Суханони 15 сол пеш изҳорнамудаи Пешвои миллат амалӣ шуданд

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

Тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2016 таҳти №822 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, бо сокинон вохӯриву мулоқот доир намуданд.

Интихобкунандагон, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Дар ин муҳлати барои таърих хеле кӯтоҳ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар замони шӯравӣ ҳамагӣ шаш моҳ бо пойтахт — шаҳри Душанбе робитаи нақлиётӣ дошт, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баромад. Акнун ба воситаи шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Хоруғ — Қулма мошинҳои мусофиркашу боркаш, новобаста аз фасли сол, шабу рӯз дар ҳаракатанд.

Баробари ба фаъолият оғоз кардани ин роҳи доимӣ бо пойтахти кишвар, бун­ёди кӯпрукҳои мошингард аз болои дарёи Панҷ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Ванҷ, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ барои рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Афғонистон заминаи воқеӣ фароҳам омад.

Ҳанӯз соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки: «мо дар ояндаи наздик Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил хоҳем дод ва асри ХХI асри Бадахшон хоҳад шуд». Тавре мебинем, суханони понздаҳ сол пеш изҳордош­таи Пешвои миллат амалӣ шуданд ва ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кишварҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон робитаи мустақими нақлиётӣ дорад. Айни замон гузаргоҳи байналмилалии Қулма, Қизиларт ва 6 кӯпрук аз болои дарёи Панҷ ба боркашонию мусофиркашонии байналмилалӣ мусоидат мекунанд. Ин шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон на танҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадааст, балки ба як давлати транзитӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат борҳо қайд карданд, ки ягон давлат бе рушди илму маориф пеш рафта наметавонад. Аз ин рӯ, дар вилоят як қатор муассисаҳои илмиву таълимӣ, ба монанди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Институти гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, Мактаб-литсейи Оғохон ва Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помири Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикис­тон таъсис дода шуданд, ки фаъолияти пурсамар доранд. Ҳоло бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ босуръат идома дорад ва баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ аз соли 2017 ба қабули донишҷӯён оғоз менамояд.

Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ дар вилоят 224 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 32 ҳазор хонанда ба маблағи 182 миллион сомонӣ сохта ва азнавсозӣ шуданд. Соли 2016 барои нигоҳдории соҳаи маорифи вилоят 16 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар муқоиса бо даҳ соли пеш 14 баробар зиёд мебошад.

Имрӯз вазъи омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҳар сол барои онҳо ва қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ Квотаи президентӣ ҷудо мегардад, аз ҷумла барои солҳои 2016-2020 бо ин мақсад 200 ҷой пешбинӣ шудааст. Дар 13 соли охир аз вилоят тибқи Квотаи президентӣ 1450 нафар, аз ҷумла 802 духтар ва 648 писар ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки алҳол қисме аз онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият карда истодаанд.

Солҳои охир дар вилоят 48 неругоҳи барқи обии хурду миёна бунёд гардид. Илова ба ин, зиёда аз 230 километр хатҳои интиқоли барқи 110, 35, 10 — киловолта ва 192 зеристгоҳи гуногуниқтидор сохта, 125 зеристгоҳ таҷдид карда шуд.

Умуман, дар вилоят зиёда аз 30 лоиҳаи сохтмону азнавсозии иншооти энергетикӣ ба маблағи беш аз 370 миллион сомонӣ амалӣ карда шудааст. Айни замон, 95 фоизи аҳолии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз (ба истиснои водиҳои Язгулом ва Бартанг) 24 соат ва 3 фоизи аҳолии ноҳияи Мурғоб, новобаста аз фасли сол, 8-12 соат дар як шабонарӯз бо неруи барқ таъмин гардидаанд.

Ҳамзамон бо ин, бо мақсади ба шабакаи марказӣ пайваст кардани водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ бунёди хатти интиқлоли барқи «Дашти Язгулом – Мотравн» дар масофаи беш аз 8 километр ба нақша гирифта шудааст ва ин кор то охири соли 2016 ба анҷом хоҳад расид. Дар натиҷа, сифати барқтаъминкунӣ барои беш аз 6 ҳазор нафар аҳолии водии Язгулом беҳтар мегардад.

Айни замон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд корҳои сохтмон ва лоиҳакашии 3 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори беш аз 11 ҳазор киловатт — соат, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа ба маблағи 240 миллион сомонӣ, «Мотравн»-и деҳоти «Язгулом»-и ноҳияи Ванҷ ба маблағи 24 миллион сомонӣ ва азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Оқсу-2» дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи қариб 60 миллион сомонӣ идома доранд.

Ҳоло асосноксозии техникиву иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Санобод» дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт ба анҷом расид ва созишнома оид ба ҷалби маблағ барои сохтмони он байни шарикони рушд ва ширкатҳои пудратӣ дар марҳалаи тасвиб қарор дорад.

Бояд гуфт, ки соли 2015 офатҳои табиӣ, аз ҷумла боронҳои сел ва заминларза дар ноҳияҳои вилоят, бахусус дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ба аҳолӣ зарари зиёд расонид. 867 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 254 хона пурра ва 613 хона қисман хароб шуд ва хисороти молиявӣ беш аз 131 миллион сомониро ташкил кард.

Сокинони мавзеъҳои зарардида иброз намуданд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодисаҳо таҳти таваҷҷуҳи Сардори давлат ­Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд ва худ­ро танҳову нотавон ҳис накарданд. Бо супориши Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳтарин барои зарардидагон хонаҳои замонавӣ сохта, бо асбобу анҷоми рӯзгор таъмин карда шуданд. Зимни супоридани калиди хонаҳои нав аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров сокинони хонаҳои навбунёд хоҳиш намуданд, ки ин шаҳрак Раҳмонобод номгузорӣ шавад. Ҳоло шаҳраки Раҳмонобод яке аз ҷойҳои ободу зебои ноҳияи Шуғнон ба ҳисоб меравад.

Сокинони вилоят, ки мазҳаби шиаи исмоилиро пайравӣ мекунанд, шукрона менамоянд, ки бо сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ бо намояндагони мазҳаби Ҳанафия ва дигар мазҳабу равияҳо дӯстона ва бародарона кору зиндагӣ менамоянд. Пирони барнодил иброз намуданд, ки мардуми Бадахшон асрҳои аср дар орзуи дидори Пешвои мазҳабии худ Аълоҳазрат Шоҳзода Карим – Оғохони IV буданд, лекин ин орзуи мардумро танҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ намуд. Ин кори нек аз насл ба насл мегузарад ва номи Ҷаноби Олӣ ­Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих абадӣ боқӣ мемонад.

Ҷиҳати рушду нумӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҳама вақт таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон ва Мурғоб барои солҳои 2016-2020 қабул гардидаанд. Ҳоло барномаҳои рушди вилоят ва ноҳияи Шуғнон мавриди баррасӣ қарор доранд.

Вале дар баробари пешрафту дигаргуниҳо ҳангоми вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон баъзе масъалаҳое низ зикр гардиданд, ки солҳои сол аз назарҳо дур монданд ва ҳалли худро интизоранд. Масалан, сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб — Булункӯл ва Чечектӣ аз ягон намуд алоқаи телефонӣ бархӯрдор нестанд. Мо — вакилон оид ба васл намудани мавҷқабулкунакҳо дар ин деҳаҳо ба мақомоти дахлдор кайҳо муроҷиат карда будем, аммо натиҷа ҳеҷ аст. Сокинони деҳаи Чечектӣ дар фасли зимистон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Сокинони яке аз деҳоти калонтарини ноҳияи Роштқалъа — «Тӯсиён» иброз доштанд, ки муассисаи таълимии №12 ва хонаи фарҳанги он ҷо солҳои 50-уми асри ХХ сохта шудаанд ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Гузаронидани чорабиниҳо дар бинои фарҳанг аз имкон берун аст. Воқеан ҳам деҳоти мазкур ба сохтмони муассисаи таълимӣ ва хонаи нави фарҳанг эҳтиёҷи калон дорад, бахусус, ба хонаи замонавии фарҳанг, зеро бештари санъаткорони маъруфи тоҷик, ба монанди мутрибон ва оҳангсозон, сарояндагон ва актёру режиссёрони номӣ Қурбоншо Ноёбшоев, Султонмаҳмуд Абдумамадов, Раҳимбой Чақабоев, Қиматшо Шоискандаров, Раҳмат Муродасейнов, Мирзоазиз Мамадазизов, Тайғуншо Шодмонбеков, Ҷобиршо Хубоншоев зодагони ин ноҳия мебошанд.

Роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим низ таъмирталаб аст. Дар фасли зимистон бо сабаби фаромадани тарма ва нарасидани техникаи зарурӣ, то як ҳафта, баъзан аз ин ҳам зиёдтар роҳ баста мешавад.

Сокинони деҳоти «Андароб» хонаи фарҳанги замонавӣ доранд, аммо аз нарасидани 200 адад курсӣ барои нишаст танқисӣ мекашанд.

Сокинони ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб ва гирду атрофи шаҳри Хоруғ аз зиёдшавии саршумори ҳайвонҳои ваҳшӣ махсусан гургон, шикоят намуданд. Гургон ҳатто дар фасли тобистон ҳам ба чорвои хонагӣ ҳуҷум мекунанд. Дар фасли зимистон чунин ҳодисаҳо зиёд мешаванд, ки ҳатто барои одамон хатарнок аст.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаракати мошинҳои сиёҳшиша бе иҷозатномаи дахлдор, бе рақами давлатӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баръало ба назар мерасанд. Кормандони БДА риояи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро (моддаҳои 310-346) аз тарафи ронандагони нақлиёт, қариб ки назорат намекунанд. Дар ин хусус бояд кормандони БДА-и шаҳри Хоруғ андеша намоянд, зеро ин гуна ҳодисаҳо ба ғайр аз шаҳри Хоруғ дар ягон минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба назар намерасад.

Кормандони Институти биологии Помир ба номи академик Х.Юсуфбекови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки сокинони гирду атрофи институт заминҳои онро ба чарогоҳ табдил додаанд. Коллексияи нодири растаниҳои гуногун (зиёда аз 400 намуд), ки аз замони шӯравӣ ҷамъоварӣ шудааст, қариб ба нестӣ расидааст. Муроҷиати чандкаратаи кормандони институт ба мақомоти дахлдор натиҷаи дилхоҳ надода истодааст, ҳол он ки ҳудуди Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский аз соли 1940-ум арзи вуҷуд мекунад ва мамнуъгоҳ эълон шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар вилоят гурӯҳҳои корӣ бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2016 марбут ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби ноҳияи Мурғоб кор бурда истодаанд ва сокинон дар ин робита изҳори миннатдорӣ намуданд.

Хуллас, вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланди ташкилӣ ва самимӣ баргузор гардиданд. Дар маҷмӯъ, сокинон иброз медоштанд, ки сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Дар фарҷом мехостем андешаҳои хешро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 июни соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд, тақвият бахшем: «Он рӯз дур нест, ки мо бо дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик, аз ҷумла сокинони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кишвари худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфрасохтори пешрафтаи нақлиёту сайёҳӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ табдил медиҳем, ки орзуи дидани он дар қалби ҳазорон нафар сайёҳону сокинони сайёра маъво мегирад.

Боифтихор изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун тамоми сокинони кишварамон дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафти иқтисодиёту фарҳанги миллӣ ва умуман рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ ҳамеша саъю талош менамоянд.».

 Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Толиббек БУХОРИЕВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон