Даҳуми январи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, директори иҷроияи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто гурӯҳ» Зафар Бурҳонзода, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» Валӣ Самиев, директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» Эркин Камолов ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ
2. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак.
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Хуршед МИРЗО:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, таҳия гардид.
Созишномаи сармоягузории мазкур ба татбиқи лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим равона гардида, амалишавии он барои рушди соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5 500 тонна ришта (дар марҳилаи 2 — 10 800 тонна ришта), 3 600 тонна матои патдори рангуборшуда ва зиёда аз 1 000 000 дона маҳсулоти дӯзандагиро дар як сол ташкил медиҳад. Инчунин, ба кор даровардани корхонаҳои зикршуда барои таъсиси зиёда аз 2 000 ҷойи кори доимӣ ва то 1 500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад.
Бо назардошти ҷалби сармоя ба рушди соҳаи саноати сабук, муҳайё сохтани инфрасохтор ва шароити зарурӣ, аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам РАҲМАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ, 8-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Тибқи лоиҳаи созишномаи мазкур, бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, дар ҳудуди мамлакат таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ, аз қабили корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагии аз лиҳози экологӣ безарар, пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор дар ду марҳила амалӣ гардида, қабули он хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Марҳилаи якум 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории маҳилаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳилаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 миллион сомониро ташкил дода, муҳлати амалишавии он 12 сол муқаррар шудааст.
Тасдиқи созишномаи мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва таъсиси зиёда аз 2 500 ҷойҳои нави кории доимӣ мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи сармоягузории мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» оид ба таъсис додани корхонаҳо, сохтан ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак» оғоз мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дода мешавад. Марҳамат.
Хуршед МИРЗО:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Амалигардонии созишномаи сармоягузорӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи «Солҳои рушди саноат», инчунин, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Сохтмон ва бунёди корхона бо ҷалби сармояи мустақим роҳандозӣ шуда, дар он 3 млн. метри мураббаъ маснуоти гилин, 3,5 млн. метри мураббаъ маснуоти сафолин, 40 ҳазор тонна маснуоти бетонӣ, 200 ҳазор метри мукааб маснуоти семент ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мегардад.
Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, дар он зиёда аз 200 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти ин ва ҷалби сармоя ба рушди саноати сохтмон, аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.
Комрон ИСМОИЛИЁН:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак 8-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 2023 таҳти №1980 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.
Лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи якуми он аз санаи оғози корҳо, аз ҷумла интихоби майдони сохтмон, таҳияи асноди сохтмонӣ, сохтмон ва васлу насби маҷмааи иншооти техникӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маснуот ва марҳилаи дуюм аз рӯзи оғози истеҳсолот то рехтан ва бастабандии маҳсулот, фурӯш ва содироти онро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалишавии лоиҳа 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати амалишавиаш 10 сол муқаррар гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ