Муҳокимаи парламентӣ

Тақвияти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ

№164 (3465) 03.12.2015

DSC_138827 ноябри соли 2015 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор муҳокимаи парламентӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Доир ба масъалаи мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор гузориш дод. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки идоракунии маҳал дар низоми ҳуқуқии парламенти касбӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, ки аҳамият, эътибор, мақом ва танзими ҳуқуқии он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Дар боби 6 моддаҳои 76 — 80- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асосҳои умумии ташкил ва ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ — дар сатҳи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муайян шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ 73 фоизи аҳолии кишвар дар ҳудуди ҷамоатҳои 57 шаҳрак ва 370 деҳот зиндагӣ мекунанд.

Вазифаи парламенти касбӣ танҳо бо қабули қонунҳо хотима намеёбад.

Тавре Президенти мамлакат,  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (17 марти соли 2015) иброз доштанд: «Мақоми қонунгузор на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар таъмини иҷрои қонунҳо, роҳ надодан ба мухолифати онҳо, инчунин пуррагии низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ низ ҳавасманд бояд бошад». Маҳз ба хотири амалӣ намудани ин таъкиди Сарвари давлат Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ омӯзиши назариявӣ, ташхиси меъёрӣ ва таҳлили риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»- ро дар муҳокимаи парламентӣ ба нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамроҳ намуд.

Рафти таҳлили иҷрои қонун собит менамояд, ки мутаассифона, на ҳама масъулини вазорату идораҳо дар самти татбиқи меъёрҳои қонун фаъоланд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз пайи манфиатҳои идоравӣ ва соҳавӣ мегарданд. Дар натиҷа, на ҳамаи корҳои оғозгардида то нуқтаи ниҳоии худ расидаанд. Агар чунин нест, чаро талаботи моддаи 45 -уми қонун, яъне ташкили буҷети шаҳрак ва деҳот, ки аз соли 2011 пешбинӣ гардидааст, то ҳол иҷро нашудааст?

DSC_1436Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки бо мақсади муайян намудани монеаҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ дар риояи талаботи қонуни мазкур пурсишномае роҷеъ ба сатҳ ва сифати иҷрои он омода намуда, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешниҳод намоем. Пурсишномаи мазкур аз даҳ савол иборат буда, ба 213 раиси ҷамоати шаҳраку деҳот расонда шуд. Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки барои татбиқи қонун мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва парламенти кишвар  вазифа ва масъулиятҳои худро пурра иҷро намекунанд.

Мушкилиҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи низоми идораи маҳал ва ташкили мақомоти худидоракунии он ба назар мерасанд, мансуб ба як сохтор ва ё низом набуда, ҳамбастагӣ, ҳамкории мақомотро дар роҳҳои бартарафсозии онҳо тақозо менамоянд.

Кумитаи рушди  маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти он ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳои байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот маҳсуб меёбад, метавонад дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ  намояд.

Бо дарназардошти мавҷуд будани чунин мушкилот ва роҳҳои бартараф намудани он зарурат пеш омадааст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Зимни суханронии худ муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва  худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдуғаффор Азиз зикр намуд, ки дар  маҳалҳо мафҳумҳои ҳуқуқии қонуни мазкурро ба қадри кофӣ намедонанд. Аз ин сабаб таҳия ва мавриди истифода қарор додани тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мувофиқи мақсад мебошад.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ