Шукурҷон Зуҳуров Абдулазиз-ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт

№150 (3630) 07.12.2016

DSC_1089Дуюми декабри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири нави фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз-ал-Бодӣ мулоқот намуд.

- Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қаноатманд ҳастем ва баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо ҳамеша омодаем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин аз механизми муҳими ҳамкории ду кишвар — Комиссияи муштараки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ёдовар шуда, изҳори итминон намуд, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар соҳаҳои умедбахшу ояндадор хеле  зиёданд.

- Ба илова, — афзуд ӯ, — баҳри тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдову саноат таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду кишвар, ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба мақсад мувофиқ аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар робита ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабис­тони Саудӣ зикр намуд, ки мақоми олии қонунгузори Тоҷикис­тон омода аст, пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.

Абдулазиз-ал-Бодӣ изҳор дошт, ки аз имконот ва донишу маҳорати худ ҷиҳати тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон