи пешгӯиҳои Созмони хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ (FAO), то соли 2035 теъдоди аҳолии сайёра, ки аз об танқисӣ мекашад, аз 4 миллиард хоҳад гузашт. Расидан ба ҳамаи ҳадафҳои рушди устувор, ки даҳсолаи нави об ба ин хотир эълон шудааст, амалан бе миқдори кофӣ ва босифати захираҳои об муяссар намешавад. Ин ба амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди иқтисодӣ, проблемаҳои тағйирёбии иқлим, шаҳришавии босуръати одамон ва дигар иртибот мегирад, ки ҳаллашон ба мавҷудияти захираҳои оби ширин вобаста мебошад. Дар сурати идомаи ин тамоил аҷабе нест арзиши об аз арзиши нафту газ баландтар шавад. Инсоният қодир аст, ки нафтро иваз намуда, ба ҷои он манбаҳои нави энергияро барои худ пайдо ё ихтироъ созад. Аммо об чун ганҷи ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Коршиносон мегӯянд, ба ҳамаи кишварҳо аллакай зарур аст ояндаи худро бо дарназардошти «дурнамои об»-ашон тарҳрезӣ намоянд. Маҳз ба ҳамин хотир ҳифз ва истифодаи хирадмандонаи захираҳои об яке аз вазифаҳои муҳимтарини башарият боқӣ мемонад. Рӯзи 10-уми январ, қабл аз сафари мо ба минтақаи Рашт, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — ҷаласае ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор шуд, ки дар он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат гуфтанд, тибқи ­натиҷаи як назарсанҷӣ, ки соли 2016 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузарондааст, кирдор­ҳои коррупсионӣ аз ҳама бештар дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо содир ­мешудаанд. Таваҷҷуҳ кунед: мақомоте, ки мубориза бо коррупсия вазифаи ҷонии онҳост, мақомоте, ки дар ин кор ба дигарон бояд намунаи ибрат нишон диҳанд, мавриди шубҳа қарор мегиранд!   Донед, ки коррупсия ҳамаи соҳаҳои ҷомеа: иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат ва монанди инҳоро метавонад ба табоҳӣ бикашад ва амнияти миллиро зери хатари воқеӣ қарор бидиҳад.

Зарари коррупсия кам ё беш ба ҳар як узви ҷомеа мерасад. Ман ба шумо танҳо якчанд зарари коррупсияро ба ҳайси мисол меорам: тақсим ва харҷи ғайри самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ; аз даст додани андозҳо; муфлисшавии соҳибкорони хусусӣ; ба кишварҳои дигар кӯч бастани кадрҳои баландпоя; коҳиши воридшавии сармоя ба истеҳсолот, сустшавии рушди иқтисодӣ; афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ; тақвияти ҷинояткории муташаккил – табдилшавии дастаҳо ба мафия; пастравии эътибори сиёсии давлат; вайроншавии ахлоқи ҷамъиятӣ.

Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳу усулҳои нави муассири мубориза алайҳи коррупсия ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистонро даъват намуданд.

Дар ҳақиқат, пирӯзӣ бар офате чун коррупсия танҳо бо кӯшишҳои мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ муяссар намешавад. Бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ба по хезанд. Ба умеди қонунҳои шадид ва ҷазоҳои сахт шуда, набояд фаромӯш кунем, ки, пеш аз ҳама, худи одамҳоро бояд комил созем, дар рӯҳияи риояи меъёрҳои маънавӣ тарбият намоем, вагарна ба ҷои маъмурини аз кор барканоршуда нафароне меоянд, ки ҳамин гуна ҳарису тамаъкоранд.

Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки ба андозаи дилхоҳ паст кардани сатҳи он танҳо дар сурати эҷоди муҳити тоқатнопазирӣ ба ҳамаи зуҳуроти коррупсионӣ муяссар мегардад. Мо дар сурате ба ҳадаф мерасем, ки дар ниҳоди шаҳрвандон ин эътимодро ҷо намоем: коррупсия ин шарр аст, ба он гаравидан шармандагист.

Маҳз ба ҳамин хотир ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд донишҳои ҳуқуқӣ аз бар намоянд ва дорои фарҳанги волои ҳуқуқӣ шаванд.

Дар ҷаҳон ба рушди ҳақиқии иқтисодӣ танҳо давлатҳое даст ёфтаанд, ки дар онҳо зуҳуроти коррупсионӣ то андозаи камтарин коҳиш дода шудаанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқотҳои хеш ба интихобкунандагон оид ба фаъолияти як соли охири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мухтасар гузориш дод.

Вакилони мардумӣ, — иброз дошт ӯ, — то ҳадди зарурӣ тавонистанд ҷараёни қонунгузории кишварро дар самти ҳифзи манфиатҳои давлати миллӣ, Истиқлолияти кишвар ва устувории заминаҳои низоми ҳуқуқии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ вусъат бахшанд.

Натиҷаҳои кори Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи сеюми даъвати панҷум гувоҳи онанд, ки мо дар маҷмӯъ аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақозоҳое, ки ҷомеаи кишвар ва ҷаҳони имрӯз дар баробари мо матраҳ месозанд, баромада истодаем.

Дар ҷараёни фаъолияти як соли охири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 277 қонун, созишнома, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд.

Маҳз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири такмил додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тағйиру иловаҳо пешниҳод намуда буданд. Маҷлиси намояндагон ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар раъйпурсии умумихалқӣ таъин намуд. Ин тадбири муҳими сиёсӣ дар сатҳи олӣ гузаронда шуд ва аксари кулли раъйдиҳандагон тағйиру иловаҳои навро пазируфтанд.

Қонуни нави конститутсионӣ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки Маҷлиси намояндагон қабул кард, тақозои ҳамон тағйиру иловаҳои нав­тарин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ин ҷо дар ҳузури шумо бори дигар мегӯям, ки, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон, — Президенти маҳбубамон аслан ба қабули чунин қонун эҳтиёҷ надоштанд. Эмомалӣ Раҳмон  аллакай пешвои шинохташудаву эътирофгаштаи миллат буданд, мо танҳо ин воқеияти айниро бо санади меъёрии ҳуқуқӣ эътироф кардем.

Тибқи талаботи нави Конститутсия, вакилони Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганди садоқат ёд карданд. Мо бо ин амал на танҳо ба боварии интихобкунандагони худ расман арҷ гузоштем, балки дар таърихи парламентаризми тоҷик саҳифаи нав навиштем. Савганде, ки мо ёд кардем, амиқиву ҷиддияти масъулияти вакилӣ, муқаддасоти ин вазифаи пурифтихор ва мақоми олии намояндагиро бори дигар таъкид менамояд.

Маҷлиси намояндагон ҳамчунин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид кард ва 16-уми ноябрро «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намуд. Ва дар кишвари азизи мо бори нахуст ин ҷашни нави давлатӣ барпо шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст савганди садоқат ёд кардааст. Ин ҷашн таъкиди муҳиме ба саҳми бузурги Пешвои миллатамон дар бунёди Тоҷикистони нав, шаҳодати равшани эҳтирому сипоси мардум ба хидматҳои фидокоронаи Президенти худ аст, ки мутмаинем ба ӯ дар талошҳои минбаъда барои хушбахтии миллат ва шукуфоии давлат неруи тоза мебахшад.

Дар анҷоми мулоқотҳо Шукурҷон Зуҳуров таъкид мекард, ки Паёми Президент танҳо барои гӯш кардану хондан нест. Паём барои кор аст. Ҳадафи ҳар як Паём муттаҳид сохтани ҷомеа барои ҳалли проблемаҳои мубрам ва иҷрои корҳои муҳим мебошад. Мо ҳама вазифадорем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати босифат ва дар сатҳи баланд иҷро шудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргашта тамоми донишу кӯшиши худро харҷ намоем…

Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагони худ то дидорҳои дигар хайрухуш кард. Дар ҷараёни пешвозу гусел ва дидору гуфтугӯҳо баръало ба мушоҳида мерасид, ки ӯ барои мардуми ин минтақа танҳо вакил нест, ҳатто танҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, болотар аст – фарзанди азиз, бародари қадрдон, дӯсти ҳақиқӣ аст. Одамон аз дидор бо ӯ шод мешуданд, аз гуфтугӯ бо ӯ ифтихор мекарданд.

Дар ин эҳтирому эътибори хос, албатта, хидматҳои барои минтақа, барои мардуми минтақа кардаи Шукурҷон Зуҳуров таъсиргузоранд – ӯ ҳанӯз охирҳои солҳои 80-ум се сол раиси Комиҷроияи ноҳияи Комсомолобод буд, ки ҳудуди ноҳияҳои имрӯзаи Нуробод ва Сангворро фаро мегирифт. Охирҳои солҳои ноороми 90-ум се сол масъулияти директории Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаи қарз барои барқарорсозии баъдиҷангӣ дар водии Рашт ва ноҳияи Сангворро ба уҳда дошт. Ва бо вуҷуди он, ки дар минтақа ҳанӯз ҷангиҳои мухолифин мустақар буданд ва кор кардану намояндагони Созмони Милали Муттаҳидро ба назди сохтмонҳо бурдану овардан хатарнок буд, таҳти роҳбарии ӯ 316 иншооти таъиноти гуногун: аз ҷумла беш аз 30 пули мошингузар, даҳҳо мактабу беморхона, беш аз 100 километр хатти барқ, дастгоҳи пахши мавҷи телевизион, хулоса тамоми иншооти зарардида барқарор гашт ё аз нав сохта шуд. Бар илова аз Ҳолланд беш аз 2000 тонна тухмии элитаи картошка дастрас намуда, ба рушди соҳа, ки қариб аз байн рафта буд, мусоидат кард. Инчунин, аз соли 2010-ум ба ин сӯ вакили онҳо дар Маҷлиси намояндагон аст ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа пайваста ва самимона талош мекунад…

Вале сабаби ин ҳама иззату боварӣ, чунонки худи сокинон аз минбарҳову дар суҳбатҳои хусусӣ иброз доштанд, пеш аз ҳама, он аст, ки Шукурҷон Зуҳуров аз оғози барқарорсозии Ҳукумати қонунӣ то имрӯз ҳамсафи воқеан содиқ ва дӯсти комилан боэътимоди Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад.

К. НАВРӮЗӢрӯзноманигор.

Суратгир Неъматулло Алиев