Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тағйиру иловаҳо ба хотири пойдорӣ ва солимии оила

№7 (3487) 16.01.2016

1 (1)13 январи соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рўзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рўзнома шурўъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло дода мешавад.

Салимзода Нусратулло Файзулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Сатҳи солимии аҳолӣ, аз ҷумла солимии модару кўдак, яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин хотир, ҷиҳати коҳиши беморӣ, маъюбшавӣ ва фавти модарону кўдакон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро анҷом дода истодааст.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аҳамияти хоса дода, пешниҳод намуданд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад.

Дар робита ба ин, сохторҳои марбутаи кишвар ва дар маҷмўъ тамоми қишрҳои ҷомеа барои рафъи омилҳое, ки ба пойдории оила таъсири манфӣ мерасонанд, чораҷўйиҳо карданд. Тибқи маълумоти охирин аҳолии кишварамон зиёда аз 8 миллиону 256 ҳазор нафар мебошад, ки 42 фоизи онро кўдакони синни то 18 — сола ташкил медиҳад. Шумораи кўдакони маъюб то оғози соли 2012-ум 30 ҳазору 460 нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ зиёда аз 7 ҳазору 300 нафар кўдакон солим гардонида шуда, категорияи маъюбии онҳо қатъ гардид. Танҳо дар соли 2015-ум 1383 нафар кўдакони маъюб солим гардонида шуданд.

Сарфи назар аз ин, тибқи омори расмӣ, ҳамасола дар кишварамон 2,5 – 3 ҳазор кўдакони маъюб ба қайд гирифта мешаванд. Ба ҳолати 1 январи соли 2016 шумораи кўдакони маъюб 25 328 нафар ё 0,8 фоизи шумораи умумии кўдакони синни то 18 — соларо ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлилҳои мута­хас­с­­исони соҳа маълум гашт, ки дар 30 — 35 фоизи ҳолатҳо сабаби тавлиди кўдакони маъюб никоҳи хешутабории наздик аст. Шумораи кўдакони гирифтори бемориҳои чашм, гўшу бинӣ ва нутқ, ки аз никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд, ба теъдоди умумии кўдакони маъюб шомил нагардидаанд.

Бо дарназардошти он ки масъалаи мазкур омўзиши аниқ ва таҳлили мушаххасро талаб менамуд, вазорат омўзишро оид ба муайян намудани сабабҳои маъюбшавӣ дар байни кўдакон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд анҷом дод. Натиҷаи санҷишҳо нишон доданд, ки дар вилояти Суғд соли 2014-ум 440 нафар бемори нуқсони модарзодидошта таваллуд шудааст. Аз ин миқдор 152 нафарашон аз никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд, ки 34,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд никоҳи хешутаборӣ қариб 60 фоиз ва шумораи кўдакони маъюбе, ки дар натиҷаи никоҳи хешутабории наздик ба дунё омадаанд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Зафаробод – 54 фоиз, Айнӣ – 40 фоиз ва Шаҳристон – 35 фоизро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, ҳолатҳои никоҳи хешутаборӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон низ тайи солҳои охир тамоюли зиёдшавӣ дорад. Барои мисол, дар шаҳру ноҳияҳои Роғун — 24 фоиз, Рўдакӣ — 24 фоиз, Турсунзода — 23 фоиз, Файзобод -17 фоиз, Восеъ -28,6 фоиз, Шаҳритус — 24,3 фоиз, Қубодиён — 19,0 фоиз, Ҷалолиддини Румӣ -18,8 фоиз, Сарбанд -16,7 фоиз, Бохтар — 15,6 фоиз, Фархор — 15,0 фоиз кўдакони маъюб аз никоҳи хешутабории наздик мебошанд.

Падидаи ташвишовар он аст, ки 40-50 фоизи оилаҳо аз никоҳи хешутабории наздик аз ду то чор нафар кўдакони маъюб доранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки дар қаламрави кишвар қариб 13 000 нафар кўдакону наврасони маъюби синни то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд, ки теъдоди зиёди онҳо аз никоҳи хешутабории наздик мебошад.

Сабаби дигаре, ки боиси таваллуди кўдакони маъюб мегардад, бемориҳои сироятии вирусӣ (ситомегаловирус, хламидиоз, токсоплазмоз, вируси герпеси одӣ ва ғайра) буда (дар 15-20 фоиз ҳолатҳо), чунин бемориҳо дар байни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба назар мерасанд.

Бо мақсади сари вақт ошкор намудани ин гуна бемориҳо, ҳамзамон дигар бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, сил, гузаронидани муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ низ чорабинии муҳим мебошад.

Омили дигари ташвишовар, ки дар ҳолатҳои алоҳида сабаби тавлиди кўдакони маъюб мегардад, ин бемориҳои ирсӣ — авлодӣ мебошанд (10-15 фоиз).

Айни ҳол дар дунё зиёда аз шаш ҳазор намудани бемориҳои ирсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки омили асосии гирифторшавӣ ба онҳо никоҳи хешутабории наздик мебошад.

Бо мақсади коҳиши минбаъдаи таваллуди кўдакони маъюб ва дар давраи барвақти ҳомиладорӣ муайян намудани нуқсонҳои модарзодӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ»-ро ташкил намояд. Айни ҳол марказ дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад. Таъсиси ин марказ имконият медиҳад, ки дар давраи бармаҳали ҳомиладорӣ бемориҳои хромосомӣ ва нуқсони найи асаби ҷанин сари вақт дарёфт гардида, эҳтимолияти таваллуди навзодон бо нуқсонҳо пешгирӣ карда шавад.

Мақсади гузаронидани муоинаи тиббии пешакии шахсоне, ки ақди никоҳ мебанданд, ин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оил­аи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кўдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои бо ирсият асоснокшуда мебошанд.

Пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи тиббии пеш аз никоҳ барои барқарории оилаи солим ва хушбахт арзиши бузург дорад.

Тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии тағйиру иловаҳо дар моддаи 15 — уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ва онҳоро бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос кардан  мебошад.

Дар моддаи 14 — уми Кодекси мазкур бастани никоҳ байни хешовандони наздик: байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шудааст. Инчунин нагузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ низ монеа барои бастани ақди никоҳ мегардад.

Дар моддаи 14 — уми Кодекси мазкур омадааст, ки шахсони аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузашта ҳуқуқ ба бастани никоҳро надоранд.

Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рўи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашўрова Гулбаҳор дода мешавад.

Гулбаҳор АШЎРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагон пеш аз бастани ақди никоҳ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бармеоянд, пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйироти мазкур, пеш аз ҳама, ташкил намудани оилаи солим ва ба дунё овардани насли солим аст. Ин мақсад вақте амалӣ мегардад, ки агар никоҳшавандагон аз вазъи саломатии ҳамдигар, аз натиҷаи муоинаи дақиқи тиббӣ огоҳ шуда, аз бунёди оилае, ки боиси бадбахтиҳои минбаъда хоҳад гашт, худдорӣ кунанд.

Муқаррароти пешниҳод­шаванда характери пешгирикунанда дорад, зеро мавҷудияти беморие, ки саломатии никоҳшавандаи дигарро зери хавф мегузорад, боиси дер ё зуд вайрон шудани оила гашта, рушди ҷомеаро халалдор месозад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №424 аз 14 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омўзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он дар маҷмўъ 39 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 17 таклиф қабул, се таклиф қисман қабул ва 19 таклифи дигар қабул нашуд.

Кумитаи масъул рўзи 23 декабри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуд.

Ҳамзамон вобаста ба эродҳои дар Шўро гирифтаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров санаи 7 январи соли ҷорӣ лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки масъулин аз вазоратҳои адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута мавриди баррасии ниҳоӣ қарор ва такмил дода шуд.

Инчунин зикр бояд кард, ки бо ташаббуси Кумита ҷиҳати бартараф намудани мухолифат ва мутобиқкунонии лоиҳаи қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба он ду қисм илова карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ: — Доир ба татбиқи қонуни мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад? Саволи дуюм ин аст, ки ҳангоми гузаронидани ташхис аз ҷониби кормандони тиб рўй додани иштибоҳ аз эҳтимол дур нест. Чӣ чораҳо меандешед, то ки чунин ҳолатҳои ногувор пешгирӣ шаванд?

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло: — Муҳлати мавриди амал қарор додани ин қонун якуми июли соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст. Муайян шудани ин муддат ба он хотир аст, ки корҳои омодагӣ барои оғоз намудани ташхиси тиббӣ ба анҷом расонда шаванд.

Барои пешгирӣ намудани саҳлангорӣ ва иштибоҳи кормандони муассисаҳои тиббӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Мутахассисони тиббӣ барои гузаронидани ташхис дар курсҳои махсус омўзонда мешаванд ва марказҳои тиббӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло дода мешавад.

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур талаботи нав нисбати шахсоне, ки ақди никоҳ мебанданд,  пешбинӣ шудааст, яъне бас­тани ақди никоҳ бе гузаштан аз муоинаи тиббии ҳатмӣ комилан ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рўи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 баён гардидаанд, пешниҳод шудааст.

Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани талабот нисбати шахсони никоҳшаванда, яъне пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмиро тасдиқ менамояд, мебошад.

Иловаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ғайриимкон будани бастани ақди никоҳ бе гузаштан аз муоинаи тиббии ҳатмиро пешбинӣ менамояд.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба банди сеюми қисми 1 моддаи 35 — уми қонуни амалкунанда ворид намудани илова пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, моддаи 35 — уми қонуни амалкунанда «Ариза дар бораи никоҳ» ном дошта, дар қисми 1 -уми он дар вақти бастани ақди никоҳ дар баробари аризаи муштарак дар бораи бастани ақди никоҳ пешниҳоди якчанд ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад.

Тибқи иловаи пешниҳодшуда ба банди сеюми қисми 1 -уми моддаи 35 сархати сеюм бо мазмуни зерин — «ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №423 аз 14 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро мавриди омўзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмўъ ҳафт таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо чор таклиф қабул ва се таклифи дигар қабул нашуд.

Кумитаи масъул рўзи 23 декабри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, лоиҳаи қонуни мазкурро такмил дод.

Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикиаш мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло дода мешавад.

САЛИМЗОДА Нусратулло Файзулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» моддаи 25 хориҷ карда шуда, моддаи 391 — гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ бо тартибе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ҳамчун удадории шахсони никоҳшаванда, ворид карда шудааст. Дар қонуни амалкунанда гузаштани муоинаи тиббӣ ҳуқуқи шаҳрванд аст ва танҳо бо ризоияти он гузаронида мешавад. Пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур гузаштани муоинаи тиббӣ ба уҳдадории шаҳрвандон иваз шуда, ҳатмӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, агар шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро истифода набаранд, он гоҳ Ҳукумат салоҳиятҳои омиронаи худро истифода бурда, онҳоро уҳдадор менамояд, ки пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаранд.

Дар мавриди қабул шудани қонуни мазкур, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва ҳамаи масъалаҳои вобаста ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмиро дар муҳлатҳои кўтоҳтарин таҳия ва пешниҳод менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рўи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 баён гардидаанд, пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ин муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда мебошад.

Илова бар ин, тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» уҳдадориҳои шахсони никоҳшавандаро оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ пешбинӣ менамояд.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 4 ва 39-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, ба қисми 2 моддаи 4-уми қонуни амалкунанда, ки «Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ» пешбинӣ менамояд, сархати нав (ба салоҳияти Ҳукумат) доир ба «муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» ҳамроҳ карда шудааст.

Мутобиқи қисми 4 -уми лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда ба қонуни амалкунанда «Моддаи 391. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ» илова шудааст, ки тибқи он «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳали зист ё истиқомати доимӣ мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд».

Мувофиқи қисми 2 -юми лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда дар сархат ва қисмҳои моддаҳои 11- 13, 19, 22, 26, 30, 33, 34, 36, 38, 50, 53 — 58, 60 — 62, 64, 66, 70, 74, 76 ва 77 — уми қонуни амалкунанда калимаҳои «Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мувофиқкунонии номҳои вазоратҳои номбурда иваз карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №421 аз 14 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро мавриди омўзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмил 21 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 15 таклиф қабул, як таклиф қисман қабул ва панҷ таклифи дигар қабул нашуд.

Кумитаи масъул рўзи 23 декабри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкурро такмил дод.

Аз ҷумла, лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои мушаххаси иҷораи молиявӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.

Иҷораи молиявӣ (лизинг) маҷмўи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки вобаста ба иҷрои шартномаи иҷораи молиявӣ, аз ҷумла, хариди предмети иҷораи молиявӣ, ба вуҷуд меояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» намудҳои алоҳидаи иҷораи молиявӣ, ки дар давлатҳои мутараққӣ амал мекунанд, пешбинӣ нашудаанд.

Инчунин бо сабаби дар қонуни зикргардида пешбинӣ нашудани иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ ва иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда, ба иҷорагир имтиёзҳои тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида татбиқ карда намешавад.

Аз ин сабаб, тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, намудҳои зерини иҷораи молиявӣ (лизинг) муқаррар карда мешаванд:

1. Иҷораи молиявӣ бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ (лизинг);

2.Иҷораи молиявии амалиётӣ;

3. Иҷораи молиявии баргардонидашаванда.

Қабули қонуни мазкур ба рушди муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоянд.

РАИС: — Сухан аз рўи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин пешниҳод намудани намудҳои муосири иҷораи молиявӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳод­гардида, бо дарназардошти таҷрибаи дигар давлатҳо дар ин самт, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, намудҳои зерини иҷораи молиявӣ (лизинг) муқаррар карда мешаванд: иҷораи молиявӣ (лизинг) бо минбаъд ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба предмети иҷораи молиявӣ, иҷораи молиявии (лизинги) амалиётӣ ва иҷораи молиявии (лизинги) баргардонидашаванда.

Муайян намудани намудҳои зикршудаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбӣ расонида, доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»-ро васеъ мегардонад.

Бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2015 таҳти № 420 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки аз ҳашт таклифи пешниҳоднамудаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 5-тоаш қабул ва 3-тоаш қабул нагардид.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович пешниҳод карда шуд, ки калимаҳои «предмети лизинг» ба калимаҳои «предмети иҷораи молиявӣ (лизинг)» иваз карда шаванд. Таклифи пешниҳодгардида бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа ва қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои писандидаи фарҳанги миллӣ ва ниёгон, ҳамчунин пешгирии тамоюли номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегонаю  душворфаҳм таҳия  гардидааст.

Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз он бармеояд, ки дар номгузорӣ ва тартиби иваз намудани насаб, ном ва номи падарии шаҳрвандон, тартиби барқароркунии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар амалия муаммоҳои ҷиддие ба вуқўъ пайвастаанд.

Бо қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 ва фароҳам овардани имконияти номгузорӣ бо анъанаҳои миллӣ дар бисёр ҳолатҳо дар сабт ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳуҷҷатгузорӣ ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ дода шудааст, ки боиси ворид намудани тағйирот ба чунин ҳуҷҷатҳо ва хароҷоти зиёд мегардад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳод­гардида номувофиқатии дохилии моддаҳои қонунро оид ба тартиби сабти насаб, ном ва номи падарӣ бартараф менамояд.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд бояд насаб ва ном, инчунин метавонад номи падарии ба асосҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок дошта бошад. Ҳамзамон мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба номи шахс ҳамроҳ кардани тахаллусҳо, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд, манъ карда мешавад.

Инчунин мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба кўдакон гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд, манъ аст.

Масъалаи дигаре, ки танзими қонунии худро дар лоиҳаи қонуни мазкур меёбад, ин гурўҳбандии пасвандҳои насабсоз барои ташаккули насаби  шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ, инчунин пасвандҳои ташаккулдиҳандаи номи падар (агар дошта бошад), тартиби ташаккули насаб (агар дошта бошад), номи падарӣ ва маҳдудиятҳо дар ин ҷода мебошад.

Бо мақсади пешгирии номгузории ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона ва таъсири тамоюлҳои дигар ба ин раванд, пешниҳод мегардад, ки номгузорӣ ва шакли дурусти  навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ гардад. Амалияи мазкур маъмул буда, дар низоми баъзе давлатҳо мавриди истифода қарор дорад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур инчунин тартиби ивази насаб, номи шахс ва номи падарӣ танзим карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ низ танзим гардида, ҳуқуқи онҳо ба ном тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рўи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ Ҷумъахон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани номгузории ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта ва худдорӣ намудан аз номгузории бегона ба шумор меравад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 20 ва 67- уми қонуни амалкунанда  тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, моддаи 20 дар таҳрири нав — «Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар» номгузорӣ шуда, ба моддаи мазкур шаш қисми мустақил ҳамроҳ карда шудааст, ки он масъалаҳои номгузорӣ ва тартиби иваз намудани насаб, ном ва номи падари шаҳрванд, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон ва фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми номгузории шаҳрвандон — намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз рўи хоҳиши онҳо ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади такмил ёфтани меъёрҳои моддаи 20 ба моддаи 67- уми қонуни амалкунанда, ки танзимкунандаи иваз намудани ном, номи падар ва насаб мебошад, ду қисм  (қисмҳои 2 ва 3) илова карда шуда, қисмҳои боқимондаи он ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №335 аз 16 ноябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»- ро мавриди омўзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмўъ 59 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 34 таклиф қабул, ҳафт таклиф қисман қабул ва 18 таклифи дигар қабул нашуд.

Кумитаи масъул рўзи 26 ноябри соли 2015 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкурро такмил дод.

Ҳамзамон вобаста ба эродҳои дар Шўрои Маҷлиси намояндагон зикрнамудаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­­рам Шукурҷон Зуҳуров санаи 7 январи соли ҷорӣ лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, роҳбарони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ниҳоӣ қарор ва такмил дода шуд. Аз ҷумла, лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи  техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ ва матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, амалӣ намудани он маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Доир ба ин масъала савол доред? Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗО­ҚУЛОВ: — Дар қисми 2 моддаи 20-уми лоиҳаи қонуни мазкур насаб, ном, номи падари шахс (агар дошта бошад) омадааст. Дар кишварҳои хориҷӣ аксаран шахс сенома сабт мегардад. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур бо сабти насаб ва ном мушкилот пеш намеорад?

Рустам ШОҲМУРОД: — Тартиби номгузорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Мувофиқи ин талабот дар ҳуҷҷатгузорӣ ҳатмӣ будани ду унсур- насаб ва ном пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон мумкин аст унсури сеюм, яъне номи  падарӣ низ истифода шавад. Ин тарзи номгузорӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» низ зикр гардидааст.

Муродулло ДАВЛАТОВ: — Савол вобаста аст ба қисми 5 моддаи 20-уми лоиҳаи қонуни мазкур, ки чунин омадааст: «Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «хоҷа», «шайх» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст». Ин ҷо истифодаи калимаи «тахаллус» мафҳуман бемаврид аст, зеро калимаи «тахаллус» ҳам дар луғат ва ҳам дар мафҳум маънои ивазкунандаи номи ҳақиқиро дорад.

Пешниҳод ин аст, ки ин калима иваз карда шавад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Дар амал ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки баъзе шахсон ҳангоми номи худро иваз кардан, пеш аз ном ҳамин тахаллусҳоро мемонанд. Бо ин худро шайх, мулло, суфию амир эълон мекунанд. Манъи илова кардани тахаллус аз ин  нуқтаи назар аст.

Дар қонунгузорӣ мафҳуми тахаллус маъмул буда, истифодаи он манъ нашудааст.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Неъматулло СОЛЕҲОВ,  Аъзам МЎСОЕВ,  «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ