Даҳуми июни соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2014 вобаста ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Агентии давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Бонки Умумиҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Акрамшо Фелалиев зимни ифтитоҳи ҷаласа, минҷумла гуфт:
- Дар ду даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим дар дунё яке аз масъалаҳои муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин мавзӯъ изҳор доштанд, ки «…Тоҷикистонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайваста ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пиряхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид.».
Аҳамияти ташкили мушоҳидаҳои мунтазам ва дақиқ тавассути дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои обуҳавосанҷиро махсус бояд қайд кард. Чунин нуқтаҳои бо технология ва барномаҳои компютерӣ муҷаҳҳаз метавонад ба соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳифзи аҳолӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим кумак расонад.
Баъд аз Конференсияи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид — Рио — 1992 ҳифзи муҳити зист дар қатори соҳаҳои афзалиятнок ҷой гирифта, кишварҳои оламро вазифадор намудааст, ки ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Соли 2012 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро ба тасвиб расонид, ки тибқи он доир ба дастгирии бахши обуҳавошиносии мамлакат ва сохторҳои маҳаллии он ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ тавассути таъмин намудани дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, стансияҳои ҳавосанҷӣ бо таҷҳизоти муосир ва омода намудани онҳо корҳо шурӯъ шуданд.
Сипас, сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров дода шуд. Вай роҷеъ ба аҳамияти ин масъала ҳарф зада, аз ҷумла иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи 21-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки 30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Париж баргузор гардид, зикр намуданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ дар ин росто фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030» ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудаанд».
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пилотӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Фонди сармоягузории иқлим (CIF) ва дигар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамкориҳои муфид дорад.
Соли 2013 татбиқи Лоиҳаи грантии Барномаи пилотӣ оид ба «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти зиндагӣ дар деҳот» дар 7 ноҳияи пилотӣ аз ҳисоби Бонки Умумиҷаҳонӣ ба маблағи 17 млн. доллари америкоӣ шурӯъ гардид. Моҳи гузашта Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои молиявӣ ва грантиро дар ҳаҷми 2,83 млн. доллар маблағи грантии иловагӣ ба ин Лоиҳа баррасӣ ва тасдиқ намуд.
Ҳамрадиф бо ин, дигар барномаҳо (лоиҳаҳо) вобаста ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла барои дастгирии мақомоти миллии обуҳавошиносии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва сохторҳои маҳаллии он, таъмин ва барқарор намудани мақомоти обуҳавошиносӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва тавассути маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Он яке аз компонентҳои Барномаи пилотӣ ба ҳисоб рафта, ба амалигардонии чорабиниҳо ҷиҳати таъмини рушд ва мустаҳкамгардонии заминаи моддию техникии мақомоти обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфрасохтор ва омода намудани мутахассисон равона гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳа таъмини саҳеҳият ва фаврияти иттилоотӣ аз тарафи мақомоти миллии обуҳавошиносии давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳодшаванда, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон иборат аст.
Лоиҳа аз се компонент иборат буда, компоненти аввали он (А) ба масъалаҳои минтақавӣ, компоненти дуюм (В) марбут ба Ҷумҳурии Қирғизистон буда, компоненти сеюм (С) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад ва тавассути Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал идора мешавад.
Таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати чорабиниҳои пешбинишуда ба рушди минбаъдаи мушоҳидаҳои шабонарӯзӣ ҷиҳати пешгӯии вазъи обуҳаво, сар задани офатҳои табиӣ, муайян намудани захираи барф, ҳолати пиряху кӯлҳо ва пешбурди мониторинги ифлосшавии обуҳаво мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи мазкур соли 2012 оғоз ёфта, соли 2018 ба итмом мерасад. Маблағи умумии лоиҳа 13 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Агентии давлатии обуҳавошиносӣ, дар Тоҷикистон 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ ва 54 стансияи ҳавосанҷӣ, ки 796 нафар корманд дорад, фаъолият мекунанд.
Тибқи дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли 2016 барои омӯзиши иҷрои корҳои лоиҳаи мазкур вакилон ба як қатор дидбонгоҳои обсанҷӣ ва стансияҳои ҳавосанҷии шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз он ҷумла ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринаву Варзоб, Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ намуданд. Маълум гардид, ки чор соли охир тибқи лоиҳаи мазкур кори зиёд ба сомон расида, ба ивази таҷҳизоти куҳнаи давраи шӯравӣ таҷҳизоти замонавии компютерӣ васл гардидааст ва иттилооти лозимӣ ба воситаи интернет ба маркази иттилоотӣ тибқи ҷадвал фиристода мешавад.
Корҳои ба итмомрасида дар давраи тағйирёбии иқлим барои пешгӯйии селфароӣ, боридани ҷола, болоравии сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии вазъи пиряхҳо ва дигар ҳолатҳои таъсири тағйирёбии иқлим ва таъминоти фаврии оперативии иттилооти гидрометеорологӣ фароҳам аст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» тағйиру иловаҳоро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.
Бояд қайд кард, ки дар соҳа мушкилоте мавҷуданд, ки ба ҳалли ҳар чӣ зудтар ниёз доранд. Барои мисол, музди меҳнати мушоҳидачиён ва техникҳое, ки дар дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои ҳавосанҷӣ фаъолият мекунанд, аз 270 сомонӣ то 290 сомониро ташкил медиҳад. Дар баъзе дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои ҳавосанҷӣ шахсони воқеӣ заминҳоро ғайриқонунӣ ишғол намудаанд.
Дар робита ба ин масъала директори Агентии давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Ҳомидҷон Ҳасан низ андешаронӣ кард.
Ӯ ҷудо нашудани маблағҳои зарурӣ барои таъмини устувории молиявии Агентии обуҳавошиносӣ, ночиз будани музди маоши кормандони он, ба танзим даровардани раванди гирифтан ва иваз намудани Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дар шабакаҳо ва ғайраро аз ҷумлаи мушкилоти мавҷуда номид. Ҳамрадиф бо ин, номбурда муътақид аст, ки ба «Низомнома дар бораи иҷозатномадиҳӣ» ворид намудани илова дар бораи «Литсензиякунии фаъолият дар бахши обуҳавошиносӣ» ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ» ворид намудани илова дар бораи истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ дар раванди суғуртакунонӣ зарур ва ногузир аст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода низ ибрози назар кард, ки:
- Мақсади асосии мушоҳидаҳои мунтазам ва ҳамаҷонибаи иқлим беҳтар кардани сатҳи огоҳӣ аз он мебошад. Ин омил ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ қарорҳои аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳимро қабул намоем. Аз ин рӯ, шабакаи мавҷудаи давлатии мушоҳидаҳои иқлим ниёз ба такмил ва рушд дорад.
Аввалин нуқтаҳои обсанҷӣ дар Тоҷикистон соли 1889 ташкил шудаанд. Шумораи умумии стансияҳо ва дидбонгоҳҳо имрӯз 160 ададро ташкил медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба вазъи молиявӣ, фаъолияти онҳо қаноатбахш нест. Вале мо фишори антропогениро ба муҳити зист, ки бо афзоиши аҳолӣ, дигар шудани шакли моликият ва муносибатҳои иқтисодӣ, индикатори ҳолати имрӯзаи ҷомеа мебошад, наметавонем нодида гирем.
Тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои номатлуби он сабаби паст гаштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, тез-тез ба амал омадани селу дигар офатҳои табиӣ ва муҳоҷирати одамон гаштааст. Ҳар сол кариб 30-40 ҳазор гектар замин ба шаклҳои гуногуни биёбоншавӣ гирифтор гардида, чарогоҳҳо ҳолати хуб надоранд. Буриши ҷангалзорҳо низ масъалаи ташвишовар аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот пайваста бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷудаи молиявӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пулод Муҳиддиниён, Рустам Латифзода, Аҳмадҷон Қобилов, Баҳром Абдуалимов, Рустам Қудратов, Ҷамшед Муртазоқулов, Зайнудин Сафаров ва Муҳаббатшо Рузадор дар муҳокимаи масъалаи баррасишуда фаъолона иштирок карда, ба шахсони масъул савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуданд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»