Ташаббусҳое, ки мақоми кишварро ба маротиб боло бурд

№51 (4634) 10.04.2023

DSC_4211Ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсола барои мардуми Тоҷикис­тон ба маънои том фархундаву фаромӯшнопазир аст. Ин ҷанба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 рабт дорад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур давоми 46 соли охир дувумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар масоили вобаста ба об ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, қариб ним аср баъд, ба шарофати ташаббускории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти марбут ба об ҷалб карда шуд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин икдом дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ин аст, ки имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳ бо ҷалбу иштироки фаъоли ҷумҳурии мо сурат мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози асри XXI дар доираи ташаббусу иқдомҳои Сарвари давлат дар соҳаи дипломатияи об дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсусро соҳиб гардида, дар айни замон ҳамчун як мамлакати дорои захираҳои бойи обӣ-энергетикӣ дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шудааст.

Қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005 — 2015», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21-уми март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳоро дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳиманд.

Об яке аз омилҳои асосии мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи олам ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳое мебошад, ки аз ин неъмати илоҳӣ бархӯрдор аст. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он ба самараноку оқилона идора, истифода ва ҳифз намудани захираҳои обӣ — энергетикӣ вобаста аст. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист на танҳо ба ҳалли мушкилоти аҳолии ҷумҳурӣ, балки ба ҳалли ин масъалаи муҳим дар минтақа ва сайёра тавас­сути идоракунии босуботи захираҳои об эътибори хоса медиҳад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаб­бусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли башарро ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра зиёд намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки неруи барқе, ки дар мамлакати мо истеҳсол мегардад, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад. Ба истифода додани иншооти бузурги гидроэнергетикӣ аз тарафи дигар имконият медиҳад, ки сатҳи оби дарёҳои мамлакат дар ҳолати муътадил нигоҳ дошта шавад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш давлати пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мамлакати мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаро ба назар гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунад.

Бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат давоми мантиқии дипломатияи оби Пешвои миллат мебошад. Мо метавонем дар ин замина минбаъд аз захираҳои обии мамлакат бештару самаранок истифода намоем.

Ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон бори дигар ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки барои муҳофизат ва оқилона истифода бурдани захираҳои об бо дарки масъулиятшиносӣ ҷаҳду талош намоем.

Хулоса, мамлакати мо ба шарофати ташаббусҳои муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об мақому манзалати хосро дар арсаи байналмилалӣ соҳиб гаштааст. Барои минбаъд баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ моро зарур аст, ки аз тамоми захираҳои моддӣ ва маънавӣ ба таври васеъ истифода намоем.

Афзоиши аҳолӣ дар сайёра ва дар ин замина норасоии оби ошомиданӣ, биёбоншавӣ, халал ёфтани суботи экологӣ, ба миён омадани низоъҳои сиёсӣ вобаста ба истифодаи захираҳои обии фаромарзӣ ва даҳҳо мушкилоти рӯзмарраи дигаре ҳастанд, ки ҳалли онҳо фаъолияти дастҷамъонаи аҳли башарро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, омӯхтани масоили марбут ба об муҳиму муфид буда, барои боз ҳам дақиқ таҳқиқу таҳлил намудани ­масъалаи мазкур аз аҳамият холӣ нест.

Мояи ифтихори тамоми тоҷику тоҷикистониён аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони тавлиди иқдомҳои наҷибу созанда ва гаҳвораи камолоти сиёсати бунёд­коронаи дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Ҳамаи ин ба фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, ҳоло давлати мо ва Сарвари он мавриди эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Зайнуддин САФАРОВ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон