Суҳбати Маҳмадтоир Зокирзода бо Мишел Тарран

№34 (4296) 16.03.2021

DSC_5611- Шуморо ба муносибати оғози расмии фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба Шумо барору комёбӣ ва фаъолияти пурсамар дар рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса орзумандам. Итминон дорам, ки ҳама иқдом ва ташаббусҳои созандаатон аз ҷониби Парлумон дастгирӣ меёбанд, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 15 марти соли равон зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки хусусияти мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ шарти муҳими ба вуҷуд овардани робитаҳои мустаҳками байнидавлатӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такон бахшида, дар доираи он  Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид. Илова бар ин, саҳми диаспораи тоҷикон дар Фаронса баҳри таблиғи арзишҳои фарҳангу санъати қадимаи онҳо, анъана ва урфу одатҳо ва маҷмӯан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯи тоҷикони бурунмарзӣ низ назаррас аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳо, ки метавонанд ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкорӣ байни кишварҳо мусоидат намоянд, гузаронида шаванд.

- Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии муносибатҳои ҳар ду давлатро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ғайра ташкил медиҳад. Умед дорем, ки бо иштироки фаъоли тарафайн онҳо ба нафъи кишварҳо босуръат рушд хоҳанд кард,- гуфт дар анҷом Маҳмадтоир Зокирзода.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон