Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Тасдиқи созишномае, ки сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳоро амалӣ менамояд

№153 (4736) 22.12.2023

DSC_6121Бисту дуюми декабри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокир­зода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 52 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Меликзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳафт масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд

2. Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ

4. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»

6. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»

7. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024».

РАИС: — Ба баррасии масъала­ҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ ва эътибори расмӣ пайдо намудан ба баррасии шумо пешниҳод гардида, он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми октябри соли 2023 таҳти №637 маъқул дониста, 20 — уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи созишномаи мазкур 75 миллион риёли саудӣ (баробар ба 20 миллион доллари амрикоӣ) аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд, бо шартҳои имтиёзии баланд, яъне ба муддати 25 сол, 5 соли давраи имтиёзӣ ва бо меъёри 1,5 фоизи солонаи хизматрасонӣ, ҷалб карда мешавад. Шартҳои ҷалби маблағи мазкур ба талаботи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат менамояд.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактаб­ҳои миёна, марҳилаи 5» сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна, беҳтар намудани муҳити таълим, таҳкими низоми таҳсилоти фарогир мебошад. Лоиҳаи зикршуда аз 3 қисм иборат буда, дар қисми аввал сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии 19 мактаб, инчунин сохтмони 2 бинои маъмурии соҳаи маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад.

Дар қисматҳои боқимондаи лоиҳа маблағгузории хизматрасониҳои мушовирӣ вобаста ба назорати татбиқи лоиҳа, инчунин нигоҳдории Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохт­мон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд 20 — уми октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида,  мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумо пешниҳод гардида, он дар доираи сафари давлатии Амири Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-уми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Тибқи меъёрҳои созишнома, ҳамкориҳои ҳарбӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла сиёсати амният ва мудофиа, идоракунии ҳамарӯзаи қувваҳои мусаллаҳ, таълими ибтидоӣ ва омода кардани хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва таъмиру барқарорсозии таҷҳизот, назорати аслиҳа, маҳалнигории ҳарбӣ, ҷалби қувваҳои мусаллаҳ дар чорабиниҳо вобаста ба расонидани кумакҳои тиббӣ ва башардӯстона, инчунин дар дигар самтҳо бо мувофиқаи тарафҳо ба роҳ монда мешаванд.

Дар доираи татбиқи созишномаи мазкур тарафҳо сафарҳои расмӣ ва мулоқотҳои корӣ, чорабиниҳои омӯзишӣ ва илмӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷриба, дигар чорабиниҳои қобили таваҷҷуҳро баргузор менамоянд.

Ҳифзи иттилоот ва маълумоти дар доираи ҳамкориҳо бадастомада танзим шуда, тарафҳо аз ифшо кардани он ва истифода бар зидди манфиатҳои ҳамдигар худдорӣ менамоянд.

Ҳар як тараф хароҷотро вобаста ба амалигардонии созишнома мус­тақилона пардохт намуда, зимни расонидани хизматрасониҳои зарурӣ тибқи дархости тарафҳо, он аз ҳисоби тарафи таъминкунанда ҷуброн мешавад. Чунин меъёр имкон медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ тарафҳо дар шакли пешниҳоди кумакҳои ҳарбӣ-техникӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар шароити афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва шиддат гирифтани зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ тасдиқи созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ мегардад. Хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Фазлиддин Икромӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин ИКРОМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа 8 – уми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 8 модда иборат буда, бо назардошти муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ, таҳким ва беҳтар намудани муносибатҳои дуҷониба байни тарафҳо тавассути ҳамкориҳои ҳарбӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Меликзода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмад МЕЛИКЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни мақомоти салоҳиятдори тарафҳо барои пешгирии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои халалдор сохтани амният, тамомияти арзии давлатҳо, таъсири харобиовар  ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, таблиғи терроризму экстремизм, содир кардани ҷиноятҳо дар соҳаи иттилооти компютерӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок ба имзо расонида шуд. Санади мазкур ҳамкории мақомоти салоҳиятдори тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ,  пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ, мубодилаи маълумот оид ба қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии давлатҳои тарафҳо дар ҳамин соҳа, тайёр намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва кумак ба тарафҳо, ташкили вохӯриҳои корӣ, семинару конфронс ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ба танзим медарорад.

Пешрафти технологияҳои иттилоотии муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфиро дар самти халалдор сохтани амнияти иттилоотии давлатҳо ба миён овардааст. Тибқи таҳлил ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи Интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо назардошти афзоиш ёфтани ҷиноятҳо ва таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ дар шабакаи Интернет, тарғибу ташвиқи ғояҳои террористию ифротӣ, мағзшӯӣ ва ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористӣ, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, муомилоти маводи мухаддир ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, барои андешидани чораҳои муштарак тасдиқи созишномаи зикргардидаро мувофиқи мақсад меҳисобад. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳуснигул Одиназода дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ 19 -уми июни соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 10 модда иборат буда, бо мақсади ба вуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили ҳамкории тарафҳо дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ дар асоси эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ки ба расонидани зарар ба манфиати тарафи сеюм нигаронида нашудааст, дар доираи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №73/27 аз 5 – уми декабри соли 2018 ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 13-уми декабри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалиро тасдиқ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» оғоз менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор НАЗИРӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи Гурӯҳи Авру­Осиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» 16 — уми июни соли 2011 ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 – уми январи соли 2012 тасдиқ гардидааст ва он мақоми Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро ҳамчун ташкилоти байниҳукуматие, ки иштироки давлатҳои аъзо дар фаъолияти он ба принсипҳои баробарӣ асос ёфтааст, муқаррар менамояд.

АвруОсиё яке аз гурӯҳҳои минтақавӣ, ба монанди Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), буда, вазифаи асосии он таъмин намудани ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва расонидани ёрии техникӣ ба кишварҳои минтақа барои дар амал татбиқ намудани тавсияҳои  ФАТФ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисони ин гурӯҳ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии гурӯҳи мазкур дар фаъолияти он саҳми назаррас гузошта истодааст.

Мутобиқи моддаи 9 Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё қисми ҷудонашавандаи созишнома ба ҳисоб рафта, он масъалаҳои молиявии гурӯҳро, аз ҷумла тартиби ташаккул додани буҷети гурӯҳ, тартиби муайян кардани ҳаққи узвият дар гурӯҳ ва пардохти он, тартиби назорати амалишавии буҷет ва дигар масъалаҳои молиявиро танзим менамояд. Илова бар ин, мутобиқи моддаи 13 созишнома тағйироту иловаҳо ба созишномаи мазкур дар шакли протоколи алоҳида ба расмият дароварда шуда, тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 12-уми созишнома ба амал меда­рояд. Дар ин раванд, бо мақсади рушду тақвияти фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи АвруОсиё, инчунин васеъ намудани доираи имконоти он барои иҷрои мақсаду вазифаҳои дар созишнома зикршуда, лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё таҳия гардид, ки аз ҷониби кишварҳои аъзо якуми июни соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи 36-уми пленарии Гурӯҳи АвруОсиё ба имзо расид. Тағйироти асосиеро, ки дар протоколи мазкур пешбинӣ шудааст, ба таври мухтасар метавон чунин тавсиф намуд:

- мушаххас гардидани мақсаду вазифаҳои Гурӯҳи АвруОсиё барои васеъ кардани ваколати он доир ба масъалаҳои муқовимат ба паҳнкунии силоҳи қатли ом;

- бознигарии мафҳуму истилоҳоти дар созишнома истифодашаванда барои мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, хусусан тавсияҳои ФАТФ;

- ба танзим даровардани фаъолияти гурӯҳҳои кории иловагии таъсисшаванда.

Тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети он воридшаванда бо назардош­ти тавсияҳои ФАТФ ва дигар стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт, талаботи муосир ва воқеияти имрӯза таҳия гардида, қабули он барои тақвият бахшидани фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи АвруОсиё дар амалӣ кардани мақсаду вазифаҳояш ва бо ин васила, рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои он мусоидат хоҳад намуд.  Дар ин раванд, мутобиқи моддаи 12- уми созишнома барои эътибор пайдо кардани протоколи мазкур гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ пешбинӣ шудааст. Қабул ва татбиқи протоколи мазкур маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Аз шумо — вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи  АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ва маблағгузории терроризм  ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё, оид ба  қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм,  ки  якуми июни соли 2022   дар  шаҳри  Тошканд  ба  имзо расидааст,  аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ба мисли дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ мақсади асосии таҳия ва пешниҳоди он ин гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, яъне тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон мебошад. Мақсади дигар тақвияти фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи АвруОсиё, васеъ намудани доираи имкониятҳои гурӯҳ барои иҷрои мақсаду вазифаҳои дар созишнома зикргашта мебошад. Бо ин тағйирот барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои мутақобил дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бештар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Протоколи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 12 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи протоколи    мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи талаботи банди 120 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон соле як маротиба дар бораи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли гузариш дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳисобот медиҳад. Дар мувофиқа бо принсипи мазкур, шунидани ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон салоҳияти Маҷлиси намояндагон мебошад.

Устувории фаъолияти самараноки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақсимоти дуруст ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ вобаста буда, дар ин самт Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон корро босифат ва масъулияти баланд ба роҳ мондааст.

Ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2023 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия баррасӣ гардида, барои ба маълумот гирифтан ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон манзур мешавад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули қарори дахлдор дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва таъмини музди меҳнати арзанда ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар Маҷлиси намояндагон вобастагии калон дош­та, ҳалли масъалаи мазкур салоҳияти мақоми олӣ ё мақоми болоии воҳиди ҳуқуқӣ мебошад. Лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва  хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2024, ки аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бе ягон тағйирот дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 пешниҳод карда шуда, мутобиқи санадҳои мазкур мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ — 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ — 1 нафар ва мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ — 117 нафар ва мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) — 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро дар бар мегирад.

Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2024-ро дар ҷаласаи якҷоя баррасӣ намуда, лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2024-ро, ки дар замимаҳои алоҳида нишон дода шудаанд, маъқул шуморида, барои қабули қарори дахлдор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули қарор дар бораи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024» оғоз менамоем.

Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»-ро Конс­титутсияи Ҷумҳурии Точикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассиса ташкил медиҳад.

Мувофиқи талаботи банди 33 Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум», Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти редаксияи рӯзномаро барои соли навбатии молиявӣ, аз ҷумла соли 2024, бо қабули қарори дахлдор тасдиқ менамояд. Оинномаи мазкур вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолият ва муносибати рӯзномаро бо мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян кардааст.

Маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ манбаи маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»-ро ташкил дода, муносибатҳои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ба танзим дароварда шудаанд. Лоиҳаи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024 дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ таҳия гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули қарор «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024» овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ