Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россия тавсеа меёбад

№50 (4633) 07.04.2023

DSC_8215Дар доираи робитаҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, байни вакилони парлумонҳои ин давлатҳо вохӯриву суҳбатҳои судманд доир мешаванд. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев  иброз гардид. 

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд. Ҳамкории ҳар ду давлат, ҳамчунин дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбад. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотиву фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, инчунин филиали ду донишгоҳи бонуфуз — Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М. Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд.

Тӯли солҳои охир теъдоди донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон