Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили қонунҳо тақозои замон аст

№138 (3618) 08.11.2016

DSC_05054 ноябри соли 2016 таҳти раёсати  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ  ва экология баргузор гардид.

Дар ҷаласа ду масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва  «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ зарурати тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои зикргардида шарҳу тавзеҳ дод ва аъзои кумита низ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд.

Баъди андешарониҳо  оид ба масъалаҳои зикршуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ