Сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия

№142 (3288) 26.11.2014

Ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 26 ноябри соли 2014 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ намуд. 

Ҳайати парламентӣ дар доираи ин сафар  дар ҷаласаи Шӯро ва Иҷлосияи чилу якуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё иштирок менамояд.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон