22 майи соли 2016 Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Паёми Сарвари давлат саодатофар мебошад

№25 (3505) 25.02.2016

DSC_0238Бо мақсади тавзеҳи  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияту зарурати тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда дар ноҳияи Мастчоҳ мулоқотҳои гурӯҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода идома дорад. Чунин як мулоқот бо иштироки васеи  мардум дар ҷамоати деҳоти «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Онро раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азизӣ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан Нурулло Оқилзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, аҳамияти тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшавандаро шарҳу тавзеҳ дод. Вай афзуд, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, аз ҷумла таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аз шумори давлатҳое маҳсуб меёбад, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм  мавқеи собиту устувор дошта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Нурулло Оқилзода  дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият, истиқрори сулҳи саросарӣ дар кишвар ва нақши носутурдании Сарвари давлат дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон сухан ронда, ба суолу дархостҳои шаҳрвандон посух гуфт.

Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи «Апрелевка»-и шаҳри Қайроққум мулоқоти Нурулло Оқилзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯҳрат Бӯриев — мушовири Бахш оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҳир Баротов — сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ баргузор гардид.

Дар ин мулоқот Нурулло Оқилзода ва аъзои гурӯҳи корӣ Паёми Сарвари давлатро, ки фарогири тамоми бахшҳои ҳаёти мардум ва мамлакат мебошад, шарҳ дода, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ доданд. Сипас, корманди корхонаи муштараки «Апрелевка» Мирзо Шарифов, собиқадори меҳнат Робия Юнусова  ва чанд нафар дар мавриди Паёми саодатофари Сарвари давлат сухан ронда, ҷонибдории худро аз сиёсати имрӯзаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон иброз доштанд.

Чунин вохӯрӣ, ҳамчунин дар маҷмааи фарҳангии «Навгилем»-и шаҳри Исфара бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова ва гурӯҳи таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури доираи васеи одамони касбу кори гуногун барпо гардид.

Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сайфулло Сафаров  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағйиру иловаҳои пешбинишударо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ доданд.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»