Ҷӯрахон Маҷидзода: «Давлатҳо аз таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон бояд истифода баранд»

№141 (3778) 28.11.2017

DSC_9205Бисту сеюми ноябри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ­Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир бо коршиноси техникӣ оид ба масъалаҳои сулҳоваронаи намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ёким Мартелл мулоқот кард.

ҷонибҳо аз ҳамкории Тоҷикистону САҲА ёдовар шуда, густариш додани онро ба манфиат донистанд. Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки САҲА дар таҳияи қонунҳои алоҳида бо мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи безарар гардонидани минаҳо» як сол пеш қабул шуд, ки шароити хубро дар ин самт ба вуҷуд овард. Номбурда, ҳамчунин аз таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бояд дигар давлатҳо аз он самаранок истифода баранд.

DSC_9168Ҷӯрахон Маҷидзода афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба масъалаҳои вобаста ба сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, сулҳоварии байналмилалӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайримуҷозотӣ диққати махсус зоҳир менамояд ва назорати давлатии фаъолияти сулҳоварона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.

- Дар қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад», — гуфт ӯ ва идома дод:

- Муқаррароти Конститутсия — эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва соҳибис­тиқлолии дигар давлатҳои дӯсту бародар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипи баробарии давлатҳо дар назар дорад. Ин принсип ва барқарор намудани робитаҳои сулҳҷӯёна аз қисми 1 моддаи 2 Оинномаи СММ, Эъломияи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санади ниҳоии машварат оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо бармеояд.

Ҷӯрахон Маҷидзода, ҳамчунин, ёдовар шуд, ки айни ҳол аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст, ки мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.

Ёким Мартелл ба масъалаи иштироки занҳо дар безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон дахл намуда, зикр кард, ки он баробарии гендериро таъмин менамояд. Доир ба фаъолияти сулҳоварона низ андешаронӣ намуда, таҷрибаи Тоҷикистонро дар ин самт омӯзанда маънидод кард.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»