Шукурҷон Зуҳуров: «Мо — вакилони мардумӣ ба зиндагӣ бо чашми сокинони одии кишвар назар меандозем»

№115 (3752) 28.09.2017

DSC_2137Сафари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишварамон баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як силсила қонунҳои соҳаи маориф сурат гирифта бошад ҳам, доираи мавзӯи суҳбатҳои Шукурҷон Зуҳуров дар ҳавзаи интихоботии №12 хеле васеъ буд. Сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикободу Лахш ва Нурободу Сангвор бо истифода аз ташрифи вакилашон сипоси хешро аз сиёсати созандаву раиятпарваронаи Пешвои миллат иброз дошта, аз навгониҳои қонунгузории кишвар ҷонибдорӣ карда, аз ободкориҳову дастовардҳояшон гуфтанд ва мушкилоти ҳалталаби ноҳияҳояшонро дар миён гузоштанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз интихобкунандагон хоҳиш намуд, ки аз ҷумла, дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» фаъолтар бошанд, мутахассисони кордонро даъват кард, ки оид ба соҳаҳои афзалиятноки ноҳияҳо барномаҳои сармоягузорӣ таҳия ва ба идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд… Вакили мардумӣ зимни сафар ба мавзеи бар асари сел зарардидаи деҳаи Шилбилии деҳоти «Сурхоб»-и ноҳияи Лахш рафта, бо ҷараёни сохтмону барқарорсозии хонаҳои сокинон аз наздик ошно гашт ва ба масъулон ҷиҳати то фарорасии сардиҳо анҷом додани корҳо маслиҳату супоришҳо дод.

Дар поён чанд лаҳзае аз суҳбатҳои ӯро бо мардуми минтақаи Рашт пешкаши хонандагони арҷманд менамоем.

Дар ҳошияи тағйиру иловаҳо ба қонун

DSC_2105 - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳанӯз даҳ сол муқаддам ба ислоҳоти вазъи маънавии ҷомеа оғоз бахшид. Қонуни мазкур ба муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ мутобиқ буда, дар озод шудани оилаҳо аз хурофот ва одатҳои вазнин хидмати бузург кард.

Вале ҳар як қонун ё санади меъёрии ҳуқуқии ба ҳаёт пайванд бо тақозои замон ва дигаршавии шароити зиндагӣ ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Зарурати аслии ворид намудани тағйирот ба Қонуни мазкур бошад, ҳанӯз ҳам боқӣ мондани баъзе аз маросими азодории серодам ва гузаронидани тӯю маъракаҳои серхароҷот ба хотири худнамоиву шуҳратпарастӣ буд, ки ба фарҳанги миллӣ ва табиати асили дини мубини ислом созгор нестанд.

Вобаста ба ин масъала, бо супориши Пешвои миллат фикру дархостҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва олимон тавассути воситаҳои ахбори омма гирд оварда шуданд. Маълум гашт, ки аксари кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мо аз онҳо дар парламенти касбӣ намояндагӣ менамоем, ҷонибдори боз ҳам сабуктар кардани ҷашну маъракаҳо будаанд. Аз ин хотир, гурӯҳи кории босалоҳият аз ҳисоби ҳуқуқшиносон ва намояндагони парламент ба қонун тағйиру иловаҳои заруриро пешниҳод намуд.

Барои қабули ҳар чӣ зудтари ин тағйиру иловаҳо Президенти мамлакат Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро даъват намуданд.

Мо — вакилон, рӯзи 23-юми август пас аз баррасии ҳамаҷониба барои қабули ин санади бениҳоят муҳими меъёрии ҳуқуқӣ, ки бидуни шакку тардид, ба беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини Ватани азизамон нигаронида шудааст, раъй додем. 28-уми август Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар иҷлосияи худ тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ намуд. Худи ҳамон рӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти кишвар имзо шуд.

Чунонки ба ман иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои минтақаи Рашт зимни таҷлили иди саиди Қурбон қонуншикание ба қайд гирифта нашудааст, ҳарчанд қонуни танзим ҳамагӣ ду рӯз пеш аз ид ба чоп расида буд. Ин, албатта, шоистаи таҳсин аст. Умед дорам, дар маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» ҳам, ки минбаъд тибқи қонун бояд бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида шаванд, аз ҷониби шумо риоя хоҳад шуд.

Таваҷҷуҳ намоед, бино ба ҳисобу китоби мутахассони соҳа, барои гузарондани маросими зикршуда дар кишварамон ҳар сол тақрибан 200 ҳазор чорвои калони шохдор забҳ карда мешудааст. Азодорон маблағи аз ин бештарро боз барои ороиши дастурхон сарф мекардаанд. Аксарашон бо қарзу қавола. Ин дар ҳолест, ки дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбарамон дар мавриди чунин хароҷот чизе гуфта нашудааст. Бале, дар хусуси хайру садақа ҳаст. Марҳамат, ҳар кас имкон дораду хайру садақа кардан мехоҳад, дар ягон рӯзи дигар кардан гирад. Гов кушад, ба ҳаққу ҳамсояҳо, ба хонаводаҳои камбизоат гӯшт тақсим кунад. Савобаш ҳам ба худаш мерасаду ҳам ба гузаштагонаш…

Як нозукии дигарро таъкид намуданиям. Бинед, қаблан нафари азодор дар маросими чил ва сол ош медод, ҳаққу ҳамсояро ба оши чил ва сол даъват мекард. Минбаъд, тавре медонем, маросими чилу сол бе додани таом гузаронда мешавад. Ӯ дигар даъват карда наметавонад. Акнун раиси маҳалла, имомхатиби масҷид ва дигар масъулон бояд ин холигиро пур кунанд. Мардумро рӯзи чилу сол ба хонаи ӯ ҳидоят намоянд, дар ҳаққи фавтида дуо хонанд, то нафари азодор худро танҳо ҳис накунад ё дар хиҷолат наафтад…

Тавре мебинем, тағйиру иловаҳои воридшуда муқаррарӣ набуда, балки қадами навбатии ислоҳот ба раванди муътадили рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.

Мо – мардуми кишвар, бахусус масъулон, бояд аз оғоз муқаррароти нави қонунро дар рӯзгори хеш пурра ва дуруст роҳандозӣ намоем ё худ «хишти аввал»-ро рост гузорем. Ин хеле муҳим аст. Мутмаинам, ки бо даргузашти як-ду сол дурустӣ ва манфиатбахшии ин иқдоми таърихии Пешвои миллатамонро беҳтару бештар эҳсос хоҳем кард.

 Дар хусуси аҳамияти бунёди «Роғун»

 DSC_2675- Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муқаррар карда, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст. Дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шудаанд.

Вале мо хуб медонем, ки бе бунёду мавриди истифода қарор додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бошад, дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад шуд.

Мо ин иншооти ҳаётан муҳимро бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд намуда истодаем. Сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ширкати «Салини Импреҷило»-и  Италия, ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад, сохта истодааст. Иҷрои корҳо оид ба назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар бошад, ба дӯши ширкати бонуфузи дигар – «Трактебел инҷиниринг»-и Фаронса, ки дар самти корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ таҷрибаи зиёд дорад, гузошта шудаанд.

Айни замон ба сохтмони ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор мутахассису коргар ва зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизм сафарбар карда шудааст. Дар назар аст, ки навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум, охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода мешаванд.

Ду ҳафта пеш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сеҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар бораи параметрҳои қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли вомбаргҳои давлатӣ (евробонд) пешниҳод гардид. Маҷлиси намояндагон ҷиҳати тасдиқи танҳо ҳамин ҳуҷҷат як иҷлосияи ғайринавбатӣ барпо намуд.

Мувофиқи амалияи байналхалқӣ баъд аз имзои ҳуҷҷати ҳуқуқии дахлдор бонкҳои масъул идоракунандаҳои асосии раванди барориши евробонд ва харидорони ибтидоии вомбаргҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, фурӯши минбаъдаи чунин вомбаргҳоро аз тариқи биржаҳои фондӣ ба сармоягузорони инфиродӣ ва институтсионалии хориҷӣ таъмин менамоянд. Маблағҳои бадастомада барои маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона карда мешавад.

Ҳамин шабу рӯзҳо ба мо мужда расид, ки гурӯҳи кории коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» бо сармоягузорони бузурги давлатҳои ИМА, Англия ва Швейтcария як зумра вохӯриҳо гузаронидааст. Зимни гуфтушунидҳо намояндагони ширкатҳои сармоягузорӣ ба як зумра масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ҷараёни корҳо ва нақшаи маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 ва ислоҳот дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон тавонистааст муаррифии барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» бомуваффақият таъмин намояд.

Ин ҷо бояд зикр намоям, ки соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд. Маҷлиси намояндагон ин ҳуҷҷати муҳимро тасдиқ намуд.

- Мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва теъдоди аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем. Бояд саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил дода шавад.

Татбиқи ин Стратегияи миллӣ ҳам, бешубҳа, дар сурати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки Тоҷикис­тонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасонад ва имконияти рушди бесобиқаи саноати кишварро фароҳам месозад, имконпазир хоҳад гашт.

 Дар бораи зарурати рушди соҳибкорӣ

 DSC_2584- Дар мамолики пешрафта бахши соҳибкории хурду миёна аз дастгирии ҳаматарафа бархӯрдор аст, зеро сатҳу сифати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба он вобаста мебошад ва ин бахш дар беҳшавии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ таъсири зиёд дорад. Чунончӣ, дар Олмон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ бузургтарин кишвари Аврупо маҳсуб мешавад, 90 дарсади корхонаҳо ба соҳибкории хурду миёна мутааллиқ мебошад ва дар онҳо 70 дарсади аҳли заҳмат ба кор ҷалб шудааст.

Факти дигари ҷолиб ин аст, ки корхонаҳои мазкур дар содироти маҳсулот низ саҳми қобили таваҷҷуҳ доранд. Дар Олмону Ҳолланд 40 дарсад, дар Италия 25 дарсад ва дар Ҷопону ИМА 15 дарсади маҳсулоти содиротӣ ба корхонаҳои хурду миёна рост меоянд.

Дар Тоҷикистон бошад, мо манзараи комилан дигарро мушоҳида мекунем. Ин ҷо соҳибкории хурду миёна ҳанӯз дар ҳоли ташаккул аст. Шумораи корхонаҳои хурду миёна сол ба сол зиёд шавад ҳам, аксари кулли онҳо ба тиҷорат машғуланд. Дар тафовут аз корхонаҳои истеҳсолӣ онҳо амалан пешбарандаи инноватсия маҳсуб намешаванд. Мушкилоти гирифтани қарзҳои бонкӣ бошад, рушди соҳибкории хурду миёнаи кишварамонро душвортар намудааст.

Вале мо роҳи дигар надорем, бояд аз таҷрибаи ҷаҳонӣ баҳра бардорем ва захираҳои мавҷудаамонро пурсамар ба кор барем. Фикр мекунам, эҳёи ҳунари косибӣ, ки мардуми мо ба таври васеъ аз он бархӯрдор аст, захираи бузурги рушди иқтисоди инфиродӣ, бо шуғл фаро гирифтани қишрҳои гуногуни аҳолӣ — аз ҷавонон то нафақагирон ва василаи беҳсозии сатҳи зиндагии онон шуда метавонад.

Ҳунари косибӣ ин, пеш аз ҳама, хоҷагии инфиродӣ ё хонаводагӣ аст, ки ҳадафи истеҳсол ва ба бозор баровардани маҳсулоти хушсифатро дорад. Маҳсулоти ҳунармандӣ аз маҳсулоти корхона бо ягонагӣ, асилӣ ва сифати олии худ фарқ мекунанд ва харидори зиёд доранд. Бахусус, ки имрӯз онҳоро бо истифода аз техникаву дастгоҳҳои муосиртарин сохтан имконпазир аст.

Дар Тоҷикистон кам нестанд афроде, ки қобилияти соҳибкорӣ доранд, вале барои таъсиси корхонаи худ шитоб намекунанд. Сабаб чист? Магар онҳо фоида ба даст овардан намехоҳанд? — Не, албатта, мехоҳанд. Вале онҳо аз хавфу монеаҳо дар роҳи рушди тиҷорати худ меандешанд. Дар назарашон хавфу монеаҳо аз ҳавасмандиву имкониятҳо бештаранд, қоидаҳои кор ҳанӯз ҳам чандон равшан нестанд, системаи дастгирӣ ба андозаи кофӣ муассир ва дастрас нест. Бармеояд, ки тадбирҳои маҷмӯӣ заруранд, ки тамоми соҳибкории хурду миёнаро фаро гиранд ва тавонанд дастгирии воқеӣ ва ҳавасмандии бечунучароро таъмин намоянд.

Ба соҳибкороне, ки дар ноҳияи шумо, масалан, корхонаи саноатӣ сохтан мехоҳанд ё роҳатонро таъмир кардан мехоҳанд, ҳаргиз монеа эҷод накунед, баръакс онҳоро бо пойандозу нону намак истиқбол гиред.

 Дар мавриди равнақи сайёҳӣ

DSC_2894- Ассамблеи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2017-ро Соли байналмилалии туризм эълон кардааст. Дар қатъномаи ба ин муносибат қабулшуда вакилон ба ҳамаи давлатҳо пешниҳод намудаанд, ки аз туризм ҳамчун яке аз воситаҳои ҳавасмандгардонӣ ва суръатбахши рушди устувор, бахусус василаи аз байн бурдани қашшоқӣ, дастгирӣ намоянд.

Тоҷикистон ба соҳаи туризм таваҷҷуҳи хос дорад. Ин бахш ба барномаҳои гуногуни давлатӣ ворид карда шудааст. Ҳукумат Консепсияи рушди туризмро барои солҳои 2009 – 2019 қабул намудааст. Мутобиқи он Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2020 солона беш аз як миллион турист қабул кунад.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат чанд моҳ пеш дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба сайёҳӣ таъсис дода шуд. Албатта, дар ноҳияҳои шумо низ ояндаи наздик сохторҳои он таъсис хоҳанд ёфт.

Бино ба пешгӯйиҳои Созмони ҷаҳонии туризм ва ЮНЕСКО, дар давраи то соли 2020 хатсайри «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ба яке аз самтҳои ояндадори сайёҳии ҷаҳон табдил меёбад, ки имкон дорад сеяки сайёҳони дунёро ҷалб намояд. Азбаски ин шоҳроҳи бузург аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди густурдаи туризм дар кишвари мо хеле муҳиму саривақтӣ мебошад.

Мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии туризм, дар нуҳ моҳи соли 2016 қариб як миллиард нафар ба саёҳат баромадааст, яъне аз ҳафт як ҳиссаи аҳолии сайёраамон. Чин бошад, солҳои охир ба яке аз лидерони бозори ҷаҳонии сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ин барои кишварҳои ҳамҷавори Чин имконияти иловагие фароҳам овардааст. Зеро сайёҳон ба сайри ҷаҳон баромада, манфиатдоранд бастаи маҷмӯии саёҳат харидорӣ намоянд, то тавонанд якбора якчанд кишварро тамошо кунанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар ин самт ҳамкориҳо роҳандозӣ шаванд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании кишварҳои аврупоӣ дар соҳаи туризм Тоҷикистон бояд аз бозори умумиаврупоӣ низ сармоя ҷалб намояд, дар самти мубодилаи сайёҳон ҳамкориҳоро роҳандозӣ кунад. Ҳамчунин, бо минтақаҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Амрикои Шимолӣ ва Ҷопон, ки содиркунандагони бузурги сайёҳон маҳсуб мешаванд, ҳамгироии сайёҳиро густариш бахшад. Зимнан, кишварҳои ҳамсояи мо, бахусус Ӯзбекистону Қирғизистон, дар ин соҳа пешравиҳои назаррас доранд. Қирғизистон солҳои охир аллакай як-якуним миллион сайёҳи хориҷӣ ҷалб менамояд.

Иштибоҳи асосии мо ин аст, ки гумон мекунем Тоҷикистон кишвари дар сартосари ҷаҳон машҳур аст. Албатта, аҳли сайёра каму беш дар бораи кишвари мо шунидаанд ё оид ба Тоҷикистон хондаанд. Вале ин барои ҷалби сайёҳон кофӣ нест. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ шиносад.

Соли 2011 дар Тоҷикистон видиоролике сохтанд, то ба кишвари мо таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намоянд. Навор бо номи «Tajikistan feel the friendship» дар шабакаи телевизионии Евронюс намоиш дода шуд. Ба андешаи мутахассисони соҳаи туризм, он барои муаррифии Тоҷикистон хидмати хубе кард. Баъд аз он ҳам баъзе кӯшишҳои дигар ба мушоҳида расиданд. Вале ин ҳама барои пиари стратегӣ, бешубҳа, кам аст.

Тоҷикистон, фикр мекунам, барои дӯстдорони туризми экологӣ, табобатӣ, экстремалӣ, кӯҳӣ ва дигару дигар ҷолиб буда метавонад. Вале, аз сӯи дигар, муҳим мавҷудияти имконияту захираҳо нест, муҳим чӣ гуна мавриди истифода қарор додани онҳост. Масалан, Дубайро гирем. Биёбони хушку холие буд. Вале онро ба макони ҷолибтарини сайёҳӣ табдил доданд. — Он ҷо захираҳои нафт мавҷуданд? — Бояд зикр намоям, ки дар Дубай аз соҳаи сайёҳӣ фоидаи хеле бештар мегиранд, то аз фурӯши нафт.

Мушкилоти асосии мо кадомҳоянд? — Инфраструктура ва базаи моддиву техникии суст рушдкарда; набудани сармоягузорӣ; омодагии сусти касбии мутахассисони соҳаи туризм; нокомилии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа; системаи нотамоми таъминоти иттилоотӣ ва рекламавӣ; набудани хатсайри мустақили ҳавоӣ бо як қатор кишварҳои бузурги содиркунандаи сайёҳон ва ғайра.

Роҳҳои эҳтимолии бурунрафт аз онҳо кадомҳоянд? Фикр мекунам, комилсозии базаи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии он; содасозии тартиби омадан ва рафтани сайёҳони хориҷӣ; таблиғи имиҷи (эътибори) Тоҷикис­тон ҳамчун кишвари ҷолиб барои сайёҳӣ ва тиҷорат; иштироки фаъолона дар ярмаркаҳои ҷаҳонии туристӣ; дар маконҳои туризм сохтани меҳмонхонаҳо, базаҳои туристӣ, пансионатҳо, хонаҳои истироҳатӣ, кемпингҳо; омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳа ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ ва мусоиди ҳуқуқӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» таҳия ва қабул карда шуд. Ин намуди сайёҳӣ ҳам дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла дар Чин, хеле хуб рушд кардааст. Чунончӣ, миёни ҳазорҳо сайёҳ, ки ҳар рӯз ба тамошои Девори бузурги Чин меоянд, аксарият худи чиниҳоянд. Хубии сайёҳии дохилӣ ин аст, ки кишвари хешро беҳтар мешиносӣ, аз таъриху ҷойҳои таърихиаш огоҳ мешавӣ, вақту пули камтар харҷ мекунӣ. Маблағи ҳарҷкардаат дар ватанат мемонад …

Шумо бояд ба густариши ҳамаи намуди сайёҳӣ дар ноҳияҳоятон муосидати комил намоед, ширкатҳои сайёҳӣ таъсис диҳед. Ин корро дар ноҳияҳои шумо аз ҳама беҳтар худи шумо карда метавонед.

 Дар омади сухан

- Ҳар як вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи андӯхтаи зиндагӣ омадааст. Таҷрибаи яке зиёд аст, аз дигаре на чандон.

Вале таҷрибаи зиндагӣ, бо ҳама арзишмандии хеш, танҳо яке аз заминаҳо барои муваффақона анҷом додани рисолати вакилӣ буда метавонад. Заминаи дигар ба хубӣ аз бар намудани вижагиҳои кори вакилӣ ва дарки комили рисолати Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. ҳар қадар, ки вакилон ин нозукиҳоро зудтару беҳтар омӯзанд, дар ин пеша ба ҳамон андоза муваффақ мешаванд.

Ба ҷуз ин, кори вакилӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ба назар чунин менамояд, шахс ҳамон тавре ки буд, баъди интихобот ҳам ончунон боқӣ монд, танҳо соҳиби мандати вакилӣ шуд. Дар асл чунин нест. Баъди вакилӣ мақом ва ҳатто тарзи зиндагии ӯ ба куллӣ дигар мешавад. Вакил, бидуни хоксорӣ бояд зикр намоям, ки ходими давлатист. Ӯ вазифадор аст ҳамчун давлатдор андеша намояд ва ҳангоми қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли масъалаҳо манфиати давлатро дар мадди аввал гузорад.

Метавон гуфт, ки вакилӣ мансаб ё имтиёз нест, заҳмат аст. Заҳмате, ки масъулияти баланд мехоҳад, фидокорӣ ва садоқат мехоҳад.

Мо – вакилони Маҷлиси намояндагон бо таҳияи низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар пешбурди кишвар ҳамеша ҳамроҳи Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон будем ва ҳастем.

Аксари кулли вакилони мо ватандӯсти ҳақиқӣ, сиёсатмадору кордон ва мутахассисони баландпоя ҳастанд, қобилияти баррасии ҳаматарафаи мушкилотеро, ки дар назди давлату ҷомеаи Тоҷикистон истодаанд, доранд ва ҳангоми сухану амал камоли масъулият эҳсос менамоянд. Ҳамзамон, бо интихобкунандагони хеш дар робитаи зич қарор доранд ва барои онҳо хеле дастрасанд.

Мо кӯшиш менамоем, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо ба фалсафаи ҳаёт, урфу одат ва анъанаҳои халқамон ҷавобгӯ бошанд, аз зиндагии мардум зуҳур кунанд ва ба рафъи мушкилиҳои зиндагии эшон мусоидат намоянд.

Вақте мо ягон қонуни як кишвари пешрафтаро мехоҳем ба низоми ҳуқуқии худ ворид созем, тамоми нуктаҳои онро дар тарозуи манфиати миллат ва давлат гузошта, мувофиқати онро ба табиати ҳуқуқии низоми ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ ташхис менамоем.

Мазмуни аслии фаъолияти мо дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари кишварамон ва сазовор будан ба боварии мардуми шарифи Тоҷикистон — интихобкунандагони азизи мо мебошад.

Мо — вакилони мардумӣ, ба зиндагӣ бо чашми сокинони одии кишвар назар меандозем. Кӯшиш менамоем қонунҳои Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванди қонунписанд фаҳмо бошанд ва зиндагии онҳоро беҳтар намоянд. Зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии давлат боқӣ хоҳад монд.

 К. НАВРӮЗӢ, рӯзноманигор.

Суратгир Н. АЛИЕВ