Сипари боэътимоди хазинаи давлат

№3 (3640) 12.01.2017

DSC_107510 январи соли равон ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 10 сол пур шуд

Дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳоди муҳиме, ки фаъолияташ ба ташаккули арзишҳои демократии ҷомеа нигаронида шудааст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад. Он назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд. Сарфи назар аз фаъолияти на чандон тӯлонӣ саҳми агентӣ ба сифати сипари боэътимоди хазинаи давлат дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ муассир аст. Ба ин хотир, Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони он ба таври доимӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Айни замон агентӣ дорои неруи бузурги кадрӣ мебошад ва кормандони он қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зимни ирсоли Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад». Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки «Соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронида шуд. Тибқи ин назарсанҷӣ, коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст. Сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад».

Роҳбари мамлакат хеле бамаврид ва асоснок таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ, фондҳо ва қарзи давлатӣ дар қонунгузорӣ барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти мустақилона гузаронидани санҷиши соҳаҳои мазкур муқаррар нашудааст». Аз ин рӯ, ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода шуд, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бамаврид медонам аз нақши арзишманди мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани фазои мукаммали қонунгузорӣ барои фаъолияти пурмаҳсулу муназзами ниҳоди мавриди назар ёдовар шавам.  Ин раванд дар Маҷлиси намояндагон аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб мешавад ва аз ин хотир аст, ки дар як муддати кӯтоҳ қонунҳои зиёд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ғайра қабул гардиданд.

Дар маҷмӯъ, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ баҳри таҳкими заминаи қонунгузории соҳа даҳҳо қонун ва санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки татбиқи онҳо ба тавсеаи фаъолияти соҳа мусоидат намуд. Мақсад аз ибтикороти мазкур, пеш аз ҳама, тавсеа бахшидани муборизаи оштинопазир бар зидди ин вабои аср, мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории мамлакат ба муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, тавсияҳои Нақшаи амалиёти истанбулии шабакаи зиддикоррупсионии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (иқдоми минтақавии СҲИР), созишномаҳо ва иқдомҳои минтақавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ташкилоти Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (FATF), ҳамчунин «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми ин сохтор дар ғановат ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи талаботи бахши молияву иқтисод арзанда мебошад.

Барои тақвияти фикр аз фаъолияти агентӣ дар соли гузашта чанд далел пешниҳод менамоям. Тибқи маълумот соли 2016 шумораи умумии санҷишҳо 1190 адад будааст, ки 900-тои он дар вазорату идораҳо, муассисаҳои буҷетӣ ва фондҳои давлатӣ, 104 ададаш дар ширкатҳои сармоягузор, суғуртавӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои муштарак ва бонкҳо, 186 адад дар корхонаву муассисаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ сурат гирифтаанд. Дар натиҷа, 385584597,91 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст, ки 269480010,56 сомониаш рӯёнида шудаст. Дар давраи мавриди назар 843 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, Ҳамрадиф бо ин, 637 мавод ба мақомоти тафтишотӣ супорида шудааст, ки маблағи зарари моддии дар доираи онҳо расида 241417898,27 сомониро ташкил медиҳад. Аз рақамҳои овардашуда метавон хулоса намуд, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шудааст. Дастовардҳо дар ин ҷода ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надоранд, ки аҳли ҷомеа ба ин раванд бетафовут бошанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Ин суханон ба шарҳу эзоҳ ҳоҷат надоранд ва бояд сармашқи кору пайкори аҳли ҷомеа бошанд.

Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон