22 майи соли 2016 Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Роҳнамо ба зиндагии шоиста

№25 (3505) 25.02.2016

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Миралиён Қиёмиддин 22 — 24 феврали соли равон дар деҳоти «Аскалон», «Ҳиҷборак», «Ҳоит» ва «Ясман» — и ноҳияи Рашт  бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронид.

Дар мулоқот номбурда зикр намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф вазъи имрӯзаи мамлакатро инъикос намояд, аз ҷониби дигар барои дар муддати кӯтоҳ таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолии кишвар раҳнамоӣ мекунад. Ҳар як сокини мамлакат бояд бо муҳтавои Паём ошно бошад ва дар фаъолияти корию зиндагиаш аз он истифода барад.

Қиёмиддин Миралиён ба масъалаи мавқеи ҷавонон дар ҷомеа диққати ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид кард, ки Сарвари давлат ба ҷавонони ояндасози кишвар боварии зиёд дорад ва ин нукта дар Паём махсус таъкид гардидааст.

- Ҷавонони мо бояд, тарзе кору зиндагӣ кунанд, ки ба ин боварии Сарвари давлат сазовор бошанд, — гуфт ӯ ва идома бахшид: — Мо бояд на танҳо ба таълиму тарбияи писарон, балки ба таълиму тарбияи духтарон низ диққати ҷиддӣ диҳем, зеро онҳо метавонанд дар рушди кишвар саҳми сазовор гузоранд ва дар мансабҳои гуногуни давлатӣ бо сари баланд ифои вазифа намоянд.

Вакили Маҷлиси намояндагон дар идомаи суҳбаташ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки рушди устувори ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон, тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Ин аз пешрафту инкишофу вазъи сиёсии ҷомеа бармеояд.

Дар вохӯрӣ раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳиҷборак» Аҳмад Мирзоев ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сокинони деҳот изҳорӣ миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки рӯзи 22 майи соли равон сокинони деҳоти мо дар раъйпурсии умумихалқӣ иштироки фаъолона намуда, якдилона ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз медиҳанд.

 Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»