(Идома аз шумораи гузашта)
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, тартиби таъин, талабот нисбат ба номзад, ба вазифа шурӯъ кардан, салоҳият, фаъолият ва кафолатҳои моддию иҷтимоии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Ҳамчунин қонуни мазкур ба талаботи Принсипҳои Париж мутобиқ гардонида шудааст, ки он аз иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи инсон бармеояд.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба қисми 3 моддаи 8, қисми 1 моддаи 11, қисми 1 моддаи 12, қисми 7 моддаи 33, моддаҳои 35 ва 36-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда мешаванд. Ҳамчунин як боби нав, яъне «Боби 51. Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо 18-то таклиф пешниҳод гардид, ки 14-тои он пурра ва қисман қобили қабул дониста шуда, 4-тои он қабул нагардид.
Кумитаи масъул рӯзи 11 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми мусбӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа буда, саривақтӣ ва зарурист, зеро он сабабҳои худро дорад. Якчанд далелҳо оид ба ин масъала: танҳо дар нимсолаи аввали соли 2015-ум 214 ноболиғ аз озодӣ маҳрум шуда, ҳодисаҳои худкушӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ҷумҳурӣ 46000 нафар ятимон ҳастанд, ки аз онҳо 12000 нафарашон дар интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд. Тӯли панҷ соли охир 3925 нафар ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, 2600 нафар кӯдакони синни мактабӣ давоми ду соли охир аз таҳсил берун мондаанд. Аз ин рӯ, мо бояд шахси ваколатдорро дар ин соҳа дошта бошем.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Амрихудои Дамдор дода мешавад.
Амрихудои ДАМДОР: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ кардани банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда буд.
Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул ҳафт таклифу эрод пешниҳод гардид, ки аз онҳо 4-тоаш қабул ва 3-тоаш қабул нашуд.
Рӯзи 11 декабр маҷлиси васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди онҳо лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал шуда, ҷонибдорӣ гардид.
Лоиҳаи қонуни номбурда ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2015 таҳти №397 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ шаш таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо панҷ таклиф қабул ва як таклиф қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 11 декабри соли ҷорӣ аз тарафи иштирокчиёни он баррасӣ ва такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур низ ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 2 моддаи 21- уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда мешавад, ки мутобиқи он таклиф ва арзу шикоятҳои гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сензура қарор дода намешаванд.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он панҷ таклифи хусусияти техникӣ ва тавсиявидошта пешниҳод карданд, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 11 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир намуда, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 7 декабри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ин қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил ёфтани он 12 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки ҳамаи онҳо пурра ё қисман қабул шуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 11 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шудани моддаи 5342 бо мазмуни монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Азбаски дар Кодекс моддаи 5341 бо мазмуни монеъ шудан ба фаъолияти қонунии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад ва мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонунгузорӣ таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини ӯ пешбинӣ шудааст, мазмуни лоиҳаи пешниҳодшуда ба моддаи 5341 илова ворид карда шуд;
- матни лоиҳаи қонун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини амнияти миллӣ бо далелҳои истифодаи симкортҳои инфиродии беном ва ба исми шахсони бегона номнависшуда аз ҷониби намояндагони созмони экстремистию террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ зимни содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин, баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ ва шахсони дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №340 аз 16 ноябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он 37 таклифу пешниҳод манзур карданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур рӯзи 3 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва аз 37 таклифу пешниҳодҳои манзургардида 31-то пурра ё қисман қабул шуд, 6-тои дигараш қабул нашуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Ҳамзамон бо дарназардошти пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, қисми 2 моддаи 119 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйир додани номи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ мутобиқ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №401 аз 7 декабри соли 2015 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмил ёфтани он 12 таклифу пешниҳод манзур карданд.
Кумитаи масъул рӯзи 11 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, онҳоро пурра ё қисман қабул намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- бо дарназардошти он ки қисми 1 моддаи 1 лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба ворид намудани иловаи моддаи 5342 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дошту мазмуни он ба моддаи мавҷудбудаи Кодекс ворид карда шуд, мувофиқан қисми 1 моддаи 1 аз лоиҳаи қонуни мазкур хориҷ карда шуда, қисми 2- юми модда қисми 1 ҳисобида шуд;
- матни лоиҳаи қонуни мазкур ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи ин қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром дода мешавад.
Икром УМАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки бо суиистифода аз эътиқоди динии ҷабрдида ё дар ҷараёни табобати ғайрианъанавӣ ё дар раванди таълимоти динӣ содир шудааст, ворид гардидааст.
Мақсад аз таҳия намудани лоиҳаи қонуни мазкур таҳти ҳимояи бештари ҳуқуқӣ қарор додани шаҳрвандон аз таҷовузҳои зидди озодии ҷинсӣ ва огоҳонидани чунин кирдорҳо мебошад.
Ҳолати воқеии имрӯза нишон медиҳад, ки бархе аз ходимони динӣ ва ё шахсоне, ки худро ҳамчун мулло, эшон, имом, сӯфӣ, халифа, фолбин ва монанди онҳо эълон медоранд, бо роҳи фиреб, бо табобати ғайрианъанавӣ, инчунин бо таълими динӣ ё бо сеҳркунӣ, ҷодукунӣ, тилисму тӯмордиҳӣ ва даму дуохонӣ машғул шуда, бо роҳи суиистифода аз нуфуз ва мавқеи худ, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонӣ амалҳои ношоиста содир намуда, дар баробари ин, аз ҷабрдидагон туҳфа ва маблағҳо гирифта, ба нафъи худ сарф мекунанд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо суиистифода аз эътиқоди динии ҷабрдида бояд минбаъд бо моддаи 1411 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шавад.
Аз вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш дорем, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур адади «1411» бо адади «1401» иваз карда шавад. Чунки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 141 ва 142 пай дар пай ба ҳифзи манфиатҳои шахсони ба синни 16-сола нарасида бахшида шудаанд.
Бинобар ин, ҷойгир намудани меъёри нав на дар байни ду моддаи ба як объект бахшидашуда, балки баъд аз моддаи 140 бештар ба техникаи қонунэҷодкунӣ ҷавобгӯй мебуд.
Қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур барои огоҳонидан ва пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлубе, ки ба арзишҳои баланди дини мубини ислом иснод меоварад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамояд, равона гардида, тозагии дини исломро дар ҷомеа нигоҳ медорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва амалӣ гаштани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир бархе шахсон ҳамчун мулло ва табиб байни мардум ном бароварда, бо роҳи фиреб аз эътиқоди динии муроҷиаткунандагонашон суиистифода намуда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ ҷиноятҳои хусусияти зиддиахлоқиро содир менамоянд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб, ки ба арзишҳои дини мубини ислом иснод оварда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол менамояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни номбурдаро таҳия намудааст, ки тибқи он, такмил додани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани моддаи 1411 — Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифодаи эътиқод дар назар дошта шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 16 таклиф манзур намуданд, ки даҳ таклиф қабул, се таклиф қисман қабул ва се адади онҳо дастгирӣ наёфтанд.
Бо мақсади мукаммалгардонии лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ бо иштироки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷ. Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ А. Холиқзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон М. Давлатов, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор А. Холмуҳаммадзода, мудири шуъба ва муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи дин, олимони соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар якчанд ҷаласаҳои корӣ машварат намуда, лоиҳаи қонуни баррасишаванда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳрири нав таҳия шуд.
Кумитаи масъул рӯзи 11 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем ба ҷонибдории қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров масъалаи мазкур барои такмил додан ба кумитаи масъул баргардонда шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дода мешавад.
МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015 таҳти № 171 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ба 7 қисми моддаи 1- уми лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани 8 тағйиру иловаҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷумла мушаххас гардонидани муқаддимаи қонуни амалкунанда. Тағйирот ба сархати сеюми моддаи 1- уми қонуни мазкур маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) бевосита ё бавосита, интиқол додан ё ҷамъ овардани пули миллӣ ё асъори хориҷӣ, ҳамчунин коғазҳои қиматнокро дар назар дорад. Тибқи қисми 2 моддаи 1- уми лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи моликият ба яке аз вазифаҳо ва бо дарназардошти Кодекси ҷиноятӣ ба яке аз самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мансуб дониста шуда, ҳамзамон бо илова дар сархати панҷум ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта пешбинӣ шудааст. Вобаста ба моддаи 6 -уми қонуни амалкунанда пешниҳод шудааст, ки муқовимат барои ташкил кардани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ яке аз чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ҳисобида шавад. Бо дарназардошти қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм, савдои одамон ва унсурҳое, ки дар моддаи 5 пешбинӣ шудаанд, моддаи 9-уми қонуни амалкунанда бо имконияти муроҷиат ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, иҷозатдиҳанда ё ба суд оид ба бекор кардани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба намудҳои дахлдори фаъолият, инчунин пешниҳоди даъво ба суд дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо ва барҳам додани ташкилотҳои террористӣ ва ғайра, инчунин ташкилотҳое, ки тавассути онҳо савдои одамон ба роҳ монда шудааст, такмил ёфтааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 таклиф пешниҳод гардид, ки 13 пешниҳод қабул, нуҳ таклиф қисман қабул ва нуҳ пешниҳоди дигар қабул нашуданд.
Кумита таклифу пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни номбурда манзур шуда буданд, якҷо бо субъекти қонунгузорӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, дар маҷмӯъ лоиҳаи қонуни мазкурро мукаммал намуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2015 таҳти №399 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади татбиқи банди 5- уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардиданд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйироти пешбинишуда, минбаъд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар қатори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бидуни иҷозати махсус ба муассисаҳои иҷрокунандаи ҷазо ташриф биёрад.
Илова бар ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҳуқуқу имкониятҳои муқаррарнамудаи моддаи 271 Кодекси мазкур, ки санҷиши фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ҳангоми баррасии шикоят ё бо ташаббуси худ муқаррар намудааст, истифода мебарад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 таклиф пешниҳод гардид, ки даҳ пешниҳод қабул, ду таклиф қисман қабул ва чор пешниҳоди дигар рад карда шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадсиқ гардид.
Доир ба масъалаи навбатии ҷаласа — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ҳамрохон Ҳасанович шунида шуд.
Аз рӯи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Масъалаи охирини рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи ин масъала раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад гузориш дод.
Дар хусуси тасдиқи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ