Рӯйдоди тақдирсоз

№ 14.11.2017

Ҳодисаҳои дар кишвар аввали солҳои 90-уми садаи бист рухдода хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва парокандашавии миллати ­тоҷикро ба миён овард. Вазъи муташанниҷи сиёсии давр сохторҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ гардонд. Ягона сохторе, ки салоҳияти худро иҷро мекард, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ана дар ҳамон гуна шароити вазнин ва мураккаб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 кори худро оғоз намуд, ки қадами аввалин ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионии давлат ва иқдоми муҳим дар интихоби роҳбарияти нави сиёсии Тоҷикистон буд.

Таърих исбот намуд, ки он вақт вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар интихоб хато накарданд. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзае, ки зимни суханронӣ «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам» — гуфтанд, ба дили мардум роҳ ёфтанд ва дар заминаи боварию эътимод халқ бо сарварии Пешвои миллат қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи босубот гузоштанд.

Истиқрори сулҳ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун комёбии асосӣ дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳои минбаъда буд. Ин маънои онро дошт, ки Сарвари давлат ба ваъдаи додаашон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вафо карданд ва исбот намуданд, ки дар Тоҷикистон неруҳои солим ва тавоное ҳанӯз мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳама гуна низоъро гирифта метавонанд.

Санадҳое, ки дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардиданд, барои муътадил сохтани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Қаpоpҳое қабул шуданд, ки сарнавиштсоз буданд ва барои муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва қабули Конститутсияи нав замина гузоштанд. Маҳз баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз шуд ва низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи нав ташаккул ёфт, ки бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат намуд.

Дар китоби таърихи халқи тоҷик саҳифаи нав бо унвони «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон» илова шуд. Иҷлосияи мазкур ҳамчун заминаи ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ маҳсуб гардид, зеро барномаҳои дигаргунсозии иқтисодӣ аз он оғоз ёфтанд.

Иҷлосия ба рушди фарҳанги миллӣ замина гузошт, ки имрӯз он ба инкишофи низоми давлатдории навин – давлатдории миллӣ дар пояи устувор ва гуманистӣ мусоидат мекунад. Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум сол аз сол беҳтар мешавад. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди НБО-ҳои хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, бо фармони Президент тақсим шудани ҳазорҳо гектар замин ба деҳқонон ва таъсиси ҳазорон хоҷагии деҳқонӣ, зиёд шудани теъдоди иншооти нави иҷтимоиву фарҳангӣ далели пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад.

Бо гузашти 25 сол, агар ба ҳодисаҳои имрӯзаи дар баъзе аз давлатҳои минтақа баамаломада назар афканем, бори дигар собит мешавад, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдирсоз буд, зеро таҷрибаи сулҳофаринии давлати мо, роҳҳои ба даст овардани ризояти миллӣ дар он солҳо, имрӯз аҳамияти байналмилалӣ касб намудааст. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон бо Сарвари тозаинтихоби худ, сарфи назар аз бозиҳои тезутунди геополитикӣ ва фишороварии дастаҳои тавоно, нақшаҳои пурхатари доираҳои муайяни хориҷӣ ва сиёсатмадорону гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ, масъулияти таърихии созандагиро ба зимма гирифта, тавонистанд манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузоранд.

Иҷлосия боис гардид, ки халқи тоҷик бо Пешвои хеш истиқлолияти сиёсӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз намуда, дар муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра ноил шавад. Аз тарафи аксари кишварҳои дунё ба расмият шинохта шудан ва дар беш аз 100 давлати ҷаҳон фаъолият намудани намояндагиҳои дипломатӣ, узвият ва ширкати фаъолона дар созмонҳои байналмилалӣ, баромадҳои Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд­пояи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, қабул шудани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ин сатҳҳо, алалхусус, доир ба масъалаи оби тоза ва мубориза бар зидди терроризму ифротгаройии динӣ, исботи рушди дипломатияи тоҷик мебошад.

Роҳбарияти мамлакат ба густариши унсурҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад. Интихоботи умумихалқии Президент, вакилони Парламент, Маҷлисҳои маҳаллӣ, фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоию фарҳангӣ, озодии сухан ва эътиқод гувоҳи равшани он мебошад.

Дар маҷмӯъ, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки зимоми давлатдориро ба шахси қавииродае супорид, ки пеши роҳи хатари нобудии давлатро гирифт, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, ҳокимият, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Артиши миллӣ, неруҳои сарҳадиро барқарор намуд. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё ва миллатро сарҷамъ кард, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон ва бунёди ҳуқуқии онро фароҳам сохт. Дар натиҷа, сатҳи некуаҳволии мардум ва шароит барои рушди илму маориф беҳтар шуд, эътибори сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ афзун гардид.

Насиба Содиқова,

Мавзуна Шамсиддинзода,

вакилони Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон