Суҳроб Мирзоев: «МИМҲД бояд 30 фоизи буҷетро барои нигоҳдории роҳҳо сарф намоянд»

№133 (3927) 06.11.2018

DSC_8135Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия сиюми октябри соли равон муҳокимаи парламентӣ «Оид ба татбиқи иҷрои Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи минтақавии автомобилгарди Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон CAREC долони 3» баргузор шуд.

Раиси кумита Сад­риддин Шарипов зикр намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар замони соҳибис­тиқлолӣ лоиҳаи зиёди давлатии сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардонид. Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, дар давраи миёнамуҳлат таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингарди ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ пешбинӣ шудааст.

Узви кумитаи мазкур Хайрулло Асозода иброз дошт, ки Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) шарикии 10 давлат — Афғонис­тон, Озарбойҷон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикис­тон, Туркманистон ва Ӯзбекис­тон ва 6 ташкилоти молиявиро дар бар мегирад. Аз 6 долони нақлиётии Барномаи «ҲИМОМ» 4 — тояш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Дар доираи барнома лоиҳаҳои давлатии сармоягузории зерини соҳаи нақлиёт маблағгузорӣ гардидааст:

1. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон, марҳилаҳои 1, 2 ва 3

2. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Ваҳдат

3. Азнавсозии роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон

4. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакада дар маҳаллаи 82)

5. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз пайкараи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (ғайр аз чорроҳаи маҳаллаи 82).

Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев ёдрас шуд, ки таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон иборат аз марҳилаҳои 1, 2 ва 3 январи соли 2005 оғоз гардида, сентябри соли 2011 ба анҷом расид. Он таҷдиди 290,4 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 133 километр роҳҳои маҳаллӣ, сохтмон ва таҷдиди 30 пули хурду калонро дар бар гирифт.

- Вазорати нақлиёт корро вобаста ба омодагӣ барои татбиқи лоиҳаи «Азнав­созии роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Рашт — Лахш — сарҳади Қирғизистон 72-158 км» бо дарназардошти то соли 2022 пурра ба истифода додани НБО-и «Роғун» ба роҳ мондааст, — гуфт Суҳроб Мирзоев.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳа тақрибан ба 230,0 миллион доллар мерасад. Номбурда таъкид намуд, ки дар баробари бунёди роҳ, инчунин зарурати сохтмони пул аз болои дарёи Сурхоб бо дарозии тақрибан 780 метр ҷой дорад, ки арзиши он беш аз 50,0 миллион долларро ташкил медиҳад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов аз набудани чароғаки роҳнамо ва истгоҳҳо дар баъзе аз қитъаҳои роҳи Душанбе — Чаноқ сухан ронда, ба маърӯзачӣ дар хусуси то чӣ андоза таваҷҷуҳ намудан ба инфрасохтори роҳ савол дод.

Суҳроб Мирзоев дар посух гуфт, ки солҳои охир дар лои­ҳаҳои роҳсозӣ ба инфрасохтор таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Масалан, дар роҳи Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон чароғакҳои роҳнамои сониянишондиҳандае, ки бо неруи офтоб кор мекунанд, насб шудаанд. Дар роҳи Гулистон — Исфара, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифт, барои чароғонӣ 2 миллион доллари амрикоӣ сарф гардид. Чароғҳо рӯзона аз нури офтоб неру гирифта, бо дамидани торикӣ фурӯзон мешаванд.

- Тавре ба мушоҳида мерасад, солҳои охир ҳарорати ҳаво дар тобистон хеле баланд ва боиси мулоимшавии асфалт мегардад. Барои пешгирии вайроншавии роҳҳо дар ҳавои гарм чӣ чораҳо андешида мешаванд? — пурсид вакил Абдуҳалим Ғаффоров.

Маърӯзачӣ иброз дошт, ки бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳ дар мавсими гармо аз моҳи май то сентябр ба ҳаракати нақлиёти гаронвазн аз соати 8-и бегоҳ то 10 — и рӯз иҷозат дода мешавад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Баҳром Абдуалимов суол дод, ки дар замони шӯравӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби даромад роҳҳоро таъмир ва барои мумфарш кардан маб­лағгузорӣ мекарданд. Ҳоло онҳо ба хоҷагии хурди деҳқонию фермерӣ тақсим шудаанд ва бисёре аз онҳо қудрати таъмири ягон метр роҳро надоранд. Тақдири роҳҳои маҳаллӣ оянда чӣ мешавад?

Суҳроб Мирзоев иброз дошт, ки танҳо соли ҷорӣ қариб 500 километр роҳҳои маҳаллӣ дар мамлакат бо асфалти хом мумфарш карда шудааст. Махсус таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти далатии шаҳру ноҳияҳо бояд 30 фоизи буҷети маҳаллиро барои нигоҳдории роҳҳо сарф намоянд.

Дар робита ба мавзӯъ, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобир Тоҳирзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Олимҷон Сафаров ва дигарон савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи баррасишуда қарору тавсияҳо қабул гардиданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ