Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

№155 (4261) 26.12.2020

Тибқи он минбаъд назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об пурзӯр мегардад

DSC_0319Бисту сеюми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Собирзода Эмомалӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин Нуриддин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992

3. Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002

4. Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002

5. Дар бораи Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ».

РАИС: - Дар бораи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод дода мешавад. Марҳамат.

МАВЛОДОД Абдулқодир Мавлодод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи талаботи моддаҳои 14 ва 27 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар таҳрири нав аз 2 апрели соли 2020 таҳти № 1688, назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об танҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тибқи муқаррароти кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати мутобиқ намудани талаботи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178 ва 179 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ба миён овард.

Бояд зикр намуд, ки соли 2008, баъд аз қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, баррасии моддаҳои 173, 174, 175, 176, 178 ва 179 ба салоҳияти «Мақомоти ҳифзи захираҳои об» дода шуд, вале то ҳол дар ҷумҳурӣ чунин мақомот, ки мебоист назорати давлатиро дар алоҳидагӣ амалӣ намояд, вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, 12 соли охир моддаҳои зикршуда дар амал татбиқ нагардиданд, яъне баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо ба ягон мақоми ваколатдори давлатӣ вогузор карда нашуд.

Ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист қонунвайронкунӣ ошкор шуда бошад ҳам, вале бинобар он ки баррасии парвандаҳо дар тобеияти онҳо нест, чораҷӯӣ карда наметавонанд.

Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ҳамчун объекти ҳифзи муҳити зист маҳсуб ёфта, онҳо аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, осеб дидан, камшавӣ, харобшавӣ ва дигар таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ҳифз карда мешаванд. Ваколати амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, тибқи моддаҳои 9 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вогузор шудааст.

Гузашта аз ин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар ҷумҳурӣ то соли 2008 тибқи талаботи моддаҳои 59 ва 61 Кодекси қаблии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11, 12 ва 142 Кодекси оби қаблӣ, инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 таҳти № 39 «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи муайян намудани ваколатҳои мақомотҳои ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об» пурра аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешуд.

Бо дарназардошти он ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ягона мақомотест, ки назорати давлатиро дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об пеш мебарад, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур Саломович дода мешавад.

Мансур УСМОНОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он тибқи талаботи моддаҳои 14 ва 27 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 9 ва 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия гардида, аз ду қисм иборат мебошад. Қисми якум масъалаи ба ваколати мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист додани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки ­қаблан ба мақомоти ҳифзи захираҳои об тааллуқ дошт, дар бар мегирад. Минбаъд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 96, яъне баррасии моддаҳои «173-179» аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.

Қисми дуюм ба масъалаи хориҷ кардани моддаи 103 аз Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баррасии он қаблан ба ваколати мақомоти ҳифзи захираҳои об тааллуқ дошт, бахшида шудааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2020 таҳти №449 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷониби кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқ лоиҳа ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, як пешниҳод манзур шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи қонун ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа ба қисми 2 моддаи 10, моддаҳои 13 ва 14 мутобиқ аст.

Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст.

Он аз дебоча ва 2 банд иборат буда, тибқи банди 1-уми он, моддаи 3 ва қисми хотимавии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 дар таҳрири нав ифода гардида, ба сархати якуми моддаи 6 ҷумлаи нав илова шудааст. Хусусан, ба ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тағйирот ворид гардида, дар баробари сарони давлатҳои аъзо, роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои дар он аъзо низ шомил мегарданд, агар ба онҳо мутобиқи қонунгузории давлати худашон, ваколати қабули қарор оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро дода шуда бошад.

Ҳамчунин, маҳфуздорандаи аҳдномаи мазкур, ки қаблан Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус буд, Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муқаррар карда шуд.

Ин тағйирот бо пешниҳоди Ҷумҳурии Арманистон ворид шуда, тибқи меъёрҳои воридгардида, ба Сарвазири (раиси ҳукумати) ин кишвар ҳуқуқи шомил гардидан ба ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ваколати қабули қарор оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро дода шудааст.

Меъёрҳои воридгардида бо дарназардошти ба талаботи замони ҳозира мутобиқ намудани идоракунии созмон, аз ҷумла бо инобат гирифтани тағйироти пайваста дар ваколатҳои мансабии роҳбарони кишварҳои аъзо сурат гирифта, барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи протоколи зикргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқа шудааст.

Тасдиқи протоколи зикргардида вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин бо мақсади барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эътибор пайдо намудани он сурат гирифта, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад. Марҳамат.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи баррасишаванда тағйирдиҳандаи қисмати Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 буда, бо мақсадҳои муайян қабул гардидааст. Пеш аз ҳама, тағйирот меъёри навро дар бар гирифта, бо дарназардошти ба талаботи замони ҳозира мутобиқ намудани идоракунии созмон, аз ҷумла бо инобати тағйироти пайваста дар ваколатҳои мансабии роҳбарони кишварҳои аъзо сурат мегирад, ки барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Тасдиқи протоколи зикргардида вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

Протоколро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3 (қисми 3 банди «а»), 7, 8, 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Меъёрҳои воридгардида бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шароити зарурии фаъолияти мақомоти доимии кории Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ гардида, барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи протоколи зикргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқа шудааст. Тасдиқи он вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин бо мақсади барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо намудани он сурат гирифта, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад. Марҳамат.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи дуюми баррасишаванда оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шудааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тағйирдиҳандаи Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 мебошад, ки мувофиқи он мафҳумҳои намояндагӣ, ваколатдор дар назди созмон, муовини Котиби генералӣ ворид ва шарҳ дода, Котиби генералӣ, муовини Котиби генералӣ, аъзои оилаи онҳо, ки бо онҳо зиндагӣ мекунанд, тибқи Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 барои вакили дипломатӣ ва аъзои оилаи ӯ пешбинӣ карда, истифода менамоянд.

Ворид намудани меъёрҳои мазкур тақозои замон буда, он бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шароити зарурии фаъолияти мақомоти доимии кории Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешбинӣ гардида, барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Тасдиқи протоколи зикргардида вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Протоколи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3 (қисми 3 банди «а»), 7, 8, 9, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 7 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», протокол баъди тасдиқ шудан дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ мегирад.

Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» оғоз менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст. Он аз дебоча ва 2 банд иборат буда, тибқи банди 1-ум ба моддаи 13 Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тағйирот ворид карда шудааст. Хусусан, ба ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тағйирот ворид гардида, ба ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, дар баробари сарони давлатҳои аъзо, роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо низ шомил мегарданд, агар ба онҳо мутобиқи қонунгузории давлати худашон ваколати қабули қарор оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро дода шуда бошад.

Инчунин, раиси Шӯро узви он буда, давлатеро намояндагӣ мекунад, ки дар қаламраваш ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор мешавад, агар Шӯро қарори дигар қабул накунад. Яъне, дар баробари сарони давлатҳои аъзо, роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо низ ваколати раисӣ намудани Шӯрои созмонро пайдо намуданд.

Тағйироти мазкур бо пешниҳоди Ҷумҳурии Арманистон ворид карда шуда, тибқи меъёрҳои воридгардида, ба Сарвазири (раиси ҳукумати) ин кишвар ҳуқуқи шомил гардидан ба ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ваколати қабули қарор оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро дода шудааст.

Меъёрҳои воридгардида бо дарназардошти ба талаботи замони ҳозира мутобиқ намудани идоракунии созмон, аз ҷумла, бо инобати тағйироти пайваста дар ваколатҳои мансабии роҳбарони кишварҳои аъзо сурат гирифта, барои рушди ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои созмон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи протоколи зикргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқа шудааст. Тасдиқи он вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин бо мақсади барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо намудани он сурат гирифта, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002»-ро мувофиқи мақсад мешуморем. Хоҳишмандам лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад. Марҳамат.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шудааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он тағйирдиҳандаи баъзе аз меъёрҳои Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 буда, тағйирот ба ҳайати Шӯрои созмон ва мақоми раисикунандаро пешбинӣ менамояд, ки роҳбарони ҳукуматҳо низ ба Шӯро шомил мегарданд.

Протоколи мазкурро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 3 (қисми 3 банди «а»), 7, 8, 9, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 7 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», протокол баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон қувваи қонунӣ пайдо менамояд. Аз шумо, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала низ сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 8 ноябри  соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст.

Он аз дебоча ва 2 банд иборат буда, тибқи банди 1-ум номи боби VII ва моддаи 21 дар таҳрири нав ифода гардида, ба оиннома моддаи нав – 211 ворид карда шуд. Аз ҷумла, ба оиннома дар баробари мақоми нозирон, инчунин, шарикон низ ворид ва ба танзим дароварда шудааст.

Давлатҳое, ки аъзои созмон намебошанд,  инчунин, созмонҳои байналмилалие, ки ба омӯзиши заминаи қонунгузории кушода, таҷриба ва амалияи фаъолияти созмон бидуни уҳдадорӣ оид ба иштирок дар фаъолияти амалии созмон манфиатдоранд, метавонанд мақоми нозириро гиранд. Давлатҳое, ки аъзои созмон намебошанд, инчунин ташкилотҳои байналмилалие, ки ҳадаф ва принсипҳои созмонро мубодила мекунанд, мехоҳанд муносибат ва ҳамкориҳои мутақобилан муфидро ба созмон дар соҳаҳои манфиати мутақобила, бо дарназардошти уҳдадории иштирок дар фаъолияти амалии созмон, метавонанд мақоми шарикиро ба даст оранд.

Мақоми нозир ва шарики созмон, тартиби қабул ва қатъи он бо низомномаи дахлдори тасдиқнамудаи шӯро муайян карда мешавад.

Меъёрҳои воридгардида бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлатҳое, ки аъзои созмон намебошанд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардида, барои рушди ҳамкориҳо мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи протоколи зикргардида бо роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мувофиқа шудааст. Тасдиқи он вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, инчунин, бо мақсади барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эътибор пайдо намудани он сурат гирифта, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат наменамояд ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002»- ро мувофиқи мақсад мешуморем. Хоҳишмандам лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон  Ситамурод дода мешавад. Марҳамат.

АЗИМЗОДА Толибхон  Ситамурод: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протоколи сеюм оид ба  ворид намудани тағйирот  ба Оинномаи  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ  8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон  ба имзо расонида шудааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он тағйирдиҳандаи  баъзе аз меъёрҳои  Оинномаи  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри  соли 2002  ва тааллуқдор ба оиннома буда, дар баробари мақоми  нозирон,  ворид  намудани мақоми шарикон ва  батанзимдарории онҳо  мебошад.

Протоколи мазкурро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ  намуданд.

Он  ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 (қисми 3 банди «а»), моддаҳои  7, 8, 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи талаботи моддаҳои 7 ва 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», протокол  баъди тасдиқ дар Маҷлиси намояндагон  қувваи қонунӣ мегирад. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин Нуриддин дода мешавад. Марҳамат.

САИДЗОДА Шоҳин Нуриддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи сархати 2 банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 «Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурус­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба баррасии шумо пешниҳод менамояд.

Тағйиру илова ба кодекси мазкур ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро мушаххас намуда, такрорёбии ваколатҳо аз байн бурда мешавад.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба роҳ мондани фаъолияти ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, танзими фаъолияти муштараки агентӣ бо сохторҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, додани баҳои давлатӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз санадҳои болозикр мебошад.

Ҳамчунин, ворид намудани тағйиру иловаҳо назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, арзёбии шаффофу воқеъбинона ва одилонаи мақоми муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии давлатй дар самти аттестатсия, аккредитатсия, нострификатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалии таҳсилотро таъмин менамояд.

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Тибқи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қонуни мазкур аз экспертиза гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад. Марҳамат.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурус­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ дар самти назорати фаъолияти илмӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар қисми 1 моддаи 60 кодекси амалкунанда калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда, ҳамчунин, ба моддаи 64 кодекси мазкур қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад.».

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва шуъбаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон гузашт. Ҷиҳати такмили он ду пешниҳод манзур гардида, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин Нуриддин дода мешавад. Марҳамат.

САИДЗОДА Шоҳин Нуриддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи сархати 2 банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 «Дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ — техникӣ»-ро ба баррасии шумо пешниҳод менамояд.

Тағийрот ба қонуни мазкур ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро мушаххас карда, такрорёбии ваколатҳо аз байн бурда мешаванд.

Мақсад аз ворид намудани тағйироти мазкур ба қонуни зикршуда ба роҳ мондани фаъолияти ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, танзими фаъолияти муштараки агентӣ бо сохторҳое мебошанд, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимй доранд. Инчунин, додани баҳои давлатӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз санади болозикр мебошад.

Ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, арзёбии шаффофу воқеъбинона ва одилонаи мақоми муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар самти аттестатсия, аккредитатсия, нострификатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалии таҳсилотро таъмин менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Тибқи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қонуни мазкур аз экспертиза гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид. Аз шумо хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф,  фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб дода мешавад. Марҳамат.

НАҶМИДДИНИЁН Файзулло Раҷаб: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қабул гардидани он ба моддаҳои 2 ва 8 тағйирот ворид мегардад, ки аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни») хориҷ ва дар қисми 3 моддаи 8 калимаҳои «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гашта, такрорёбии ваколатҳо аз байн бардошта мешавад.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 таҳти №433 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, ҷонибдорӣ ёфт.

Кумитаи масъул 15 декабри соли 2020 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор намуда, лоиҳаро баррасӣ кард, ки он ба боби 2, моддаи 40 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ — техникӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» оғоз мебахшем. Сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин Нуриддин дода мешавад. Марҳамат.

Саидзода Шоҳин Нуриддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба роҳ мондани фаъолияти ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, танзими фаъолияти муштараки агентӣ бо сохторҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, додани баҳои давлатӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ, бо истифода аз санадҳои болозикр мебошад.

Ворид намудани тағйирот ба қонун назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, арзёбии шаффофу воқеъбинона ва одилонаи мақоми муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар самти аттестатсия, аккредитатсия, нострификатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалии таҳсилотро таъмин менамояд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Тибқи бандҳои 13, 14 ва 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қонуни мазкур аз экспертиза гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид. Бинобар ин, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб дода мешавад. Марҳамат.

ШАРИФЗОДА Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 таҳти №1430 бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонун» хориҷ карда шуда, дар қисми дуюми моддаи 25 калимаҳои «Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда мешавад, ки он ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро мушаххас карда, такрорёбии ваколатҳоро аз байн мебарад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардида баррасӣ ва лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ ёфт.

Он ба талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шоҳин Нуриддин дода мешавад. Марҳамат.

САИДЗОДА Шоҳин Нуриддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Тағйирот ба қонуни зикршуда ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро мушаххас карда, такрорёбии ваколатҳоро аз байн мебарад.

Тағйирот, ҳамчунин, баҳри таъмини назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, арзёбии шаффофу воқеъбинона ва одилонаи мақоми муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар самти аттестатсия, аккредитатсия, нострификатсия, баҳогузории маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои давлатӣ ва байналмилалии таҳсилот нигаронида шудааст.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб дода мешавад.

НАҶМИДДИНИЁН Файзулло Раҷаб: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бо қабул гардидани қонун, ки ба моддаҳои 2, 4, 13 ва 17 тағйирот ворид мегардад, ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас гашта, такрорёбии ваколатҳо аз байн мераванд.

Дар асоси тағйирот, аз моддаҳои 2, 4, 17 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар қисмҳои 2 ва 5 моддаи 13 калимаҳои «мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф» ба «Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2020 таҳти №439 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд. Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15 декабри соли 2020 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ кард. Лоиҳаи қонун ба боби 2, моддаи 41 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Дар поёни ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир мукофотҳои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба қисме аз вакилони Маҷлиси намояндагон тақдим намуд. Аз ҷумла, вакилони зерин сарфароз гардонида шуданд:

Бо ордени «Иттиҳод»:

муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар

Бо медали «Барои таҳкими ҳамкории парламентӣ»:

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ

Бо нишони фахрӣ «Барои хизматҳо дар рушди фарҳангу ҳунар»:

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир

Бо нишони фахрӣ «Барои хизматҳо дар рушди матбуот ва иттилоот»:

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

Бо нишони фахрӣ «Барои хизматҳо дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ»:

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Сафаров Зайнудин

Бо Ифтихорномаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил:

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нас­риддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Усмонзода ­Саидҷаъфар Усмон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Раҳматзода Рустам.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир  Неъматулло АЛИЕВ