Ваҳдати миллӣ, ки соли равон 26 — солагии онро таҷлил менамоем, беҳтарин орзуи амалишуда ва дастоварди таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад.
Соли 1991 баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҳизбу гурӯҳҳое ба миён омаданд, ки ба ҷойи обод кардани кишвари тозаистиқлол бо дасисаи бегонагон рӯ ба ихтилофу фитнаангезӣ оварданд. Кашмакашҳои сиёсӣ оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Дар ин ҷанги бародаркуш 157 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, 25 ҳазор оила бесаробон, 58 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ятим ва 1,5 миллион нафар гуреза шуданд. Илова бар ин ҳазорҳо хона вайрону мактабу муассисаҳои фарҳангӣ валангор ва роҳу кӯпрукҳо харобу корношоям гаштанд.
Зиёда аз 100 ҳазор мутахассис, тарки Ватан намуданд. Иқтисодиёти миллӣ мувофиқи ҳисобҳои гуногун аз 7 то 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид. Хазинаи давлатӣ тиҳӣ шуд.
Вақте ба бахти мардуми кишвар 16 ноябри соли 1992 вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон фарзанди ҷасуру хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ин ҷавонмарди фозил бо азму иродаи қавӣ ҳамагонро дилпур сохт: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гул- гулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».
Пас аз анҷоми ин иҷлосияи таърихӣ Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ тадбирандешӣ ва музокиротро шурӯъ намуданд, зеро дар он давраи пуртаҳлука хавфи аз байн рафтани давлат ва парокандашавии миллати тоҷик хеле зиёд буд.
Бо мақсади истиқрори сулҳу амният бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то июни соли 1997 бо ҷониби мухолиф 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ сурат гирифт, ки Сардори давлат дар 7 музокирот ширкат варзида, ба 15 ҳуҷҷати таҳиягардида бо имзои хеш раъяшонро изҳор намуданд. Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои зиёд 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Санади мазкур роҳро ба сӯи тараққиёти мамлакат боз намуд. Пас аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1997 рушди иқтисодӣ ба назар расид, ки он 1,7 дарсадро ташкил дод. То имзои ин созишнома Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1991 қариб 68 дарсад кам гардида буд.
Дар натиҷаи аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ нишондиҳандаҳои иқтисодӣ боло рафта, даромади буҷети давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997 ба 8,3 миллиард дар соли 2011 ва 15,3 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расид. Соли 2023 ин рақам 37 миллиарду 72 миллиону 956 ҳазор сомониро ташкил дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 апрели соли 2010 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Мақсади асосии сиёсати рушди босуботи иқтисоди миллии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд». Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаи саноат якчанд барномаву стратегия ва чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуд. «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022», «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020», «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2020», «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025» аз ҳамон ҷумлаанд.
Дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 12,1 дарсади соли 2014 ба 17, 4 дарсад дар соли 2020 расонида шуд. Дарвоқеъ рушди соҳаи саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мусоидат намояд.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар кишвар шумораи корхонаю коргоҳҳои саноати сабук 490 адад, саноати хӯрокворӣ — 520 ва саноати масолеҳи сохтмонӣ 530 ададро ташкил дод.Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 иброз намуданд: «Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд».
Соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Соҳаи кишоварзӣ низ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди он як қатор қонунҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»,»Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи чарогоҳ», қабул гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои муфид тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид. Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.
Аз таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон маълум аст, ки агар давлат тинҷу осуда ва мардумаш муттаҳид бошанд дар ҳама соҳаҳо пешравӣ хоҳад шуд. Яъне, заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ аз ваҳдату осоиштагӣ ва оромии ҷомеа сарчашма мегиранд. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад».
Фазлиддин ИКРОМӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон