16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст» ҳамоиш баргузор гардид.
Онро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳим ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо боқӣ мемонад. Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдориашон асарҳои мондагор, китобу сарводаҳои бешумор ва филмҳои ҷолибу сазовор эҷод гардидаанд.
- Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи мардум аст, ки дар муддати кӯтоҳ соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошад, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон, инчунин, таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон хизматҳои барҷаста карданд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин, зикр намуд, ки хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар раванди тағйироти муосири бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, рушди босуботи иқтисодӣ, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, ҳалли проблемаҳои коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷорӣ намудани сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳои иҷтимоӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ» баромад карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи миллатро бо ҳама дастовардҳояш пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намудаанд. Аз миёни он шахсиятҳои таърихӣ ва баркамол номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърих бо хатти зарин навишта хоҳад шуд. Зеро Пешвои миллат замоне ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллат парешон буду кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Суханони самимӣ ва пурэҳсос, даъват ба ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва дилсӯзиву ҷонфидоии Пешвои миллат рӯзҳои нахустини Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба рӯҳи мардум тавон ва дар дили вакилон умеду бовариро ба фардои нек эҳё намуд.
- Маҳз роҳандозии барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати дар ҳама соҳа баҳри пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд. Чунончӣ, дар соҳаи тандурустӣ шумораи бонувони корманд аз 25 ҳазор нафар ба 57 ҳазор расид. Саҳми бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби онҳо 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор 77 ҳазору 400 нафарро дар миқёси ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Ӯ, инчунин, зикр кард, ки дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дошта, танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, касбомӯзӣ, солимии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, дастгирии ҷавонону бонувон, маориф ва илм, рушди сайёҳӣ мунтазам таҳким меёбанд.
Ҳанӯз дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини эҳтиёҷоти сокинон бо ду фармон Сарвари давлат ба мардуми кишвар 75 ҳазор гектар замини корами обиро тақдим намуданд, ки он замон халқро аз вартаи гуруснагӣ раҳоӣ бахшид. Бо дастури бевоситаи Ҷаноби Олӣ барои дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокин аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакпулиҳои иловагии иҷтимоӣ пардохт шуданд.
Ҳамчунин, барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 — уми сентябри соли 2020 нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз, нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо — 15, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ — 10, андозаи нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ — 20 ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум 50 фоиз зиёд карда шуд. Умуман, тайи 30 сол 41 маротиба музди маош зиёд гардидааст, ки аз мардумсолории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дар мавзӯи «Ниҳоди президентӣ дар ташаккули давлати соҳибистиқлол» сухан карда, қайд намуд, ки он ҳамчун унсури ҷудонопазири низоми сиёсии беш аз 150 кишвари ҷаҳон шинохта шудааст. Шакли идоракунии зикршуда дар аксар кишвари Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ва давлатҳои пасошӯравӣ ҷой дорад. Ҳамчунин, ҳар кадом аз ин давлатҳо дорои хусусият ва навъи хоси шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ буда, вобаста ба ин, мақом ва ваколатҳои Президент дар ҳар давлат сифатан гуногун мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани ниҳоди президентӣ, ҳамчун шакли идораи давлатӣ, мақсади ташаккули ҷомеаи демократӣ, пойдор намудани тартиботи конститутсионӣ, таъмини ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дошт. Яке аз хусусиятҳои хоси фарқкунандаи ниҳоди президентӣ аз дигар ниҳодҳои сиёсии давлат он аст, ки муҳимтарин вазифаи иҷтимоию фарҳангиро адо намуда, ба сифати рамзи ягонагии халқ баромад мекунад.
- Баъд аз ҳазору сад сол ба фарзанди шуҷоъ ва хирадманди миллат Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки бо нерую истеъдоди Худодод, муҳаббати беназир ба халқу Ватан, дурбинона давлатдории миллии тоҷиконро бо ҳама рукнҳои муносиби сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ бунёд гузорад, — гуфт Шоҳмурод Рустам.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро муайян намуданд, ки асоси рушди иқтисодии кишвар, барномаю стратегияҳои давлатии рушди босуботи иқтисодиёт буданд.
Ҳоло, бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок Президенти мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд ва ба кор даровардани иқтидорҳои НБО «Роғун» яке аз омилҳои таъминкунандаи дастрасӣ ба ин ҳадафи миллӣ мебошад.
Ҳамаи ин талошҳои Пешвои миллат имкон дод, ки пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани бунёдкорию созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳама соҳа таъмин гардад.
Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода перомуни «Нақши Президенти кишвар дар рушди соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмилалӣ бо ҷонибдорӣ аз рушди ҷавонони мамлакат ва эътибори беандоза ба таҳкими пояҳои сиёсати давлатии ҷавонон мақоми хосса доранд.
Дар давраи басо вазнин, парешонии миллат ва вазъияти ногувор мулоқоти нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 2 феврали соли 1993, яъне, дар 70-ум рӯзи сарвариашон баргузор гардид. Сипас, дар ҳамон вазъияти бениҳоят ҳассос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид.
Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Давлат ва Ҳукумати кишвар соли 1998 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис ёфт. Ҳамчунин, бо фармони Президенти кишвар Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
- Натиҷаи ҳамин имтиёзу дастгириҳо буд, ки агар соли 1992 дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо шумораи 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, айни замон 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии зиёда аз 245 ҳазор нафар донишҷӯ ва дар хориҷи кишвар зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунанд, — гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.
Ӯ аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи варзиш низ ёдоварӣ кард: — То даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат қариб 5 ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ мавҷуд буд, ин шумора соли 2020 ба 10218 адад расид. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ алҳол 128 мактаби варзишӣ амал менамояд.
Агар тайи 70 соли даврони шӯравӣ варзишгарон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин рақам ба 5743 адад расид.
Солеҳа Холмаҳмадзода дар бораи рушди соҳаи туризм дар мамлакат сухан ронда, зикр кард, ки бо ташаббуси Президенти кишвар Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуд. Таъсиси сохтори алоҳидаи соҳавӣ дар симои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули санадҳои алоҳида дар ин самт ба пешрафти соҳа мусоидат намуд.
Соли 2018 нишондиҳандаҳо то ҳадди имкон натиҷагирӣ шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 млн. 155 ҳазор нафар расид. Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1 млн. 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардид. Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ ва дар умум 289 иншооти сайёҳӣ фаъолият дорад.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар мавзӯи «Пешвои миллат — меъмори давлатдории таърихи навини тоҷикон» баромад карда, аз ҷумла, гуфт, ки Рӯзи Президент санаи муҳими таърихи миллат ба ҳисоб меравад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос вазифаи Сарвари давлат хомӯш кардани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва нигоҳ доштани миллат аз парокандагӣ буд. Ин вазифаи таърихиро Пешвои миллат сарбаландона иҷро кард.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарҷон Маҳмудзода зимни баромад дар мавзӯи «Сиёсатмадори ҳадафманду боистеъдод» аз заҳматҳои Сарвари давлат барои барқароршавии сулҳу осоиштагӣ дар мамлакат ёдовар шуда, зикр кард, ки то ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне, 27 июни соли 1997, Пешвои миллат ба хотири осоиштагии мамлакат 21 маротиба гуфтушунид ташкил карда, 7 маротиба дар муколамаҳо шахсан иштирок намуданд. Ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба ба халқи Тоҷикистон муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаю табрикот намуда, доимо аз дӯстию ваҳдат суҳбат мекарданд. Ба дили мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ бехонумоншуда бо суханони дилгармкунанда ба ояндаи нек боварӣ мебахшиданд.
- Пас аз истиқрори сулҳ бо ибтикори Пешвои миллат бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ шоҳроҳҳои Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб — Панҷакент, Душанбе — Файзобод — Лахш — Қарамиқ, Душанбе — Турсунзода — Дӯстӣ, роҳи оҳани Душанбе — Ваҳдат — Ёвон ва ғайра ба истифода дода шуданд. Тавассути бунёди нақбҳои «Анзоб» ва «Шаҳристон» роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд тамоми сол мавриди истифода қарор гирифт. Қабл аз бунёди нақбҳо роҳи мошингарди вилояти Суғд қариб 6 моҳ баста мегардид, — гуфт Музаффарҷон Маҳмудзода.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода дар маърӯзааш зери унвони «Хизматҳои шоёни Пешвои миллат баҳри таъмини сулҳ» таъкид намуд, ки зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум, ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро дар вусъати ҳадафҳои миллӣ ангезиш дода, қудрати амал ато намуд.
- Хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр бояд кард, зеро дар дарёи сулҳу оромӣ шино кардан, дар боғи ваҳдату созандагӣ мева чидан, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва сайр намудан дар гулгаштҳои пешрафту тараққиёт маҳз ба шарофати бевоситаи Пешвои миллат аст, — гуфт Ҳуснигул Одиназода.
Дар хотима Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти он бояд ба наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
- Боиси хушҳолию қаноатмандист, ки бо пешниҳоди аҳли эҷоду зиё ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода шуд. Ин раванд воқеияти арзишманду таърихӣ буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Пешвои миллат иртиботи ногусастанӣ дорад ва ба пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ мусоидат карда, неруҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Дарвоқеъ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дастуру ҳидоятҳояшон ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа хизмат хоҳанд кард.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ