Дар партави Паём

Субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ корҳои босамарро анҷом медиҳанд

№31 (3332) 05.03.2015

 «Мақоми қонунгузори кишвар — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом медиҳанд ва қобили зикр аст, ки фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар панҷ соли охир хеле назаррас буд»

Риоя ва иҷрои талаботи меъёри Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, ки аз омилҳои муҳими асосии рушди давлат арзёбӣ мешаванд, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (23 январи соли 2015) ба таври муфассал зикр ёфтаанд. Паём аз диди ҳуқуқӣ асноди бунёдӣ ва барномавӣ аст, ки дар он дурнамои инкишофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ барои давраҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат пешниҳод мешавад.

Мазмуну муҳтавои Паём хеле васеъ буда, масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла ватандӯстӣ, накухоҳиву адолат, таълиму тарбияи наврасон, дастгирии ятимону маъюбон, муносибати оштинопазир дар самти мубориза бар зидди ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҳамзамон рушду инкишофи устувори минбаъдаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини амният ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар низ аз мавзӯъҳои асосии Паём ба ҳисоб мераванд.

Дар Паём таъкид шудааст, ки татбиқи бечунучарои Конститутсия, яъне волоияти қонун аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро талаб менамояд.

Бешубҳа, дар татбиқи ин меъёрҳои конститутсионӣ таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал, такмили санадҳои ҳуқуқии амалкунанда амри воқеӣ мебошад. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр шудааст: «Мақоми қонунгузори кишвар- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом медиҳанд ва қобили зикр аст, ки фаъолияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар панҷ соли охир хеле назаррас буд».

Сарвари давлат ба ҳамаи вакилоне, ки дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули қонун ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ фаъолона иштирок доштанд, изҳори сипос намуд. Ҳамзамон вазифа гузошт, ки фаъолияти қонунгузорӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон боз ҳам густариш ёбад.

Дар самти қонунэҷодкунӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи меъёри моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошанд, дар таҳия, қабул ва такмили қонунҳо саҳми арзанда доранд. Чунончӣ, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода, С.Тағозода ва М.Зувайдов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» таҳия,  пешниҳод ва қабул шуд, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба қонуни мазкур воридгардида мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот минбаъд ҳамчун субъекти амният дониста мешаванд. Фаъолияти ин мақомот нисбат ба дигар сохторҳо ба аҳолӣ наздик буда, дар соҳаи ҳарбӣ вазифаҳои муайянро иҷро менамояд, дар таъмини амнияти миллӣ, бахусус иҷтимоӣ, энергетика, экология, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ назаррас мебошад.

Аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода, С.Тағозода ва Қ.Маҳкамов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода, Р.Амирзода ва Х.Абдуназар иштирок намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода ва С.Абдураҳмонзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро таҳия ва пешниҳод карданд. Он бо мақсади мутобиқгардонии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба институти васоият ва парасторӣ, мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси гражданӣ ва бартараф намудани мухолифат бо дигар қонунҳо таҳия гардидааст.

Дар панҷ соли охири фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 лоиҳаи қонун ва дар ҳаммуаллифӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 лоиҳаи қонун омода шудааст, ки ҳоло мавриди амал қарор гирифтаанд.

Дар Паёми Сарвари давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ зикр шудааст. Зеро фаъолияти судҳо ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти №327 «Барномаи нави ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ гардид.

Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, дар он омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда ва рушди минбаъдаи қонунгузорӣ дар назар дошта шудааст.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар самти қонунэҷодкунӣ минбаъд низ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Абдухалил Раҷабов, сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон