Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ

№150 (3787) 19.12.2017

Бо қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз 30 ноябри соли 2017, №8 тасдиқ шудааст

муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро қабул менамояд:

1. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар, ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд;

- иҷрои саривақтии шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкурро бо назардошти уҳдадориҳои байни тарафҳо пешбинигардида зери назорати доимӣ қарор диҳанд;

- бо назардошти ба истифода додани корхонаҳои нави сементбарорӣ дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ба танзим даровардани нархи фурӯши семент ба аҳолӣ, аз рӯи хароҷоти воқеӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

2. ҷДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент» ва ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал»:

- ҷиҳати иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти кафолату имтиёзҳо бобати баланд бардоштани саҳми истеҳсолоти ватанӣ дар иқтисодиёти кишвар оид ба маҳсулоти воридивазкунанда ва ба хориҷ содиротшаванда тавассути ҳамкорӣ бо ширкатҳои дохилию хориҷӣ корро дар ин самт тақвият бахшанд;

- ҷиҳати боз ҳам беҳбудӣ бахшидан ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тавассути воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим ва ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагузошташуда ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳо ва расонидани кумаки моддию техникӣ ба ин соҳаҳо чораҳои судманд андешанд;

- ҷиҳати пешгирии бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатӣ ва дигар омилҳои ба он вобаста чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.