Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кормандони рӯзномаи «Садои мардум»

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

rustam-jemomaliСолҳои охир матбуоти тоҷик ҳамчун инъи­косгари воқеии ҳаёт рушди тоза гирифта, мавқеи он дар ҷомеа мустаҳкамтар мегардад.

Аз нашри нахустин шумораи нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ­«Садои мардум», ки дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад, 30 сол пур шуд.

Он ҳамсолу ҳамқадами даврони соҳибис­тиқлолӣ ва инъикосгари фаъоли ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар давраҳои мураккабу пурифтихори таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Аҳли қалами рӯзнома барои ба мардум расондани рӯйдодҳои муҳими ҷомеа, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва баҳри таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, масъулияти бадӯшдоштаашонро сарбаландона иҷро мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мактаби эҷодии рӯзномаи «Садои мардум» дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ тавонист, қаламкашони зиёдро ба камол расонад. Ҳоло низ ин анъанаи нек идома дошта, ҷавонони соҳибзавқу боистеъдод дар нашрия малакаи касбиашонро сайқал медиҳанд.

Боварии комил дорам, ки аҳли эҷоди «Садои мардум» минбаъд низ бо дарки баланди рисолати касбӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ садоқатмандона бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи манфиату арзишҳои миллию давлатӣ фаъолият мекунанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони рӯзномаро бо ҷашни пурифтихорашон табрику таҳният гуфта, барояшон, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дароз ва дар кори пурзаҳмати онҳо муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.