Тавсияҳои

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016»

Замима ба Қарори Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 3 ноябри соли 2016, № 3

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон:

- иҷрои босифати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад;

- ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ ҳолати воқеии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, банақшагирии қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ба роҳ монда шаванд;

- камбудӣ ва қонунвайронкуниҳои молиявии дар рафти тафтиши раванди ташаккул ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2016 муайяншударо бартараф намуда, назорати пешакӣ ва дохилиидоравӣ оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ тақвият дода шавад;

- дар ҷараёни банақшагирии қисми даромади буҷет имкониятҳои афзоиши манбаи андозҳо ва сафарбарнамоии захираҳои молиявӣ ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад;

- банақшагирии маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар асоси дархостҳои асоснок мавриди омӯзиш қарор дода шуда, маблағгузории онҳо ба таври воқеӣ пешбинӣ карда шавад;

- нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки маблағ­ҳои нақдии буҷетӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя карда шавад;

- дар ҷараёни иҷроиши буҷет маблағгузории саривақтии соҳаи иҷтимоӣ, сараввал таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ва уҳдадориҳои дигари давлатӣ ба роҳ монда шуда, сифатнокии иҷрои он таъмин карда шавад;

- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағ­ҳои сармоягузорӣ ва қарзҳоро, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор оид ба беҳтар намудани фаъолияти марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, инчунин сари вакт ва пурра аз худ намудани  захираҳои молиявии пешбинишуда ва ҷалбгардида чораҳои зарурӣ андешида шавад;

- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва воқеӣ муайян намудани кумакҳои молиявӣ ба ноҳияҳои субвенсионӣ, имкониятҳои воқеии даромадҳои худии шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда, ба ин васила оид ба марҳила ба марҳила ба танзим даровардану кам кардани кумак чораҳои судманд андешида шаванд;

- низоми пардохти маблағҳои буҷетӣ ба Фонди стабилизиатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва пардохти маблағҳо ба суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ риоя карда шуда, оиди иҷрои он чораҳои муайян андешида шаванд.

2. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шаффофияти таҳияи буҷети соли молиявӣ нишондиҳандаҳои асоснок ва воқеии иқтисодӣ пешниҳод карда шаванд;

- бо мақсади дар сатҳи зарурӣ идома додани маблағгузории асосноки сохтмонҳои нотамом, кам кардани шумораи онҳо, хароҷоти барои сохтмони асосӣ дар нақша пешбинишуда чораҳои мушаххас андешида шаванд.

3. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷет, баҳисобгирии андозсупорандагон, объект ва манбаъҳои иловагии андозбандӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- бо мақсади кам кардани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии тамоюли афзоиши он дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори дигар корҳои назоратӣ, таҳлилӣ ва омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, барномаи моделӣ ва дастурамали зарурӣ оид ба масъалаи мазкур омода ва таҳия карда шавад;

- ҷиҳати пайдо намудани манбаъҳои нави андоз­бандӣ ва васеъ намудани манбаъҳои мавҷуда, ба насб ва истифодаи мошинҳои назорати хазинавӣ бо таҷҳизоти интиқолдиҳандаи электронӣ тақвият дода шавад;

- бо тартиби амалкунанда оид ба иҷроиши саривақтӣ ва босифати қисми даромади буҷет корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиро тақвият дода, ба пешпардохти бемавриди андозҳо роҳ дода нашавад;

- бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани хавфи қонунвайронкунии андоз, ноил шудан ба боварии андозсупорандагон, баланд бардоштани масъулият ва интизоми онҳо ба ҳама гуна чорабиниҳои ғайринақшавии беасос (махсусан санҷишҳои камералӣ) ва бемаврид дахолат намудан ба фаъолияти андозсупорандагон хотима бахшида шавад.

4. Ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мусоид ба молворидкунандагон, содагардонии расмиёти содиротӣ ва воридотӣ, таъмини шаффофияти амалиёти барасмиятдарории гумрукӣ ва маҳдуд намудани ҳар гуна монеаҳо ҳангоми воридоти мол, барасмиятдарории гумрукии молҳо тибқи тартиби амалкунанда ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои асосноки воридотӣ ба роҳ монда шавад;

- ҷиҳати бештар ворид намудани молҳо ба ҷумҳурӣ назорати аудити дохилӣ оид ба риояи қонунгузории гумрукӣ, пешгирии воридоти мол тариқи қочоқ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ тақвият дода шавад;

- бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани молворидкунандагон ва ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро тақвият дода, оиди пешгирии ҳама гуна санҷишҳои бемаврид чораҳои таъхирнопазир андешад.

5. Ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади пешгирӣ намудан ва коҳиш додани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ, ба таври воқеӣ ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои ҳақиқии даромад дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- чиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои ғайриқонунии хароҷоти маблағҳои нафақа, ташкили низоми дурусти назорати таъину пардохти нафақа ва уҳдадориҳои дигар, таъмини саривақтии нафақапулӣ, ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тақвият дода шавад;

- барои роҳ надодан ба хароҷоти бесамар ва ғайримақсаднок, пайдо намудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ, баҳисобгирии пурраи нафақагирон ва объектҳо бо тартиби амалкунанда гузаронда шаванд.

6. Ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати барқарор намудани зарари молиявии муайяншуда чораҳои зарурӣ андешида шавад;

- ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна қонунвайронкуниҳои молиявӣ, баррасӣ, натиҷагирӣ ва муҳокимаи натиҷаи санҷишҳо дар ҷойҳо тақвият дода шавад;

- ҳангоми санҷишҳои аудиторӣ оид ба иҷроиши Буҷети давлатӣ воқеияти қисми даромад ва хароҷоти буҷет мавриди арзёбӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуда, пешниҳоди тавсияҳои асоснок ва судманд оид ба ислоҳи камбудиҳои муайяншуда ба роҳ монда шаванд;

- дар раванди санҷишҳои аудиторӣ таҳлили фаъолияти марказҳои татбиқи барномаҳои давлатии қабулшуда ба роҳ монда шуда, истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

7. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2016» чораҳои зарурӣ андешида шаванд;

- ҷиҳати беҳтар намудани пешгӯйӣ ва ҷамъоварии андозҳо, инчунин чораҳо дар хусуси банақшагирии самаранок ва азнавтақсимкунии хароҷот чораҳои судманд андешида шаванд;

- фаъолияти аудити дохилӣ оид ба назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.