ТАВАҶҶУҲ, ОЗМУН!

№ 14.10.2022

Бо мақсади  мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин, барои ҷалби олимону  мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ,  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро  эълон менамояд.

 Онҳо аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва то 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда мешаванд.

Шартҳои баргузор намудан аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рӯзномаи «Садои мардум» (sadoimardum@yandex.ru), сомонаи www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма  интишор  карда мешаванд.

Матолиби пешниҳодшаванда бояд ҷараёни татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти мамлакат, ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 — соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» — ро фаро гиранд.

Довталабон мақола, гузориш, мусоҳиба ва дигар матолибро дар хусуси масоили обшавии пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера ва  манбаъҳои об, кам кардани газҳои гулхонаӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки  дар воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю  маҷаллаҳо, радио ва телевизион) интишор менамоянд, ба комиссия пешниҳод месозанд.

Дар озмунҳо шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон ва донишҷӯёну хонандагон ширкат варзида метавонанд. Шумораи матолиб маҳдуд нест ва метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шаванд.

 Иштироккунанда ба комиссия ариза, ки дар он ному насаб, суроға, ҷои кору таҳсил, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри мақолаву асарҳо, наворҳо, гузориш ва мусоҳибаҳо дар воситаҳои ахбори омма  нишон дода шудаанд, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақолаву мусоҳибаҳо дар варақи андозааш А4, бо шрифти Times New Roman Tj 14 замима мегардад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаҳои электронии  e.k.ekologi@yandex.com   ва sadoimardum@yandex.ru  ирсол карда мешавад.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Барои иштирокчиёни фаъол низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Масъулони баргузории озмунҳо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ­ — «Садои мардум» мебошанд.

Аз натиҷаи озмунҳо дар рӯзномаи «Садои мардум»,  сомонаи расмии  www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма  иттилоъ нашр карда мешавад.

Довталабон матолибашонро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ зери рубрикаи «Ба Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва ё «Ба Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» чоп намуда, сипас, ба суроғаи  электронии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  e.k.ekologi@yandex.com  ва нусхаи аслиро ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 42 бояд равон намоянд.

ҚАРОРИ

ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ»

 Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор мекунад:

 1. Бо мақсади  мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин барои ҷалби олимону  мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ,  татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ»  баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмун тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).

3. Озмун дар як давр аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор  ва то 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шавад.

4. Шартҳои баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рӯзномаи «Садои мардум», сомонаи www.parlament.tj, шабакаҳои  иҷтимоӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма  интишор  карда шаванд.

5. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун тадбирҳои зарурӣ андешад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи экологии Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

 Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурииТоҷикистон   М. ЗОКИРЗОДА

ш.Душанбе, 14 феврали соли 2022, №1054

 ЗАМИМАИ № 1

Ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 НИЗОМНОМАИ

Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи  «Маърифати экологӣ»

 БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи  «Маърифати экологӣ» барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 21 декабри соли 2021, бармеоянд, инчунин ҷиҳати татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти мамлакат ба монанди  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 — соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»   баргузор мегардад.

2. Озмун бо мақсади ҷалби олимону мутахассисон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, инчунин  хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии  глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об доир карда мешавад.

3. Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ­ — «Садои мардум» мебошанд.

БОБИ 2.

КОМИССИЯИ ОЗМУН

4. Ҳайати комиссияи Озмун (минбаъд Комиссия) бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 5. Салоҳияти Комиссия:

- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот ба озмун;

- омӯзиш ва таҳлили матолиби ба озмун пешниҳодшуда;

- тасдиқ ва пешниҳоди хулосаи Комиссия оид ба иштирочиёни фаъолу ғолибони озмун ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 3.

ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

6. Озмун дар як давр аз 1-уми март то 1-уми декабри  соли 2022 гузаронида мешавад.

7. Иштирокчиёни озмун мақола, гузориш ва асарҳои худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, махсусан маърифати экологии ҷомеа ва татбиқи сиёсати экологии давлат омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор менамоянд.

БОБИ 4.

ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

8. Дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда метавонанд.

9. Ба озмун асарҳо метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи мақолаҳои пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад.

10. Иштироккунанда ба Комиссияи озмун ариза, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри асару мақола, наворҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудаанд, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақола дар андозаи А4 ва ҳуруфи Times New Roman Tj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаҳои электронии e.k.ekologi@yandex.com ва sadoimardum@yandex.ru  ирсол карда мешавад.

11. Ҳаҷми мақолаю мусоҳиба ва гузоришҳо маҳдуд карда намешавад.

12. Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои намунавии зеринро инъикос намоянд:

-дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обии кишвар, ки дар Паёмҳои ҳарсола баён гардидаанд;

- самтҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии аҳли ҷомеа;

- тарбия ва таълими донишҳои экологии насли наврас;

- аҳамияти маърифати экологии ҷавонон;

- такмили ихтисос ва донишҳои экологии масъулон ва мутахассисон;

-таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва маърифати экологӣ;

-мусоидати маърифати экологӣ ба рушди устувор;

-тарғиби омӯзиш ва фаҳмонидани аҳамияти тозагии муҳити атроф, аз ҷумла об;

-такмили донишҳои экологӣ дар самти тағйирёбии иқлим.

БОБИ 5.

МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

13. Аъзои Комиссия ҳангоми баррасии асару мақолаҳо ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба меъёрҳои  ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ (шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ), соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, пахши навору гузоришҳо, инчунин вокуниши хонандагон ба матолиби дарҷшуда ба инобат гирифта мешавад.

14. Ғолибони Озмун баъд аз омӯзиши пурра бо овоздиҳии аз нисф зиёди аъзои Комиссия ба тарафдории номзадҳо муайян карда мешавад.

15. Комиссияи Озмун ҷаласаи ҷамъбастиро дар муҳлати 10 рӯзи корӣ баъд аз анҷоми Озмун доир намуда, натиҷаҳои он барои тасдиқ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУКОФОТОНИДАНИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

16. Ғолибони Озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

17. Барои иштирокчиёни фаъоли озмун, ки мақолаю асарҳои онҳо аз ҷониби Комиссия қайд мегарданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

18. Маросими қадрдонии ғолибон ва туҳфасупорӣ ба иштирокчиёни фаъол моҳи январи соли 2023  доир мегардад.

19. Аз нитаҷаи Озмун дар рӯзномаи «Садои мардум»,  сомонаи расмии  www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма  иттилоъ нашр карда мешавад.

Намуна ариза

Ба  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Комиссияи экологӣ

 АРИЗА

Барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии

«Матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ»

 Ному насаб (пурра)____________________________________________________

Ихтисос, унвон, вазифа ва ҷойи кор ________________________________________

_________________________________________________________________

Номи асару мақола, очерк, асари илмӣ, нигориш, филм, реклама дар мавзӯи экология, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр ва ё паҳн шудаанд

1._______________________________________________

2._______________________________________________

3._______________________________________________

4._______________________________________________

 ____________ дар  ________  саҳифа замима мегардад

Телефон барои тамос:  ____________________________

Суроға _______________________________________________________

Нусхаи шиноснома

Ному насаб        Имзо