Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон

№34 (4296) 16.03.2021

Чанде пеш дар ноҳияи Вахш бо мақсади пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии Вахш №32 конференсияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон баргузор гардид, ки дар он аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 135 вакил, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ иштирок карданд.

Зикр гардид, ки мутобиқи моддаи 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар сурати пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати онҳо интихоботи нав гузаронида мешавад.

Ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш №32 ба ҷойи вакили хориҷшуда номзадии Абдусаломзода Мунаввар пешбарӣ гардид.

Инчунин, бо ҷонибдории бештар Одиназода Ҳуснигул Раҷаб номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Ҷаббор Расулов № 16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ № 30 ва Вахш № 32 18-уми апрели соли 2021 таъин карда шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»