Дар арзҳои дӯстӣ

Таҳкими дӯстии халқҳо омили пешрафт аст

№108 (4528) 31.08.2022

DSC_5182Вақте ки дар бораи дӯс­тии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳарф мезанем, дил аз фараҳ лабрез мегардад. Зеро халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ба қадри дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта мерасанд ва таҳти роҳбарии сарварони оқилу дурандеш қуллаҳои баланди комёбиҳоро фатҳ хоҳанд кард.

Дӯстии халқҳо неруи бузурги созанда ва таҳкимбахшандаи дунёст. Мегӯянд «ҷое сулҳ ҳаст, чӣ ҳоҷат ба ҷанг!». Дӯстӣ пешрафти сиёсат, иқтисод ва маънавиётро таъмин мекунад. Дӯстӣ, худ сулҳи кулли дунё ва гузашта аз ин амнияту осоиши мардум аст. Фирдавсии бузург ҳазор сол пеш дар «Шоҳнома» фармуда буд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 Бояд гуфт, ки расму оин, таърихи амиқ, анъаноти миллӣ ва ҳатто орзуҳои ояндаи ҳар ду халқ дар ҳам печида, омезиш ёфтааст. Гузашта аз ин ­оилаҳои омехта бисёранд. Ҳамин неру аст, ки тири моҷароҷӯён ҳама вақт хок мехӯрад ва минбаъд ба ҳадаф нахоҳад расид. Дӯстии мо азалист, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳаёту фаъолияти ду бузургмард — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ собит месозанд, ки нақши дӯстӣ дар рӯҳонияти халқи тоҷику ӯзбек садсолаҳо инҷониб боқӣ мондааст. Дӯстии ин мутафаккирон аз доираи муносибати софи ду шахсияти ҳамкору ҳамақида, шоистаи ибрати дигарон берун рафта, хусусияти умумиинсонӣ гирифтааст. Дӯстии ин ду абармард исботи гуфтаҳои шайх Саъдии Шерозӣ аст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Солҳои ҳафтодуми қарни гузашта аз дӯстии устод Мирзо Турсунзода, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Абдулло Орифов ва амсоли онҳо бисёр мегуфтанд.

Имрӯз анъанаи инсонҳои хирадманд ва мардумони ба ҳам дӯсти тоҷику ӯзбекро роҳбарони дурандеши Тоҷикистон ва Ӯзбекистон идома ва таҳким мебахшанд.

Сафарҳои кориву расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва сафарҳои кориву расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои миёни ҳар ду давлат давраи навинро ибтидо гузошт. Дар натиҷа, шароит муҳайё гардид, ки зинаҳои наву манфиатнок дар ҳамкорӣ ва муносибатҳои тарафайн дар оянда тай карда шавад. Табиист, ки ин амалҳо ба рушди иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёти ҳар ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.

Албатта, дар рушду равнақ ёфтани муносибатҳо саҳми роҳбарони ҳар ду кишвар назаррас аст. Хусусан, васфу ёдоварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии робитаҳо арзиши ҷилд-ҷилд китобро дорад. Дар ин ҷо танҳо аз саҳифаи аввали китоби даҳгонаи «Инсонҳои беназир» чанд сатрро пешкаши хонандагон мегардонем:

«Вақте ин китоб тарроҳӣ мешуд, пири нуроние вориди коргоҳ шуд. Ҳоҷаташро раво кардем. Пеш аз хайрухуш ба шаклдарорандагони китоб рӯ овард ва ба он ишора карда пурсид:

- Дар ин китоб аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд мешавад?

- Шукри Худо, — гуфт тарроҳ, — Ӯ ҳамеша, дар ҳама ҷо ва ҳама кор дар ёд ҳаст.

Чун пири нуронӣ ҷавоби дилписанд гирифт, мусаннифи китоб ба ӯ рӯ овард:

- Чаро инро пурсидед?

- Чунки — гуфт пири нуронӣ, — ба дасти Ҷаноби Олӣ ду асо ҳаст. Асои неъмат ва асои ваҳдат. Ва панҷаҳо қавианд». («Инсонҳои беназир», ҷилди 1, Душанбе, 2022, ҶДММ «ТоРус», саҳ.2).

Воқеан, маҳз ба шарофати чунин роҳбарони дурандешу хирадманд боғи дӯстии ҳар ду халқ пурфайзтар гаштаю самараҳои хуб ба бор меоранд. Имрӯз дар сарҳадҳои ҳар ду давлат рафтуомади одамон зиёд шудааст.

Инак, дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон (2-3 июни соли 2022) ва дидору мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев масоили гуногун, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Чанде пеш хатсайри роҳи оҳани Душанбе – Тошканд ва Тошканд – Душанбе аз нав эҳё гардида, он ҳафтае як маротиба мунтазам фаъолият мекунад, ки ин рӯйдод ба хушҳолии мардуми ҳар ду кишвар боис гардид.

Як нуктаи дигар боиси зикр аст, ки таи се соли охир дар бахшҳои гуногуни ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қариб 100 санади дуҷониба ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.

Ин далелҳо умеди халқҳои ба ҳам қарини тоҷику ӯзбекро ба ояндаи нек ва рушду нумӯи Тоҷикистону Ӯзбекистон, таҳкими дӯстию бародарӣ боз ҳам зиёд мегардонад.

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон