Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Фарҳод Раҳимӣ зимни вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ, ки 19 феврали соли равон бо аҳли ҷамоатчигиии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид, зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, минҷумла гуфт, ки айни замон давраи нави ислоҳоти конститутсионӣ фаро расидааст. Мувофиқи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қисми дувуми моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ муқаррар мешавад. Пешниҳоди зикргардида Конститутсияро мукаммал менамояд. Бино ба гуфти номбурда, маҳз институти президентӣ ҳамчун воситаи таъсиргузори низоми идора Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо кард.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Саидов зикр кард, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархосту хоҳиши интихобкунандагон таҳия шудааст ва тасдиқи онҳо имкон медиҳанд, сатҳу сифати зиндагии мо беҳтар шавад.
Ҷ. Саидов, инчунин изҳор дошт, ки тағйиру иловаҳои ба моддаи ҳаштуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшударо, ки таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидоштаро манъ мекунад, намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ, ки дар парлумон намоянда доранд, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммад Иброҳим низ ба ҳозирин тағйиру иловаҳои ба сохтори судӣ тааллуқдоштаро шарҳ дод.
Зимни суханрониҳои худ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова ҳам тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишварро ба таври муфассал тавзеҳ доданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев