Равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Полша тақвият меёбанд

№91 (3392) 06.07.2015

DSC_1337Муовини  Раиси  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиев санаи сеюми июли соли 2015 бо ноиби Раиси Сейми (Парламенти) Ҷумҳурии Полша Ежи Вендерлих ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Дар  мулоқот ба  масъалаи  густариши  ҳамкориҳои  байнипарламентӣ  миёни Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Полша таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Муовини Раиси  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор дошт,  ки миёни  парламентҳои  ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал  мекунанд ва ташрифи  Гурӯҳи дӯстии Сейми Ҷумҳурии Полша ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯрии Президентҳои Тоҷикистону Полша мебошад.

Зикр шуд, ки ба роҳ мондани мулоқоту дидорҳои намояндагони парламентҳои Тоҷикистону Полша барои боз  ҳам  густариш  пайдо кардани  муносиботи байнипарламентии мамлакатҳои мо мусоидат намуда, дар самти истифодаи таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода  намудани лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо кумак хоҳанд кард.

Акрамшо Фелалиев таъкид кард, ки барои Тоҷикистон ва Полша имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла равобити байнипарламентӣ,  иқтисоду  тиҷорат,  илму  маориф,  кишоварзӣ,  фарҳанг вуҷуд дорад.

- Парламентҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд, — таъкид кард Акрамшо Фелалиев ва илова намуд,  ки тақвият бахшидани  ҳамкориҳои  байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сейми Ҷумҳурии Полша шароити боз ҳам муносибро дар раванди тақвияти  ин  ҳамкориҳо фароҳам хоҳад овард.  Ҳамкориҳои дуҷонибаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Полша дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ асос ёфта,  раванди рӯ ба инкишофро  касб кардааст.

Зимни мулоқот дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Полша дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар шуд. Зикр гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки онҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Полшаро ба вуҷуд овардаанд..

Ноиби Раиси Сейми (Парламенти) Ҷумҳурии Полша Ежи Вендерлих дар навбати худ хостори  густариши  ҳар чӣ  бештари ҳамкориҳои байнипарламентии кишварашон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, афзуд , ки яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи  Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парламенти Полша ба шаҳри Душанбе  баррасии  масъалаи  тақвияти ин  ҳамкориҳо  ба шумор меравад.

- Сафари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони Полша ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши таҷрибаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар  санадҳои дорои аҳамияти  дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, — таъкид карданд намояндагони Сейми  Ҷумҳурии Полша.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбар ва аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сейми Ҷумҳурии Полша Маҷидзода Ҷурахон Зоир,  Саидҷаъфар Исмонов,  Гулбаҳор Ашурова  ва Равшан Раҷабов иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ