Муҳокимаи парламентӣ

Татбиқи барнома таваҷҷуҳи бештарро тақозо дорад

№164 (3465) 03.12.2015

DSC_1526Сиюми ноябри соли 2015 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар  сатҳи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2016», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012  таҳти №684 тасдиқ гардидааст, муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи он Хайринисо Юсуфӣ таъкид намуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани муҳокимаи парламентӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумита якҷо бо намояндагон аз вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 29  то 31- уми октябри соли равон ба сафари хизматӣ баромада, бо шароити корӣ дар ҶДММ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Чкалов ва ҶДММ «Суғд-Пак»-и шаҳри Хуҷанд, ҶСК «Ресанда», «Комбинати шир» ва ҶДММ «Собир Сам»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶСК «Сементи Тоҷик» ва ҶДММ «Макколӣ» дар шаҳри Душанбе шинос гардиданд.

Ба муҳокимаи парламентӣ роҳбарону масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Сарраёсати  хадамоти  давлатии  оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷиксуғурта», ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Сементи Тоҷик» ва  ҶДММ «Макколӣ» даъват шуда буданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа  сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабов дода шуд. Мавсуф роҷеъ ба натиҷаи санҷиши зикршудаи гурӯҳи корӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод карда, фаъолияти ин корхонаҳоро қаноатбахш арзёбӣ кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва бештар зоҳир гашта, барои ҳар як корманд шароит ва муҳити хуби меҳнатӣ муҳайё карда шавад.

Ин нукта дар гузоришҳои муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшоев ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина низ зикр гардид.

- Сатҳу сифати шароити меҳнат омили солимиву ҳаёти бехатари инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат  яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд ва бо мақсади таъмини ҳифзи саломатии кормандон ва бехатарии шароити меҳнат, ҷалб намудани диққати корфармоён ба ин масъала Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст,- иброз дошт муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода.

Баъд  аз шунидани маърӯзаҳои асосӣ роҷеъ ба масъалаи баррасишуда дигар роҳбарону масъулони вазорату идора ва корхонаҳои дар ҷаласа ҳузурдошта  низ изҳори андеша карда, ба саволҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқова, Гулнора Бобоева, Дилрабо Мансурова, Мусаллам Қодирова ва Рустам Қудратов ҷавоб доданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни ҷамъбасти муҳокимаи парламентӣ таъкид дошт, ки барои татбиқи Барномаи мавриди назар роҳбарону масъулони вазорату идора, ташкилоту муассиса ва ҳамаи корфармоёнро зарур аст ҷиддитар муносибат намоянд ва барои коргарон шароитҳои мувофиқи корро фароҳам оранд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёнгардида қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ