Тақвияти мақоми занон шарти аввали рушди устувор аст

№127-128 (4389-4390) 12.10.2021

DSC_1224- Беҳтар кардани мақоми занон ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробар барои онҳо шарти аввали рушди иқтисодии кишварҳо, минтақаҳо ва гузариши минбаъда ба рушди устувор мебошад, — изҳор дошт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбати гирди миз, ки ҳафтуми октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси» таҳти унвони «Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: нақшаи амал ва баланд бардоштани иқтидор» баргузор гардид.

Вай афзуд, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ташаккули асосҳои институтсионалии баробарии гендерӣ шурӯъ кард. Аммо барои таъмини мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа, татбиқи сиёсати самараноки гендерӣ, ки ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар кишвар мусоидат кунад, иродаи қавии сиёсӣ лозим буд. Зеро арзишҳои анъанавӣ дар ҷомеа ҳанӯз ҳам пойбарҷо буданд. Ва он ирода аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардид.

- Соли 2014 Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарорҳои №1325 ва №2122 Шӯрои амнияти СММ, инчунин, Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани ҳама намуди табъиз нисбат ба занон таҳия ва қабул гардид, — ёдовар шуд Дилрабо Мансурӣ.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши занону духтарон дар ҷомеа ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, синни издивоҷ ба 18 расонида шуд, ки ба ин васила имконияти гирифтани таҳсил ва рушди духтарон афзоиш ёфт. Монеа барои издивоҷи бармаҳал, ҳомиладорӣ ва таваллуд бардошта шудааст.

DSC_1213Ҳамчунин, Дилрабо Мансурӣ қайд кард, ки вакилзанони парлумони кишвар ҷузъе аз ҷомеаи иҷтимоӣ буда, минбаъд дар самти табодули таҷриба, омӯзиш ва такмили ихтисос, гирифтани донишҳои арзишманд ва дастгирии ҳамфикрон, баромадан ба арсаи байналмилалӣ имкон фароҳам меоранд. Ҳадафи онҳо мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон, оила ва кӯдакон, таъмини мавқеи арзандаи бонувон дар ҷомеа, баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеаи сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании мамлакат мебошад.

Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, сафир Валериу Кивери изҳор дошт, ки дар доираи дастгирии демократикунонӣ, Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе тайи солҳои охир ба пешбурди иштироки сиёсии занон тамаркуз кардааст. Он бо вакилони даъватҳои гузаштаи парлумони Тоҷикистон ва бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкории зич дошта, таҳияи стратегияҳои гендериро барои ҳизбҳои сиёсӣ дастгирӣ намуда, вакилзанони парлумонро ба шабака ташвиқ карда, тақвияти тавонмандии онҳоро дар мақоми олии қонунгузорӣ тақвият мебахшад.

- Гурӯҳи занҳо, инчунин, барои муошират бо занони сиёсатмадор аз парлумонҳои минтақаи САҲА, ки дар он иттифоқҳо ва гурӯҳҳои шабеҳ мавҷуданд, имкон фароҳам меорад, — изҳор дошт Валериу Кивери.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ Саша Гаврик, раиси Клуби занони парлумони Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ Лолита Ристова ва аъзои Кумита оид ба рушди иҷтимоиёт ва фарҳанги Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Гулдара Нурумова аз тариқи фосилавӣ суханронӣ намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев