Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиру иловаҳо тақозои замон аст

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

DSC_1381Сеюми ноябри соли 2015 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа доир гардид.

Ҷаласаро раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ оғоз ва  масъалаҳои зеринро ба баррасӣ пешниҳод намуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» .

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа фикру андешаҳояшро баён намуд ва тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои ҷорӣ  талаботи замон арзёбӣ кард.

Аъзои кумита Меҳринисо Бобобекова ва Ислом Шафиев нисбат ба қонунҳои баррасишуда изҳори андеша намуданд.

Дар фарҷом хулосаҳои кумита барои баррасӣ ба  Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ